Дар як сатр
» » ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

17-02-2018, 16:01

4  ҳазору  188  тонна маҳсулоти ситрусӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон аз ҳисоби ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  дар соли 2017  истеҳсол гардида, ба бозорҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он содирот шудааст. Бояд гуфт, ки ин нишондод дар соли  2016-ум  3 ҳазору  944  тоннаро ташкил медиҳад.

 

Бино ба иттилои Азамҷон Алиқулов, сардори Раёсати кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зисти Сарраёсати Агентии омори наз

ди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон, лимӯпарварони  ноҳияи Ҷайҳун аз рӯйи истеҳсолу нигоҳубин  ва парвариши лимӯ дар ҷойи аввал қарор дошта, ноҳияҳои Ҷалолиддини  Балхӣ  ва  Бохтар  ҷойи  дуюму сеюмро касб мекунанд.

Ба хотири нишон додани таҷрибаи лимӯпарварони ноҳияи Ҷайҳун ва муваффақ гаштани онҳо дар ин самт, барои хонандаи азиз  дар зер перомуни яке аз беҳтарин лимӯпарвари ноҳия маълумот меорем:

Дарвоқеъ,  иқлим ва ҳавои ноҳияи Ҷайҳун барои нигоҳубин ва парвариши дарахти лимӯ  мусоид буда,  аксарияти сокинон ба парвариши ин навъи маҳсулот  шуғл доранд ва то ҷое ҳам дар ин самт муваффақ гаштаанд.

-Дар ноҳияи Ҷайҳун имрӯз дар майдони беш аз 105  гектар  гармхонаҳо дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ фаъолият мекунанд,-мегӯяд Нуралӣ Валиев,  сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун. -Соли 2017  кишоварзони ноҳия аз ин миқдор гармхонаҳо  3 ҳазору 35 тонна лимӯ истеҳсол намуданд, ки ин рақам дар соли 2016-ум  3  ҳазору 15  тоннаро ташкил медод.  Аз  ин миқдор маҳсулоти ситрусие, ки дар ноҳия  истеҳсол шуда буд, зиёда аз  645  тонааш  берун аз марзи ҷумҳурӣ содирот ва боқимонда ба бозорҳои кишвар бароварда  шуд.

Бояд гуфт, ки сол то сол талаботи сокинони мамлакат ва хориҷи кишвар ба меваи ситрусӣ, аз ҷумла лимӯ афзудааст. Ба ин хотир, лимӯпарварони ҷайҳунӣ шумораи  гармхона ва парвариши лимӯро дар ноҳия зиёд намуда истодаанд.

Абдурраҳим  Тоҳиров  аз зумраи он нафаронест, ки имрӯз дар бахши лимӯпарварӣ дар ноҳияи Ҷайҳун  муваффақ гашта, беш аз 24 соли умри пурбаракати худро ба нигоҳубин ва парвариши он  сарф намудааст. Ӯ  зода ва иқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти «Панҷ»-и ноҳияи Ҷайҳун буда, дар майдони 75 сотиқ 6 гармхонаи дорои 440 бех ниҳоли лимӯю  афлесунро дорад. 

Лимӯпарварони ҷайҳунӣ мақсад доранд, ки парвариш ва ҳосилбандии ниҳолҳои лимӯро хуб ба роҳ монда, дар оянда низ шумораи гармхонаҳоро зиёд намоянд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

Ҳаёти иҷтимоӣ, НАҶОТ САФАРЗОДА
Раҳгумзадагон ҳеҷ ба мақсад нарасанд

Раҳгумзадагон ҳеҷ ба мақсад нарасанд

Номаҳои Шумо
Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ амалӣ мегардад

Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ амалӣ мегардад

Иқтисоду тиҷорат
85 эътироз ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят

85 эътироз ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят

Ҳуқуқу амният
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ