Дар як сатр
» » ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

17-02-2018, 20:02

 Конференсияи илмӣ

«Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад».

                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

Оре, зан-модар қувваи тавоноест. Бунёдгузор ва ҳаётбахши зиндагист. Ӯ на танҳо дар ҷодаи бардавомии ҳаёт саҳми бузург дорад, балки дар раванди зиндагӣ, тарбия, ташаккули инсоният, пешрафту тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ҳиссагузор аст. Имрӯз зан-модар роҳбар, иқтисодчӣ, коргару деҳқон, омӯзгор, духтур, олима ва хуллас, дар ҳар як бахши зиндагӣ саҳм мегирад.

Ин аст, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қувваи зан- модар дар пешрафти ҷомеа боварии комил дошта, баҳри фароҳам овардани шароити зарурии таълиму кор, зиндагии онҳо тамоми тадбирҳоро меандешанд. Аз ҷумла, баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриамон, бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои занон имкониятҳои зиёд фароҳам оварда, чи дар кору фаъолият ва чи бахши роҳбарӣ, имтиёзҳои бештар дода шуданд. Яъне,  мартабаи занон дар ҷомеа хеле баланд бардошта шуд, ки имрӯз ин аз назари ҳамабин пинҳон намондааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати кор бо занон ва оила, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ нисбати занони соҳибилм, яъне олимҳои вилоят кори хайреро роҳандозӣ намуданд. Бо ташаббуси ниҳодҳои номбурда, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Занон ва рушди илми муосир» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм баргузор гардид.

Дар кори конференсия муовини раиси вилояти Хатлон доктори илми фалсафа, профессор Хидирзода Махфират Умар, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Ҳабибулло ширкат намуданд.

Дар конференсия муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират баромад намуда, дар бораи саҳми занон дар рушду тараққиёт, пешрафти ҷомеа, таълиму тарбия сухан ронда, афзуд, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳокимияти давлатии вилоят нисбати занон, кору фаъолияти онҳо эътибори хоса дода мешавад. Ин аст, ки онҳо ба вазифаҳои масъул пешбарӣ карда шуда, дастгирӣ мегарданд.

Ҳамчунин дар конференсия сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Раъно Раҳимзода, ректори донишгоҳи давлатии Кӯлоб Абдулло Ҳабибулло, шоир Хосият Вализода баромад намуда, оид ба мақому мартабаи зан ибрози назар намуданд.

Ба кори конференсия 79 маърӯзаю баромадҳои илмии занони олими донишгоҳу донишкадаҳои вилояти Хатлон барои баррасӣ пешниҳод гардида буд. Бо мақсади омӯзиши маърӯзаҳо конференсия кори худро дар се бахш- филология ва методика, иқтисодӣ, технологияи иттилоотӣ, табиӣ ва тиббӣ, бахши таъриху сиёсатшиносӣ идома дод. Баъдан иштирокдорони ҳар се бахш ҷамъ омада, натиҷаи фаъолияти кори бахшҳоро ҷамъбаст намуданд.

Муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират дар поёни конференсия баромад намуда, ба иштирокдорони конференсия изҳори миннатдорӣ баён намуд.

 

Н. САФАРЗОДА


Шарҳи хонандагон +
Подскажу что к чему. Пишите в Л.С

-------


http://aktivator.3dn.ru/
26 март 2018 10:13

Матолиби дигар:

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Чорабинӣ хотирмон гузашт

Чорабинӣ хотирмон гузашт

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

Хабарҳо, Туризм
ҚӮРҒОНТЕППА. РОҲҲОИ 25 КӮЧА ТАЪМИРУ ТАҶДИД МЕШАВАНД

ҚӮРҒОНТЕППА. РОҲҲОИ 25 КӮЧА ТАЪМИРУ ТАҶДИД МЕШАВАНД

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ