Дар як сатр
» » 26,3% афзудани маоши миёна дар Хатлон

26,3% афзудани маоши миёна дар Хатлон

19-01-2015, 17:35

26,3% афзудани маоши миёна дар Хатлон

Маоши миёнаи номиналии кор дар вилояти Хатлон ба 618 сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2013-ум 26,3 фоиз бештар мебошад.

Қ. Ҳакимов, иҷрокунандаи вазифаи сардори Сараёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон, дар суҳбат бо рӯзномаи «Хатлон» гуфт, ки ҳақмузди камтаринро мисли солҳои пешин кормандони соҳаи кишоварзӣ доштаанд, ки ба 237 сомонию 38 дирам баробар буда, аз ҳисоби миёнаи вилоят 61,6 фисад камтар аст.

- Дар бахши воқеӣ музди кори кормандони соҳаҳои барқ, газ ва таъминоти об аз ҳама баланд, яъне ба ҳисоби миёна 1 ҳазору 576 сомонию 55 дирам будааст, - зикр кард Қ. Ҳакимов. – Маоши миёнаи кормандони бахши саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ 1 ҳазору 454 сомонию 94 дирам ва соҳаи сохтмон 956 сомонию 43 дирамро ташкил медиҳад.

Аммо дар бахши хизматрасонӣ музди кори кормандони молия, қарзгузорӣ (1423 сомонию 4 дирам) ва ташкилотҳои роҳбарикунанда (747 сомонию 58 дирам) аз ҳама зиёд аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои манбаъ, маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди кор то 1 декабри соли 2014 (бо назардошти қарзҳои солҳои пешин) 12 миллиону 757 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Шумораи аҳолии машғули кор дар вилояти Хатлон, аз рӯйи арзёбии муқаддамотӣ, дар моҳи ноябри соли 2014 ба 814 ҳазору 100 нафар мерасад. Тибқи омори расмӣ, шумораи дар рӯйхатбудаи кироякорон дар корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликият ба 394 ҳазору 900 нафар баробар аст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қӯрғонтеппа. Бунёди 17 иншооти ҷашнӣ дар назар аст

Қӯрғонтеппа. Бунёди 17 иншооти ҷашнӣ дар назар аст

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
То имрӯз дурнамо 51,3% иҷро шуд

То имрӯз дурнамо 51,3% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Вахш. Музди миёна 132 сомонӣ афзудааст

Вахш. Музди миёна 132 сомонӣ афзудааст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Кумак ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон

Кумак ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология