Дар як сатр
» » Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

19-01-2015, 15:30

Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин


Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон дар як сол 91 қонуншиканиро дар самти хариду фурӯши ғайриқонунии замин ошкор кардааст.

Ба иттилои генерал Ҷамшед Гулмаҳмадзода, сардори раёсати мазкур, дар робита ба ин ҷиноятҳо алайҳи раисони 5 ҷамоати деҳот, 6 корманди кумитаҳои заминсозӣ, 7 нафар муҳандис-заминсозони ҷамоатҳо, 6 роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ, 5 корманди корхонаю ташкилотҳо, ян нафар мудири шуъбаи дастгоҳи раиси ноҳия, инчунин муовини раиси ҷамоат, котиби ҷамоат, корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбари ҷамъияти саҳҳомӣ ва 51 нафари дигар парвандаҳои ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст.

- Аз тарафи кормандони шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсат дар фаъолияти Комиссияҳои ҷамъиятии навоҳии Вахш, Бохтар, Ҷалолиддини Румӣ ва Данғара санҷишҳо гузаронида шуд, – афзуд генерал Гулмаҳмадзода. - Дар натиҷа муайян гардид, ки бо 23 қарори раиси ноҳияи Вахш нисбати 121 нафар, 32 қарори раиси ноҳияи Бохтар нисбати 130 нафар, 6 қарори раиси ноҳияи Ҷ. Румӣ нисбати 223 нафар ва 10 қарори раиси ноҳияи Данғара нисбати 273 шаҳрванд бар хилофи «Қоидаҳо оид ба амалӣ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин барои ба гурӯҳи заминҳои маҳалҳои аҳолинишин гузаронидани онҳо» ва Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шудааст.

Дар робита ба ин фактҳои ошкоргардида нисбати 50 шахси мансабдори комиссияҳои ҷамъиятии ноҳиявӣ ва ҷамоатҳои навоҳии Вахш, Бохтар, Ҷ. Румӣ ва Данғара протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз онҳо ҷамъан ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти раиси ҷамоат

Боздошти раиси ҷамоат

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Картошкапарварӣ бояд рушди устувор дошта бошад

Картошкапарварӣ бояд рушди устувор дошта бошад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Муҳандис-заминсоз 550$ пора гирифт?

Муҳандис-заминсоз 550$ пора гирифт?

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Носири Хусрав. 8 мутахассис даркор

Носири Хусрав. 8 мутахассис даркор

Хабарҳо