Дар як сатр
» » Сабру таҳаммул дар таълимоти Имоми Аъзам

Сабру таҳаммул дар таълимоти Имоми Аъзам

19-01-2015, 14:01

Сабру таҳаммул дар таълимоти Имоми Аъзам


Дар ҷомеаи муосири инсонӣ-ҷаҳонишавии тамоми соҳаҳои зиндагӣ зиддиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рӯз то рӯз боло гирифта, ахлоқ то андозае рӯ ба таназзул оварда, зулму ситам ва эътирози иҷтимоӣ дар муносибат ва рафтори одамон афзуда истодааст. Заиф шудани ҷанбаи ахлоқӣ солҳои охир дар як қатор мамлакатҳои минтақаҳои гуногуни кураи замин хеле тезу тунд шуда истодааст.

Дар ҳама давру замон ҳар як қавму халқ баҳри рушду такомул ва умуман пешрафти ҷомеа ба истифодаи арзишҳои мероси ниёгони худ ҳамеша ниёз доштанд ва имрӯз ҳам ниёз доранд. Корбурди мероси ниёгон дар ҳама ҳолат дар раванди таълиму тарбияи насли наврас, солим ва бою ғанӣ гардонидани ахлоқ ва маънавиёти ҷомеа аз манфиат холӣ нест.

Сарчашмаҳои таърихӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки халқи форсу тоҷик дар раванди ташаккул ва рушди таърихии хеш ба зулму золимӣ, шӯру ошӯб ва тохту тозҳои аҷнабиён нигоҳ накарда, фарзандони бузургеро ба саҳнаи зиндагӣ оварданд, ба онҳо чунон таълиму тарбия доданд, ки осори эшон натанҳо дар ташаккулу такомул ва рушди илму фарҳанг, маданияту маърифат, ҳувият ва асолати азалии миллати хеш, балки дар камолоти маънавии тамоми башарият нақши арзандаи худро гузоштаанд.

Вазъияте, ки имрӯз дар ҷомеаи башарӣ ба миён омадааст, аз инсонҳо ҳамкорӣ, гуфтушунид, якдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ, истифодаи дастовардҳои илмиву технологии тамоми инсоният ва арзишҳои беҳтарини умумибашариро тақозоменамояд. Дар шароити ҷаҳони муосир ин раванд суръат гирифта, таҳким ёфта истодааст. Дар ин росто, ба халқи тоҷик зарур аст, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллии хеш арзишҳои беҳтарини умумибашариро истифода намояд. Дар баробари ин, сират ва симои миллии худро нигоҳ дошта тавонад. Дар ҳалли ин проблема фарҳанг ва тамаддуни дини ислом низ метавонад аҳамияти хеле бузургро доро бошад.

Таҷрибаи ҳаётӣ дар тӯли садсолаҳо нишон дод, ки дини мубини ислом бо фарҳанг, маърифат, маданият ва маънавиёти халқи тоҷик созгор гашта, минбаъд дар раванди ба низом овардан ва рушду такомули масъалаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва таълиму тарбияи насли наврас мақоми арзандаеро касб кардааст.

Яке аз шахсони бузурге, ки дар саргаҳи омезиши тамаддунҳои ориёию дини ислом қарор дошт ва поягузори мазҳаби «ҳанафӣ», илмҳои фикҳ ва каломи дини ислом мебошад - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит буд. Меросе, ки Имоми Аъзам баъди худ боқӣ мондааст метавонад намунаи равшани гуфтугӯи дин илм, фарҳанг ва тамаддунҳои башарӣ бошад.

Асоси (ҷавҳари) таълимоти Имоми Аъзамро арзишҳои волои ахлоқи инсонӣ ба монанди, сабру таҳаммул, инсондӯстӣ, ватандорӣ, гуфтушунид, якдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва худшиносӣ ташкил медиҳад. Ӯ ҳамчун мутафаккири бузург мардумро ба ваҳдат, сулҳу осоиштагӣ, саодати инсонӣ ва ободии ҷомеа даъват карда, ҷонибдорони равияву гурӯҳҳои ҷангҷӯю ситамгарро ба сабру таҳаммул, гуфтушуниду якдигарфаҳмӣ ҳидоят кардааст.

Таҳлили осори Имоми Аъзам шаҳодат медиҳад, ки мутафаккири бузург бо мақсади аз байн бурдани зиддиятҳо дар дини ислом ва пок сохтани он аз ҳаргуна нуқсону норасоиҳо ва равияҳои ҷангҷӯӣ мардумро ба гуфтугӯи фарҳангӣ, дарк намудан, пос доштан, эҳтирому эътироф ва риояи арзишҳои аслии дини ислом тарғиб карда, ба сабру таҳаммул ва якдигарфаҳмӣ даъват намудааст.

Имоми Аъзам дар таълимоти хеш ба он кӯшиш ва талош варзидааст, ки ба василаи илму дониш, ақлу заковат ва хираду маърифат дар ҳар як шахс фазилатҳои ахлоқи ҳамидаро рушд ва такмил диҳад. Бузургвор дар баробари дигар хислатҳои неки инсонӣ дар ҳар як фард ташаккул додани сабру таҳаммулро низ гаштаву баргашта таъкид кардааст. Маҳз имрӯз ҳар яке аз мо бо хубӣ ҳис менамоем, ки ақидае, ки ҳазору сесад сол қабл асосгузори мазҳаби мо Имоми Аъзам таъкид карда буд, то чӣ андоза аҳамияти он барои инсонҳо беш аз пеш меафзояд.

Чи тавре ки зикр рафт, Имоми Аъзам дар саргаҳи ду тамаддун - ориёӣ ва исломӣ зиндагӣ ва фаъолият карда, ба хубӣ дарк мекард, ки барои ба низом овардани ақидаҳои мухталиф, сараввал дар атрофи як ақида ва баъдан як тамаддун гирд овардани мардум кадом мушкилиҳоро ба пеши рӯ меорад. Аз ин рӯ, ӯ дар таълимоти хеш ҳазору сесад сол қабл мардумро ба сабру таҳаммул, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар, гӯш додану қабул намудани фикру ақоиди мухолифон даъват кард. Ба қавли Имоми Аъзам, дар чунин ҳолатҳо ҳар як фарди соҳибақлу соҳибхирад бояд ба он бикӯшад, ки дар ҳалли ҳамагуна масъалаҳо сабру таҳаммулро шиори худ қарор дода, онро ба некӣ анҷом диҳад.

Дар ин хусус Имоми Аъзам чунин фармудааст: «Ҳамеша (дар корҳо ва дар роҳи даъват) сабру таҳаммул, дили пургунҷоиш ва рафтори нек дошта бош!»
Имоми Аъзам мардумро ба омӯзиш, таҳлил ва дар ин замина баровардани хулосаи дурусти таълимоти Қуръони маҷид ва ҳадисҳои Муҳаммад (с) даъват кардааст. Ба ақидаи ӯ, агар мардум саросар Қуръони маҷид ва ҳадисҳои Муҳаммад (с)-ро дуруст омӯхта, таҳлил намоянд, пеш аз ҳама, онҳо ба моҳияти аслии он сарфаҳм рафта, ҷавҳари (асоси) таълимоти дини исломро, ки аз некиву накукорӣ, сабру таҳаммул, созиш, якдигарфаҳмӣ, инсондӯстӣ, гуфтушунид ва эҳтироми якдигари байни инсонҳо иборат аст, ба хубӣ дарк менамоянду, сипас дар зиндагии худ дуруст (пурсамар) истифода мебаранд.

Ҳамин нуктаро бояд таъкид намоем, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавии тамоми соҳаҳои ҳаёти имрӯза ба инсонҳо (новобаста аз нажод, миллат, дин, мазҳаб, ҳизбият ва ғайра) зарур аст, ки хусусиятҳои илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, динӣ, мазҳабӣ ва ғайраҳоро бо сабру таҳаммул эътироф ва қабул намоянд. Ин маънои онро дорад, ки ҳамагуна фарқиятҳое, ки дар байни худи одамон вуҷуд дорад, бояд сабру таҳаммул карда, ҳама масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва ғайраҳоро бо роҳи гуфтушунид ва якдигарфаҳмӣ ҳаллу фасл намоянд.

Чи тавре маълум аст, раванди ҷаҳонишавии ҳамаи соҳаҳои ҳаётӣ дар замони муосир ногузир аст. Ва дар ин раванд монеаҳое ба миён меоянд, ки рафъи онҳо аз намояндагони ҳама халқу миллатҳо меҳнату заҳматҳои зиёдеро тақозо менамояд. Бо мақсади ҳарчӣ тезтар ва сабуктар рафъ намудани ин монеаҳо ба одамон лозим мешавад, ки ҳарчӣ бештар сабру таҳаммулро пешаи худ созанд.

Дар замони муосир ҳарчанд масъалаи ташаккули ҳисси таҳаммулпазирӣ дар насли ҷавон хеле муҳим бошад ҳам, аммо олимони соҳаи илмҳои сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, фалсафа, илоҳиёт ва педагогика ва равоншиносӣ бо таври бояду шояд ба ҳалли ин мавзӯъ машғул намешаванд. Чунин муносибат нисбати масъалаи мазкур дар интиҳо дар муносибатҳои байни одамон ва пешрафти ҷомеаи демократӣ таъсири манфӣ расонида истодааст. Бинобар ин, ба олимони илмҳои ин соҳаҳо муҳим аст, ки ҳарчӣ зудтар ба тадқиқ ва таҳқиқи ин масъала диққати ҷиддӣдиҳанд.

Таҳлили осори Имоми Аъзам аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ яке аз роҳҳои ташаккули таҳаммулпазириро дар насли наврас, пеш аз ҳама, дар намунаи ибрати шахсии омӯзгор, падару модар ва дигар аъзои ҷомеа медид. Чуноне ки аз сарчашмаҳои боэътимоди дини ислом бар меояд, некӣ, бародарӣ, адолати иҷтимоӣ, таҳаммулпазирӣ, сулҳу субот, баробарӣ ва ғайраҳо дар дини ислом мавқеи устуворро ишғол мекунанд. Дар ин росто ақидаи Имоми Аъзам низ нисбати эҳтироми инсон, қадру манзалати ӯ, таҳаммулпазирӣ натанҳо нисбати муътақидони дини ислом, балки нисбати пайравони динҳои дигар низ бисёр равшан аён мегардад. Муносибат, сабру тоқат ва таҳаммулпазирии Имоми Аъзам нисбат ба ҳамсояи яҳудии худ барои ҳама метавонад намунаи ибрат бошад. Чи тавре, ки аз сарчашмаҳо ба мо маълум аст, яҳудӣ аз сабру тоқат, таҳаммул ва муносибати ғамхорона то дараҷае зери таъсир қарор мегирад, ки ҳатто кеши Абӯҳанифаро қабул менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки масъалаи (мавзӯи) таҳаммулпазирӣ, пеш аз ҳама, аз Қуръони карим аз ояти 83 сураи Бақара, ояти 86 сураи Нисо ва ғайра сарчашма мегирад. Дар ин мавзӯъ мо мебинем, ки дини мубини ислом ба мусалмонон иҷозат додааст, ки дар корҳои фаннӣ, илмию таҳқиқотӣ, кишоварзӣ ва ғайра аз ғайри мусалмон низ истифода намоянд. Чи тавре, ки ба мо маълум аст, расули Худо (с), ки дар тамоми корҳои бандагон пешво ва раҳбари беҳтарин ба ҳисоб меравад, дар мавриди чи тавр рафтор намудани мусалмонон ба ғайри мусалмонон низ беҳтарин намунаро пешниҳод намудааст. Расули Худо (с) ба аҳли зимма аз рӯи эҳтиром васият намуда, мефармоянд: «Касе, ки як зиммиро азият диҳад, маро азият дода бошад. Ва касе, ки маро азият дода бошад, Худоро азият додааст». Вобаста ба ин, Имоми Аъзам ба фарзандаш Ҳаммод чунин васияти падарона кардааст: «Ҳеҷ гоҳ бо мусалмонон ва ё зиммӣ (зардуштӣ, мусавӣ ва исавиёне, ки бо шароити махсус дар мамлакатҳои исломӣ зиндагӣ менамоянд) душманӣ макун».

Чи тавре ки дар боло ишора рафт, Имоми Аъзам дар «Васиятнома»-и худ ба фарзандаш Ҳаммод таъкид намудааст, ки дар зиндагӣ бо ҳамсоягони худ муносибати хуб кунад, хушрафтор бошад, ҳарчӣ аз дасташ ояд ба онҳодасти ёрӣ дароз намояд ва ба ҳама озору азияти эшон сабру таҳаммул кунад. Дар ин бора файласуфи бузург чунин фармудааст: «Бо ҳамсоя хушрафтор бош ва аз озору азияти он сабр кун».

Имоми Аъзам дар таълимоти хеш мардумро ба таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ва озодии сухан, гуногунақоидӣ, эътиқоди намояндагони дигар дину мазҳабҳо даъват намудааст. Маҳз ҳамин равандҳо буд, ки мазҳаби ҳанафӣ дар байни халқу миллатҳои дигари олам шуҳрати бузургро соҳиб гашт.

Ҳамин нуктаро бояд таъкид намоем, ки хусусияти асосии фарқкунандаи мазҳаби ҳанафӣ аз дигар мазҳабу равияҳо дар ахлоқи воло, инсондӯстӣ ва таҳаммули баланди инсонӣ мушоҳида мегардад. Ҳамзамон бояд зикр намоем, ки ҷомеаи муосир,ба вижа мусалмонон, имрӯз то ба охирон нақше, ки то кунун таълимоти мутафаккир дар рушду такомули ғояи инсондӯстиву таҳаммулпазирии динӣ бозидааст ва ҳоло ҳам рисолати худро иҷро карда истодааст, дарк накардаанд. Бинобар ин, маҳз имрӯз вақти он расидааст, ки мардуми мо, хусусан ҷавонон, ин ғояи Имоми Аъзамро ҳарчӣ бештар ва ҳаматарафа омӯхта дар амал истифода намоянд. Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзи мо ба масъалаи мазкур диққати ҷиддӣ дода намешавад.

Зикр бояд кард, ки таъсири ғояҳои (идеяҳои) Имоми Аъзам - буд, ки ақидаҳои гуногуни тамаддунҳои дигар дину мазҳабҳоро ба низом дароварда, мазҳаби нави мустақил, озод ва инсонпарвару башаррдӯст – ҳанафиро ба саҳнаи зиндагӣ баровард.

Дар шароите, ки мо имрӯз қарор дорем, яъне ҷаҳонишавии ҳамаи соҳаҳои зиндагии инсонӣ, дар ҳолати номусоид, ноҳинҷор, ногувор қарор доштани мусалмонон аст, аз ин рӯ, ба мо лозим меояд, ки гаштаву баргашта осори Имоми Аъзамро, аз ҷумла, таълимоти ӯро дар бораи ахлоқи волои инсонӣ, инсонпарвариву таҳаммулпазирӣ омӯзем, усораи онро мавриди таҳлил қарор диҳем, аз мавқеи нав ба хулосаҳои амиқ оем, ва онҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ карда, ба роҳу равиши нав насли ҷавонро дар ин рӯҳия тарбия намоем.

Дар шароити ҷомеаи муосир мушоҳида карда мешавад, ки шаҳрвандон рӯз то рӯз оид ба масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра бештар бетоқатӣ ва шитобкорӣ зоҳир менамоянд. Таҳлил ва мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки як қабил одамоне ҳастанд, ки аз ҳама чизи буда норизой, бетоқатӣ ва дар бисёр ҳолатҳо ба шитобкорӣ роҳ медиҳанд. Ҳаёти инсон чунон аст, ки ҳама чизи дунёӣ яку якбора дода намешавад ё ин ки сохта намешавад. Барои ба анҷом расонидани ин ё он кор, ба даст овардани ин ё он чиз, ё худ ба ин ё он ҳадаф расидан илова ба ҳамаи кӯшишҳо, талошҳо ва ҳаракатҳои инсон ба ӯ вақт лозим мешавад. Аз ин лиҳоз, хоҳу нохоҳ лозим меояд, ки мо таҳаммул намуда, босабру тоқат бошем то ин ки ҳамаи ин омилҳои кори моро пешбаранда ба вуқӯъ бипайвандад.

Тибқи таҳлилҳо табиати инсонӣ чунин аст, ки дар ҳолати камдастӣ, норасоӣ азобу машаққатҳои зиндагӣ муҳточи чизе (дар орзуи зиндагии беҳтар) мешаваду барои ба мақсад расидан талош менамояд. Аммо дар ҳолате, ки ба ҳамон орзуҳояш муваффақ мегардад, ба ҷои шукргузорӣ кардан, баръакс, ҳолати рӯзҳои гузаштаи худро фаромӯш карда, боз аз буд зиёдтару бештарро талабгор мегардад. Ин ҳама аз бетоқатӣ ва бетаҳаммулпазирии ӯ дарак медиҳад.Ҳол он ки маҳз дар ҳамин ҳолат лозим меояд, ки мо ҳарчӣ пуртоқат ва таҳаммулпазир бошем.

Имоми Аъзам таъкид кардааст, ки ҳар як шахс бояд, ки дар ҳама ҳолати зиндагӣ босабру таҳаммул бошад. Аз ин рӯ, ӯ ба шогирдонаш таъкид кардааст, ки дар вақти баҳсу мунозираи илмӣ низ ҳамеша бо таҳаммул ва пуртоқат бошанд ва бо девонагон ва он олимоне, ки илмро баҳри ҷоҳу мансаб ва беобрӯ кардани дигарон истифода мебаранд, ҳамсуҳбату ҳамнишини онҳо нашаванд. Зеро чунин олимон дидаву дониста, ҳарчанд донанд, ки ту ҳақ бошӣ ҳам, онҳо бо мақсади беобрӯ ва шарманда кардани ту аз ягон чиз шарму ибо нахоҳанд кард. Ба қавли мутафаккир, агар таҳаммул ва бетоқатӣ зоҳир карда, бо чунин олимон ба баҳсу мунозира бипардозӣ, оқибат худ беобрӯ ва шарманда гардӣ. Бинобар ин, дар ҳама ҳолат бояд ботамкин, ботаҳаммул ва пуртоқат бошед,то ин ки ба саросемагӣ ва бетоқатӣ роҳ надиҳед. Дар ин хусус Имоми Аъзам чунин овардааст: «Зинҳор бо девонагон ва он аҳли илме, ки равиши мунозира ва ҳамчунин ба онҳое, ки илмро маҳз ба хотири касби ҷоҳу мақом меомӯзанд ва барои резонидани обрӯи дигарон ба мубориза ва баррасии масоил дар байни мардум мепардозанд, суҳбат накун, зеро онҳо мехоҳанд туро шарманда ва беобрӯ намоянд ва дар ин бора аз чизе ибо надоранд, ҳарчанд туро барҳақ бидонанд».

Аз таҳлили осори Имоми Аъзам мо ба чунин хулоса меоем, ки ӯ ба мардум таъкид кардааст, ки дар ҳама маврид ба он кӯшиш намоянд, ки дар раванди зиндагӣ ҳамеша босабру тоқат ва таҳаммулпазир бошанд. Ва маҳз ҳамин роҳи босабру таҳаммулпазирӣ инсонро дар бештари ҳолатҳо ба мақсуд мерасонад.

Имоми Аъзам дар таълимоти хеш кӯшиш ба харҷ додааст, ки зарурат ва муҳиммияти таҳаммулпазириро, ки яке аз фазилатҳои ахлоқи волои инсонӣ ҳисобида мешавад, дар ҳаёти инсон барои наслҳои оянда мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Ҳамин тариқ, мутафаккири бузург исбот карданӣ мешавад, ки ташаккули ҳисси босабру тоқат ба таҳаммулпазирӣ дар раванди ба камол расидани шахсияти ҳар як инсон яке аз омилҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, омӯзиш, таҳлил ва истифодаи ақидаҳои ИмомиАъзам оид ба масъалаи таҳаммулпазирӣ ва сабру тоқат аз роҳу усулҳои беҳтарини рушди ҳар як шахс ба ҳисоб рафта, яке аз омилҳои асосии расидан ба дараҷаи инкишофи шахси ҳаматарафаи ҷомеаи муосир мебошад.

Қ. АБДУРАҲИМОВ,
профессори ДДҚ ба номи Носири Хусрав


«Хатлон», №46, аз 11 декабри соли 2014


Шарҳи хонандагон +
Kamagra Vendita Francia priligy dapoxetine au maroc Costo Levitra In Italia Cialis 10 Mg Tadalafil Filmtabletten Promethazine In Canada Clobetasol With Overnight Delivery Propecia Propecia levitra a precios baratos Is There A Way To Get Cialis Overnight Tamoxifene 20mg Secure Ordering Macrobid 100mg For Sale Tablet Cod Propecia Efectivo Caida Buy Sildenafil lasixpurchase Amoxicillin 850mg Side Effects Viagra Ou Cialis Generique Propecia Experiences Viagra Generika Preisvergleich comprar cialis valencia Metronidazole For Cheap Expired Liquid Amoxicillin Tetracycline Vendors Cialis Todos Los Dias Plavix Copay Discount Card viagra online Amoxicillin Compared To Cephalexin Le Viagra Chinois
9 декабр 2016 06:42
Buy Synthroid Without A Script Child Reaction To Amoxicillin Famciclovir Cost cialis Keflex For Pet And People Meglio Levitra O Viagra Eastern Canada Pharmacy For Levitra Ampicilline Antibiotiques Amoxil Baclofen Pas Cher En France lasix pharmacy takes paypal payment Robaxin For Sale No Isotretinoin Skin Health On Line cialis online pharmacy Can You Take Amoxicillin Capsule Apart Viagra And Cialis Sample Pack viagra efectos secundarios en jovenes Comprar Cialis En Mallorca Viagra Homeopathie Levitra Bayer Preise viagra Buy Levitra Super Active Online
19 декабр 2016 14:28

Матолиби дигар:

Нерӯи зеҳнӣ – сармояи беҳтарини ҷомеа

Нерӯи зеҳнӣ – сармояи беҳтарини ҷомеа

Хабарҳо, Маориф ва илм
Фатвои Шӯрои уламо: Тарғиби ақидаи Салафия тарғиби терроризм аст

Фатвои Шӯрои уламо: Тарғиби ақидаи Салафия тарғиби терроризм аст

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Фатвои Маркази исломии Тоҷикистон: 8 узре, ки ба сабаби онҳо хӯрдани рӯза и ...

Фатвои Маркази исломии Тоҷикистон: 8 узре, ки ба сабаби онҳо хӯрдани рӯза и ...

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Сегоникҳои хуросонӣ чӣ рӯзгор доранд?

Сегоникҳои хуросонӣ чӣ рӯзгор доранд?

Ҳаёти иҷтимоӣ
«Аз тамрин то тамкини сухан» рўйи чоп омад

«Аз тамрин то тамкини сухан» рўйи чоп омад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА