Дар як сатр
» » Қӯрғонтеппа. Шумораи занони роҳбар меафзояд

Қӯрғонтеппа. Шумораи занони роҳбар меафзояд

19-01-2015, 19:55

Қӯрғонтеппа. Шумораи занони роҳбар меафзояд

Шумораи занони роҳбарикунанда дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба 131 нафар расидааст.

Аз шумори занон як нафар ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар (Саодат Амиршоева) ва 8 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа интихоб гардидаанд, ки дар ҳар иҷлосия бо пешниҳоди мушаххас баромад намуда, дар самти идоракунии давлатӣ ва қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ саҳми назаррас доранд.

Ба иттилои Солеҳа Қосимова, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, соли гузашта 790 нафар занон барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумора 364 нафарашон бо кори доимӣ таъмин ва 231 нафари дигар ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд.

- Дар баробари ин, имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа зиёда аз 40 корхонаи дӯзандагӣ фаъолият менамояд, ки ташкили ин коргоҳҳои истеҳсолӣ иқдоми бевоситаи занону бонувон буда, дар онҳо зиёда аз 10 ҳазор нафар занону духтарон фаъолияти доимӣ доранд, - гуфт С. Қосимова. - Айни замон шумори занони соҳибкор дар шаҳр ба 1820 нафар расида, аз аввали соли равон ба 480 зан қарзҳои имтиёзнок дастрас шудааст, ки фаъолияти корхонаи «Майрамбибӣ» бо эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз қабили заргарӣ ва чакандӯзӣ мисоли возеҳ ба ин гуфтаҳост.

Муовини раиси шаҳр афзуд, ки рушди хоҷагидорӣ ва нақши занон дар таъмини амнияти озукаворӣ низ, бо назардошти васеъ гардидани марзи маъмурии шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҳисоби заминҳои ноҳияҳои Вахшу Бохтар, эҳсос мешавад. Имрӯз аз 43 хоҷагии деҳқонӣ 8-тои онро занон роҳбарӣ карда, ҳар кадом танҳо аз ҳисоби занон зиёда аз 50-нафарӣ узв доранд.

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Баррасии нақши занон дар рушди илм

Баррасии нақши занон дар рушди илм

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, АМОН МАҲКАМОВ
5 узви Маҷлиси миллӣ аз Хатлон интихоб шуданд

5 узви Маҷлиси миллӣ аз Хатлон интихоб шуданд

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Сиёсат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Гулмаҳмадзода аз бонувони Хатлон ситоиш кард

Гулмаҳмадзода аз бонувони Хатлон ситоиш кард

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА