Дар як сатр
» » НАХУСТИН ФОРУМИ БОНУВОНИ ҲУНАРМАНДИ ХАТЛОН

НАХУСТИН ФОРУМИ БОНУВОНИ ҲУНАРМАНДИ ХАТЛОН

15-02-2018, 10:06

Дирӯз, 14 феврал, дар маркази маъмурии вилоят нахустфоруми занони ҳунарманди Хатлон таҳти унвони "Нақши занон дар рушди ҳунарҳои миллӣ” доир гардид.

НАХУСТИН ФОРУМИ БОНУВОНИ ҲУНАРМАНДИ ХАТЛОНФоруми мазкур, ки аз се қисмат иборат буд, бо конференсияи "Саҳми занон дар гус-тариши ҳунарҳои мардумӣ” таҳти раёсати муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода оғоз гардид.

Махфират Хидирзода зимни ироаи сухани ифтитоҳияш таъкид намуд, ки масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мавриди таваҷҷуҳи доимии Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт тадбирҳои муҳим андешида шуда истодаанд. Роҳбари давлат бо мақсади тараққӣ додани соҳаи туризм, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод намуданд, ки соли 2018 "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардад.

- Ин иқдоми шоистаи Роҳбари давлат ба аҳли ҳунармандон, онҳое, ки бо маҳсули дастранҷи хеш зебоӣ меофаранд ва ҳамагонро бори дигар аз таъриху тамаддун ва ҳунари волои ниёгонамон огоҳ месозанд, рӯҳу илҳоми тоза бахшид, - идома дод муовини раиси вилоят М. Хидирзода. - Дар вилояти Хатлон, хушбахтона, ҳунармандони зиёде умр ба сар мебаранд, ки бо ҳунари зебои хеш натанҳо дар вилоят, балки дар қаламрави ҷумҳурӣ ва хориҷ аз кишвар ҳаводорони хешро пайдо намудаанд. Чакандӯзӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, табақтарошӣ, адрасу атласбофӣ ва рангуборкунии матоъҳо, намадрезӣ, гилембофӣ, қуроқдӯзӣ ва ғайра амсоли ин ҳунарҳои мардумист.

Ба таъкиди М. Хидирзода, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ба ҳам пайвастагӣ доранд. Маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ асосан ба меҳмонон, бахусус сайёҳони хориҷӣ нигаронида шудааст. Бо назардошти ин, Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ дар хона ва фурӯши онҳоро аз андозҳо озод намуданд. Ин тадбир ниҳоят муҳим буда, имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё гарданд. Аз тарафи дигар, бо роҳандозӣ намудани имтиёзи мазкур арзиши аслии маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ паст карда шуда, қобилияти рақобатпазирии он устувор мегардад. Ин имкон медиҳад, ки маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ҳарчи бештар ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ пешниҳод карда шуда, ҳунармандон даромаднокии худро беҳтару хубтар намоянд.

Муовини раиси вилоят қайд намуд, ки ҳунар як рукни фарҳанги миллӣ аст. «Ҳунарро беҳуда «чашмаи зоянда ва давлати поянда» нагуфтаанд. Дар ин сол ҳар шахсе, ки камтарин ҳунар дорад, метавонад муаррифӣ кунад, онро сайқал диҳад, эҷодкорӣ намояд. Мутмаинам, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боиси кашфу муаррифии бештари чеҳраҳои ноаёни ҳунар хоҳад гашт. Мақсад аз баргузории ин Форум низ пайдо кардани занҳои ҳунарманд ва мусоидат намудан ба муаррифию сайқали ҳунари шумост, бонувони муҳтарам. Ин форум ҳамчун платформаи доимоамалкунанда барои намоиши ҳунар ва табодули назару таҷрибаи бонувони ҳунарманд дар оянда низ хизмат хоҳад кард», - иброз дошт М. Хидирзода.

Маърӯзаҳое, ки дар конференсия пешкаш гардиданд, ҳам ҷанбаи илмӣ ва ҳам амалӣ доштанд. Амир Сайиди Мункӣ, сарвари осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ховалинг дар мавзӯи «Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ» сухан гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки ҳар гӯшаву канори Хатлони бостонӣ ёдгориҳои қадимаи фарҳангӣ дорад. Хатлонзамин бо навъҳои зиёди ҳунарҳои мардумӣ ва ойину суннатҳои деринаш маъруфу машҳур аст. А. Мункӣ ба унвони далел мисол овард, ки дар замони пеш деҳаву маҳаллаҳо бо ҳунармандонаш муаррифӣ шуда, деҳа ё маҳаллаи Кулолгарон, Сабадбофон, Заргарон, Собунпазон, Табақсозон, Намадрезон, Кафшдӯзон, Қаламзанон номида мешуданд. Ин аз он дарак медиҳад, ки ҳунар ҳамеша дар рушд буд.

Бунафша Мирзоева, саромӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, иброз дошт, ки саҳми оилаҳо дар тарбияи меҳнатӣ ва касбомӯзии ҷавонон, мутаассифона, чандон назаррас нест. «Имрӯз ҷавондухтарони мо кӯшиши аз худ кардани ҳунарҳои хонагиро кам доранд, бештар шавқу завқашон ба ҷиҳози гаронбаҳою тайёр аст. Зиёда аз сад номгӯйи таомҳои миллиро зикр кардан мумкин аст, аммо афсӯс, ки бисёрашонро ҳифз накардем ва тадриҷан аз байн рафтаанд», - афзуд ӯ. Бунафша Мирзоева аз посдории ҳунар ва аз худ кардани ҳунари меросии дусадсолаи хеш қисса кард ва гуфт, ки то имрӯз куртаи чакани 135-соларо, ки аз момокалонаш боқӣ мондааст, дар хонааш нигоҳ медорад. Нотиқ ҷавондухтаронро ба он даъват намуд, ки дар баробари илм омӯхтан ҳунарҳои қадимии занонаро низ аз худ кунанд.

Кенҷамоҳ Маҷидова, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, оид ба фарқияти гулдӯзӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сухан гуфт. Вай афзуд, ки аввалин нақшҳои чакан, ки таърихи чандсадсола дорад, дар ноҳияи Фархор дарёфт шудааст.

Ҳусния Шоинова, бонуи ҳунарманд аз Қӯрғонтеппа, дар мавзӯи ҳунари заргарӣ, ки аз падар ба ӯ мерос монда, то имрӯз онро идома медиҳад, сухан гуфт. Аввалин намояндаи сулолаи ин хонаводаи заргарон ҳанӯз дар замони ҳокимияти Амир Олимхон ба ин навъи ҳунар пардохтааст. Борҳо аъзои ин оила бо муаррифии маҳсули ҳунари хеш дар хориҷи кишвар номи Тоҷикистонро баланд бардоштаанд ва имрӯз таҳти роҳбарии Ҳусния Шоинова коргоҳи заргарии «Марямбӣ» дар шаҳри Қӯрғонтеппа кору фаъолият мекунад.

Дар идомаи конференсия Гулбарг Боқиева, роҳбари ҶДММ «Маркази ҳунаромӯзӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, дар мавзӯи «Рушди ҳунари чакандӯзӣ» суханронӣ намуд. Вай қайд кард, ки чакан кайҳонро ба замин пайваст мекунад. Яъне офтобу моҳтоб, ситораҳо рӯйи замин нақшофарӣ мешаванд. Аввалин бор нақши чакан рӯйи замин, баъдан санг ва офтобаҳо кашида шудааст.

Пас, аз анҷоми қисмати аввали Форум дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби занони ҳунарманди шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид. Шурӯъ аз даромадгоҳи театр маҳсули эъҷозкории бонувони ҳунарманди хатлонӣ касро ба олами афсонавӣ, зебоиҳои табиат, қуллаҳои нуқрафом, шаршараҳои мусаффо роҳнамун месохт. Бонувони ҳунарманди 25 шаҳру навоҳии вилоят эъҷози ҳунари хешро ба маъраз гузоштанд. Кашидадӯзиҳои пурнақшу нигор, гулдӯзиҳои монанд ба баҳор, атласу адрасҳои гуногун бо духтарони паричеҳраи хатлонӣ намои театри вилоятиро ба Наврӯзи оламафрӯз шабоҳат медод.

Ҳунари дастони бонувон моро боз ба сӯйи Наврӯзи хуҷастапай роҳнамун сохт. Дар ҳар қадам ҳунари волои мардумӣ касро ҷониби хеш ҷалб менамуд. Куртаҳои бо тарҳи наву ҳозиразамон, бо истифода аз нақшҳои миллӣ таҳияшуда низ бисёр диданӣ буданд. Заргарон низ ҳунари хешро ба маърази тамошо гузошта, бори дигар собит менамуданд, ки пешаи заргарӣ низ саҳл нест. Аз инсон сабру таҳаммул, диду назари эҷодкориро тақозо мекунад. Кӯзаҳои бо маҳорати хоса эҳёгардида бинандаро вориди ашъори нотакрори ниёгон, бахусус Умари Хаём, менамуд:

Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будаст,

Дар банди сари зулфи нигоре будаст.

Ин даста, ки дар гардани вай мебинӣ,

Дастест, ки бар гардани ёре будаст.

Атласу адрас ба чашми бинанда мисли товусҳои хушхиром бол меафшонданд. Дар ҳақиқат, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, ки бо сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омад, бори дигар собит сохт, ки мардуми тамаддунофари мо дорои мероси фарҳангии ғайримоддии бузург ба шумор меравад.

Баъди дидан намудан аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба қисмати дуюми чорабинӣ оғоз бахшид. Зимни суханронӣ роҳбари вилоят ҳозиринро бо баргузории Форуми якуми занони ҳунарманди вилоят табрик гуфта, ёдовар гардид, ки мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик дар шаклу намудҳои гуногун эҷод шуда, дар ҷомеа саҳм гузошта, то ба имрӯз ба мо расидааст.

- Гарчанде ки баъзе унсурҳои фарҳангӣ, аз қабили коғазгарӣ, шишасозӣ, сӯзангарӣ бо таъсири омилҳои мухталиф аз байн рафтаанд, вале имрӯз бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё гардида рӯ ба тараққӣ ниҳодааст, - таъкид дошт Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронӣ. - Ҳанӯз санаи 17 августи соли 2010 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ гашт. Қабули барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020 имкон фароҳам меоварад, ки тамоми паҳлуҳои ҳунарҳои мардумӣ аз нав омӯзиш, ҳифзу эҳё ва дастгириву густариш ёбад.

Зимни суханронӣ роҳбари вилоят аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки ду номинатсияи дигар - мусиқии суннатии тоҷикон "Фалак” ва санъати чакандӯзӣ дар Тоҷикистон барои сабт ва феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод шудааст. Тавре ки зимни суханронӣ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода таъкид дошт, бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон масъалаҳои худшиносии миллӣ, фарҳанги ниёгон, рисолати давлатдорӣ, шаҳрдорӣ ва шаҳрсозӣ, суннатҳои таърихӣ ва санъати амалии халқӣ, хусусан заргарӣ ва чакандӯзӣ, эҳё ва рушд ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба зарурати омӯзиши мероси таърихии халқи тоҷик қайд менамояд: "Яке аз сарчашмаҳои худшиносии миллӣ, ки решаҳои шукуфони маънавию фарҳангии халқи моро шодоб мегардонад, ин мероси таърихӣ, бо маҳфуми васеаш, хотираи таърихӣ мебошад, ки дар дастовардҳои фарҳангии илмӣ, дар хираду заковати давлатдорӣ ва ҳашамату бузургии рӯҳи гузаштагонамон инъикос ёфтааст. Бе такя ба ин гузаштаи пурмазмун мо дар ҳеҷ соҳае ба пешравӣ ноил гардида наметавонем”.

Тавре ки дар ҷамъомад зикр гардид, дар вилоят бо мақсади ба шуғл фаро гирифтани занону духтарон Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон таъсис ёфта, филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳо фаъолият намуда истодаанд. Ин марказҳо аз рӯйи ихтисосҳои асосҳои омӯзиши компютерӣ, дӯзандагӣ, қолинбофӣ, муҳосибӣ ба шаҳрвандон касб меомӯзонанд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 150 адад дастгоҳҳои адрасбофӣ, 30 адад дастгоҳи атласбофӣ насб гардида, то ин муддат беш аз 1500 нафар занону духтарони хонашин тариқи ройгон касбу ҳунарро аз худ намуда, фаъолият доранд.

Ҳамчунин бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби мақомотҳои маҳаллии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои дар хона омӯзондани ҳунарҳои атласу адрасбофӣ, гулдӯзӣ, зарбофӣ, сӯзанӣ, қуроқдӯзӣ, ҷомадӯзӣ, сабадбофӣ, заргарӣ, дӯзандагӣ, рӯзгордорӣ ва дигар ҳунарҳои косибӣ курсҳо ташкил шуда, 4474 нафар духтарону занони хонашин соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати занон ва рушди фаъолияти соҳибкории онҳо пайваста чорабиниҳо доир гардида, гранти раиси вилояти Хатлон ҳамасола дар ҳаҷми 250 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Танҳо тайи солҳои 2016-2017 зиёда аз 40 нафар занону бонувон соҳиби гранти раиси вилояти Хатлон гардиданд, ки аксарияти лоиҳаҳо ба самти фаъолияти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили таъсиси коргоҳҳои чакандӯзӣ, дӯзандагӣ, атласу адрасбофӣ, гулдонбофӣ, хӯрокҳои миллӣ ва ғайраҳо равона гардидааст.

Пас аз суханронии раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, маросими тақдими сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ ба ғолибони озмуни "Соҳибкори муваффақи сол” барпо шуд.

Қисмати сеюми Форуми бонувони ҳунарманди Хатлон, ки аз барномаи фарҳангӣ таҳти унвони "Тараннуми ҳунар” иборат буд, ин чорабиниро боз ҳам ҷолибу хотирмон намуд.

Аз намоиши намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва суҳбату маърӯзаҳое, ки дар доираи аввалин Форуми занони ҳунарманди вилояти Хатлон баргузор шуд, бармеояд, ки ҳар як ҳунари зебои миллати мо достонҳое дорад. Вақте инсон мисоли ҳунарҳои абрешимбофӣ, адрасбофӣ, атласбофӣ, алочабофӣ, арғушт, баққолӣ, беқасаббофӣ, гачкорӣ, гаҳворасозӣ, гулдӯзӣ, гулобкашӣ, гӯшворасозӣ, дуредгарӣ, заргарӣ, зардӯзӣ, зулфороӣ, ислимӣ, калобаресӣ, канаббофӣ, кандакорӣ, кафшдӯзӣ, кордсозӣ, кулолӣ, қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ, мисгарӣ, наққошӣ, оҳангарӣ, паловпазӣ, пӯстиндӯзӣ, сабадбофӣ, созтарошӣ, суманакпазӣ, сӯзанидӯзӣ, табақтарошӣ, хотамкорӣ, ҳалвогарӣ, чӯянгарӣ, ҷомадӯзӣ, ҷӯроббофӣ, шишагарӣ ва ғайраҳоро мебинад, беихтиёр ба ин андеша меояд, ки тамоми ҳунарҳои мардумӣ ойинаи бозгӯяндаи рӯзгори тоҷиконанд.

 

ВАХШОНА,

И. ҲАНГОМА,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Чорабинӣ хотирмон гузашт

Чорабинӣ хотирмон гузашт

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
«Ҳунарҳои мардумӣ - рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ»

«Ҳунарҳои мардумӣ - рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

Хабарҳо, Туризм
Соҳибкорон нерӯи бузурганд

Соҳибкорон нерӯи бузурганд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Таъсиси 25 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ барои ҳунаромӯзии занону духтарон

Таъсиси 25 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ барои ҳунаромӯзии занону духтарон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА