Дар як сатр
» » Шаҳло “зебо”-ро эҳё кард

Шаҳло “зебо”-ро эҳё кард

5-02-2018, 19:54

Аз фаъолияти бонувони муваффақ

Шаҳло "зебо”-ро эҳё кард

Соҳибкори ватанӣ Шаҳло Бурҳонова, ки роҳбари коргоҳи дӯзандагии «Зебо-75»-и ноҳияи Шаҳритӯс аст, тавонист дар се сол ширкати худро ба яке аз корхонаҳои пешрафтаи истеҳсолӣ табдил дода, даҳҳо нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин кунад.

 

Тавре ки маълум, дар кишварҳои пешқадами дунё аз 40 то 80 фоизи ҷойи кор аз ҳисоби корхонаҳои хурду миёна муҳайё мешавад. Чунин коргоҳҳо аз 30 то 70 фоизи маҳсулоти дохилиро тавлид мекунанд. Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир дар масъалаи дастгирии ҳуқуқӣ, молиявӣ ва маънавии соҳибкорон, хусусан занони соҳибкор, тадбирҳои зиёд меандешад. Зеро бизнеси хурду миёна барои беҳ намудани сатҳи иқтисодӣ нақши хеле муҳим мебозад.

Ба андешаи коршиносон, ду ҷиҳати муҳими соҳибкорӣ бояд дар мадди назари давлат бошад: а) зиёд намудани сафи онҳое, ки худашон ба кор таъмин буда, дигаронро соҳиби кору даромад месозанд; б) ба кор ҷалб намудани аҳолӣ, бештар занон ва муқовимати иҷтимоиро паст сохтан.

Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи соҳибкории занон аҳамияти хоса зоҳир карда, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкориро сиёсати афзалиятдори кишвар эълон намудаанд. Роҳбари давлат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид намуданд, ки тибқи санадҳои барномавӣ, ҳиссаи бахши хусусӣ дар сармоягузории умумӣ то соли 2020 ду баробар афзоиш дода мешавад. "Чунин ҳадаф моро водор месозад, ки ба масъалаи фароҳам овардани фазои мусоид ва ҷорӣ намудани усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар маҳалҳо эътибори аввалиндараҷа диҳем”, - омадааст дар Паём.

Тибқи таҳлилҳо, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби умумии соҳибкорони инфиродӣ 40%-аш занонанд, аммо танҳо 10%-и онҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 19%-ашон муассисаҳои хурду миёнаро роҳбарӣ мекунанд. Ҳукумат дар самти рушди соҳибкории занон чораҷӯӣ намуда истодааст, ки таъмин намудани соҳибкорзанон бо грантҳо ва пурзӯр гардонидани тадбирҳо барои тақвияти баробарии гендерӣ аз ҷумлаи онҳост.

Соҳибкори ватанӣ Шаҳло Бурҳонова аз ҷумлаи соҳибкорзанони муваффақест, ки дар рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани даҳҳо нафар занону духтарони бешуғл дар маҳал саҳми намоён дорад. Ӯ моҳи майи соли 2015 дар ноҳияи Шаҳритӯс коргоҳи дӯзандагии «Зебо-75»-ро таъсис дода, ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ машғул гардид. Ин корхона тайи се соли аввали фаъ-олияташ барои қариб 30 ҳазор нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳритӯс либоси ягонаи мактабӣ таҳия намудааст.

- Дар замони шӯравӣ дар ноҳияи мо коргоҳи маъруфи дӯзандагӣ бо номи "Зебо” мавҷуд буд, - мегӯяд Ш. Бурҳонова. – Маҳсулоте, ки ин коргоҳ истеҳсол мекард, босифату хуштарҳ буд, аз ин рӯ, харидори зиёд дошт. Аммо, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ин коргоҳ аз фаъолият бозмонд, кормандонаш бекор монданду парешон гаштанд. Вақте ки барои таъсис додани коргоҳи дӯзандагӣ азм кардам, хостам, ки аз ҳамон бренди "Зебо” истифода кунам ва шуҳрати азёдрафтаи коргоҳи дӯзандагии пешинаро дубора барқарор намоям. Хуллас, корхонаро таъсис додему бо номи "Зебо-75” ба қайд гирифтем ва бонувонеро, ки дар замони шӯравӣ дар корхонаи "Зебо” кор  мекарданд, аз сари нав даъват намуда, ҳоло бо онҳо якҷоя фаъолият дорем.

Ҳоло дар коргоҳи дӯзандагии "Зебо-75” 35 нафар бо кори доимӣ машғул буда, маоши миёнаи моҳонаашон аз 500 то 1000 сомониро ташкил медиҳад. Аммо дар мавсими дӯхтани либосҳои мактабӣ шумораи кормандон ба беш аз 60 нафар мерасад.

Дар баробари таъмини хонандагони 54 муассисаи таъли-мӣ бо либоси ягонаи мактабӣ, инчунин коргоҳи мазкур бо муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, хизмати коммуналӣ, ҷамъияти матлуботи ноҳия барои омода намудани либоси ягона ё худ махсуси корӣ шартнома баста, онҳоро таъмин менамояд.

Қобили қайд аст, ки коргоҳи дӯзандагии «Зебо-75» дар озмунҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дӯхти либоси ягонаи мактабӣ бо имиҷи миллӣ иштирок намуда, яке аз беҳтарин коргоҳҳо эътироф шудааст.

- Мо тасмим гирифтем, ки дар ояндаи наздик бо мақсади васеъ ба роҳ мондани фаъолияти коргоҳ ва таъсис додани сехҳои хурди он дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳритӯс аз ҳамаи имконияту шароитҳои мавҷуда истифода барем, - гуфт Шаҳло Бурҳонова зимни суҳбат бо мо. - Маъмурияти коргоҳи мо дар давоми се соли фаъолияти худ ҳамеша бо маркази минтақавии "Тоҷикстандарт” дар ноҳияи Шаҳритӯс робитаи зичи ҳамкорӣ дошта, маҳсулотамон бо сертификати сифати дӯхти либос таъмин буда, ба меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯ мебошад.

Бо таваҷҷуҳ ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018, коргоҳи дӯзандагии "Зебо-75” тасмим гирифтааст, ки имсол дар либосҳои ягонаи мактабӣ нақшҳои зебои миллиро илова намояд. Ин идеяро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритӯс ва омӯзгорону волидайн хуш пазируфтанд.

Тавре ки Ш. Бурҳонова иттилоъ дод, дар соли таҳсили 2018-2019 коргоҳи дӯзандагии "Зебо-75” барои таҳияи 15700 адад либоси мактабӣ барои 54 муассисаи таълимии ноҳияи Шаҳритӯс шартнома бастааст. Ҳамчунин, коргоҳи "Зебо-75” барои 1800 омӯзгори ноҳия низ либоси ягонаи корӣ таҳия хоҳад кард.

- Мо имсол тибқи шартнома ният дорем, ки барои 850 корманди муассисаҳои тиббии ноҳия, 1100 нафар тоҷирони бозорҳои ноҳияи Шаҳритӯс низ либосҳои корӣ бидӯзем, – афзуд роҳбари коргоҳи "Зебо-75”. - Дар се соли фаъолиятамон, инчунин, барои зоироне, ки аз ноҳияҳои Шаҳритӯс, Қубодиён ва Носири Хусрав барои адои ҳаҷ мерафтанд, либоси ягона таҳия намудем.

Қобили зикр аст, ки нархи либосҳои мактабии ин коргоҳ аз бозор тақрибан 10-20% пасттар мебошад. 

Дар соли 2018 Шаҳло Бурҳонова азми васеътар намудани доираи фаъолияти коргоҳашро дошта, мехоҳад сехи бофандагӣ таъсис дода, ба истеҳсоли дастархонҳои миллии дастдӯзӣ, бо дизайни муосири миллӣ таҳия намудани тахтпӯш ва дигар лавозимоти рӯзгор машғул шавад. "Нақшаҳоямон зиёд аст. Оянда мехоҳем барои 300 нафар занону духтарони маҳаллӣ ҷойи кор муҳайё намоем. Имсол барои 10-12 нафар курси омӯзишии ҳунарҳои дастӣ ташкил карда, онҳоро ба кори доимӣ фаро гирем. Дар баробари ин ки ҳар сол то 25 нафар занони хонанишин аз омӯзишҳои назди корхонаи мо мегузаранд, барои таҷрибаомӯзии донишҷӯдухтарони литсейи касбӣ-техникии ноҳия низ шароити мусоид фароҳам меорем”, - зикр намуд Ш. Бурҳонова.

Қобили зикр аст, ки 4 августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари кориашон дар ноҳияи Шаҳритӯс бо маҳсули дасти дӯзандаҳои коргоҳи "Зебо-75” ошно гардида, ба фаъолияти бонувону духтарони он баҳои баланд доданд. Сарвари давлат инчунин дар мулоқоти баъдинаашон дар ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон ва ҳамоиши ҷумҳуриявии соҳибкорон дар шаҳри Душанбе аз коргоҳи "Зебо-75” ёдовар шуда, фаъолияти босамари онро ба ҳамагон муаррифӣ намуданд.

- Мо - соҳибкорони ватанӣ, аз ин лутфу инояти Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдорӣ карда, тамоми нерую маҳорат ва ҳунари хешро ба он равона менамоем, ки сатҳу сифати корамонро мувофиқ ба талаботи замон роҳандозӣ созем, дар таъмини даҳҳо нафар духтарону бонувон бо ҷойи кори доимӣ ва рушду нумӯи ҷумҳурӣ дар соҳаи саноати сабук саҳми арзишманди хешро гузорем, - хулоса кард Ш. Бурҳонова.

Ҳангомаи ИСМАТ,

"Хатлон”


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот д ...

Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот д ...

Хабарҳо
Сарбанд. Азми таъсиси коргоҳи адрасбофӣ бо гранти президентӣ

Сарбанд. Азми таъсиси коргоҳи адрасбофӣ бо гранти президентӣ

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Таъмини 12 зани хонашин бо ҷойи кор

Таъмини 12 зани хонашин бо ҷойи кор

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Соҳибкорон нерӯи бузурганд

Соҳибкорон нерӯи бузурганд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
«Интихоби ман - маҳсулоти ватанӣ»

«Интихоби ман - маҳсулоти ватанӣ»

Хабарҳо, Маориф ва илм