Дар як сатр
» » Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)

Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)

20-01-2015, 15:07

Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)


Дар ноҳияи Қумсангир бо ширкати Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, семинар-машварати вилоятӣ оид ба истифодаи босамари замин баргузор шуд.

Дар чорабинии мазкур муовини якуми раиси вилоят, раисони ҳамаи шаҳру навоҳӣ, муовинони онҳо оид ба масоили кишоварзӣ, масъулони идораҳои кишоварзӣ, раисони кумитаҳои идораи замини ноҳияҳо, сардорони шуъба ва бахши ҳифзи муҳити зист, раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрӣ, роҳбарони хоҷагиҳои тухмипарварию ниҳолпарварӣ ва барзгарони собиқадори вилоят иштирок карданд.

Кори семинар-машварат аз шиносоӣ бо маҳсули меҳнати кишоварзони деҳаи «Маданият»-и ҷамоати деҳоти «Ваҳдати миллӣ»-и ноҳияи Қумсангир шурӯъ гардид. Баъдан иштирокдорон меҳмони кишоварзони деҳаи Лоҳутӣ 1, 2 шуданд. Бародарон Давлатхӯҷа ва Хизрхӯҷа Ҳусейновҳо аз ҷамоати деҳоти «Истиқлол» аз таҷрибаи ғании худ оид ба истифодаи пурсамар аз замини наздиҳавлигии худ ва гармхонаи лимӯпарварӣ, ки ҳамасола аз он ҳосили фаровон ба даст меояд, ба меҳмонон қисса карданд.

Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳамроҳи иштирокдорони семинар-машварат ҳамчунин бо рафти корҳои саҳроӣ ва истифодаи самараовари замин дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳаҳои «Ҳазорчашма», «Файзалиобод», «Ваҳдат», «Ҳилолӣ», «Тоҷикистон», «Телман», «Деҳқонобод»-и ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Қумсангир шинос шуданд.

Дар деҳаи «Деҳқонобод»-и ҷамоати деҳоти «Истиқлол» меҳмонон бо хати тайёрии техника, кишти картошка, пиёз, бунёди боғҳои нав нишон гардида, аз намоиши ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишӣ дидан карданд.

Дар ҷамоати шаҳраки «Дӯстӣ» бо иштироки раиси вилоят Д. Гулмаҳмадзода маросими ифтитоҳи мағозаи маркази агродилерӣ баргузор гардид.

Дар ҳақиқат, кори пурсамари кишоварзони собиқадореро аз қабили пиёзкор Маҳмадсаид Паҳлавонов (роҳбари хоҷагии «Аббосӣ»), картошкапарвар Маҳмадшариф Гулов (роҳбари хоҷагии деҳқонии «Абдулло»), лимӯпарвар Абдураҳим Тоиров (роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ансорӣ»), Аслам Шоев (раиси маҳаллаи «Деҳқонобод») ва даҳҳо нафари дигарро дида, кас ба чунин хулоса меояд, ки меҳнаткашони ноҳияи Қумсангир дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ бо як рӯҳбаландии тоза, софдилона заҳмат мекашанд.

Холмурод Раҳмон, раиси ноҳияи Қумсангир, зимни семинар-машварат оид ба омилҳои асосии ноил гардидан ба истифодабарии босамари замин иттилоъ дод, ки кишоварзони ноҳия соли гузашта дар майдони 11463 гектар кишти тирамоҳӣ ва баҳорӣ гузаронида, парвариши зироатҳои ғалладона ва лӯбиёгӣ, картошка, сабзавот, маҳсулоти полезӣ ва зироатҳои хӯроки чорворо ба роҳ мондаанд. «Мувофиқи нақша, дар ҳамаи хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бояд дар 3000 гектар замини обӣ кишти такрорӣ гузаронида мешуд, вале бо дарки амиқи вазъият деҳқонон дар майдони беш аз 3411 ҳазор гектар замин кишти такрориро ба анҷом расонидаанд, ки ин, албатта, боиси қаноатмандист. Гузашта аз ин, кишоварзони ноҳия дар ҳаҷми 558 миллиону 158 ҳазору 800 сомонӣ маҳсулоти гуногун истеҳсол кардаанд. Онҳо бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо картошкаи барвақтӣ ва сабзавоти тару тоза дар майдони 172 гектар картошка ва қариб 1370 гектар сабзавот кишт намудаанд», - зикр кард Холмурод Раҳмон.

Дар ин семинар-машварат ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории ноҳияи Қумсангир то 1 январи соли 2015 беш аз 34 ҳазор тонна ғалла, 14717 тонна картошка, 82067,5 тонна сабзавот, 7535 тонна мева, 2181,4 тонна гӯшт, 17960 тонна шир, 1961,6 дона тухм ва 17520 тонна хӯроки чорво истеҳсол гардидааст.

Имрӯз кишоварзони ноҳияи Қумсангир ба омӯзиши талаботи бозори дохилӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда саҳмгузор ҳастанд. Онҳо азм доранд, ки истеҳсоли картошкаро дар ноҳияро афзоиш диҳанд, зеро картошка дар радифи гандум маводи асосии ғизоӣ ба шумор меравад.

Ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ дар ноҳияи Қумсангир 5685 гектар заминҳои боир ба гардиши кишоварзӣ дароварда шудааст, ки дар натиҷаи он барои қариб 1000 нафар ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.

Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни ҷамъбасти семинар-машварат изҳори қаноатмандӣ кард, ки соли 2014 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Қумсангир истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ба истиснои пила, афзудааст. Зеро соли гузашта дар ноҳия ба кишти тирамоҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, ҳаҷми майдони он нисбат ба солҳои пешин 874 гектар афзун гардид.

Раиси вилоят дар идомаи суханаш ба зарурати истифодаи самараовари замин дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят, ҷидду ҷаҳд дар кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ (хусусан картошка ва пиёз) ва бунёди боғу токзорҳои нав дар соли 2015 таъкид кард.

- Итминон дорам, ки имрӯз меҳнаткашони ҳама шаҳру навоҳии вилоятамон бо шукрона аз неъмати истиқлолият, бо ҳисси баланди худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва меҳнати содиқонаву софдилона барои ободии хонаи худ ва Ватани худ камари ҳиммат мебанданд, - зикр кард Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода. – Дар навбати худ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳамаи чораҳои амалиро меандешанд, барои иҷрои нақшаҳои истеҳсолии хоҷагии халқ мусоидат намуда, кишоварзони ҳунарманду заҳматкаши вилоятро дастгирӣ кунанд.

Асалмо САФАРОВА



Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)


Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)


Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)


Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)


Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)


Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)


Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)


Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)


Аксҳо аз Мурод Назариён ва Абдукарим Иброҳимзода

Шарҳи хонандагон +
Cialis One Day Erezione levitra vardenafil Achat Viagra Generique En France isotretinoin claravis Carmarthenshire Rezept Viagra Arzt Cialis Online No Prescription viagra Propecia Online For Sale Priligy Para Que Sirve Dutasteride cialis y vih Viagra Recreatif Online Deltasone No Prescription sertraline online best price Comprar Cialis Por Transferencia Bancaria Mebendazole Over The Counter Cheap Viagra Next Day Ship cialis Cialis Fara Reteta Farmacii
8 декабр 2016 07:34
Generic Viagra For Sale In The Usa Tamoxifen Citrate Online Macrobid 100mg Can I Purchase No Prior Script orlistat for sale Viagra Vs Propecia Looking For Sildenafil Cialis At Discount Cialis Online Kaufen Deutschland Lamisil Tablets From India viagra online prescription Cialis E Ipertensione Pharmacies Offer Free Amoxicillin Cialis Per Body Building Where To Buy Lasix Buy Cheap Lasix Online order propecia online mastercard Acheter Cialis Ligne Pas Cher Finpecia Zithromax Alcohol Consumption Propecia Orange Proscar Generics Med Indian Levitra 10 Mg Bayer Acquisto kamagra eu Cialis Professional Vs. Super Active Beneficios Del Propecia Does Alcohol Affect Amoxicillin cialis Viagra 100 Israel
19 декабр 2016 03:36

Матолиби дигар:

Дар ноҳияи Қумсангир бо ширкати Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, семинар-машварати вилоятӣ оид ба истифодаи босамари замин баргузор шуд.

-->
Д. Гулмаҳмадзода: «Дар соли 2016 истеҳсоли маҳсулоти содиротиро афзун намое ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Дар соли 2016 истеҳсоли маҳсулоти содиротиро афзун намое ...

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Тандурустӣ ва экология, АСАЛМО САФАРОВА
Дар ноҳияи Қумсангир бо ширкати Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, семинар-машварати вилоятӣ оид ба истифодаи босамари замин баргузор шуд.

-->
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дар ноҳияи Қумсангир бо ширкати Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, семинар-машварати вилоятӣ оид ба истифодаи босамари замин баргузор шуд.

-->
Ғалла 40% ҷамъ шуд

Ғалла 40% ҷамъ шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
Дар ноҳияи Қумсангир бо ширкати Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, семинар-машварати вилоятӣ оид ба истифодаи босамари замин баргузор шуд.

-->
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Дар ноҳияи Қумсангир бо ширкати Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, семинар-машварати вилоятӣ оид ба истифодаи босамари замин баргузор шуд.

-->
Қумсангир. Нишасти матбуотӣ дар саҳро (аксҳо)

Қумсангир. Нишасти матбуотӣ дар саҳро (аксҳо)

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Матолиби чандрасонаӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА