Дар як сатр
» » Нақшаи умумии андозҳо 102% иҷро гардид

Нақшаи умумии андозҳо 102% иҷро гардид

5-02-2018, 19:43

Нақшаи умумии андозҳо 102% иҷро гардид

Бақияи қарзи андозҳо дар сатҳи вилоят то охири соли 2017 ба 172,8 миллион сомонӣ расида, нисбат ба авали соли 2017 ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ кам шудааст. Дар сатҳи 14 шаҳру ноҳияи вилоят 18,5 миллион сомонӣ бақияпулиҳо кам шуда бошад ҳам, дар 11 шаҳру ноҳия, мутаассифона, ба маблағи 12,9 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

 

Ҷ. Нурзода, сардори Раёсати андози вилояти Хатлон, зимни ироаи ин хабар дар нишасти матбуотиаш гуфт, ки бақияпулии андоз аз ҷумла дар шаҳри Қӯрғонтеппа 2,8 миллион сомонӣ, ноҳияҳои Фархор 2,8 миллион сомонӣ, Ховалинг 2,6 миллион сомонӣ, М. С. А. Ҳамадонӣ 1,6 миллион сомонӣ, Муъминобод 779 ҳазор сомонӣ, Восеъ 753 ҳазор сомонӣ, Дӯстӣ 721 ҳазор сомонӣ, Хуросон 547 ҳазор сомонӣ, Темурмалик 97,3 ҳазор сомонӣ, Н. Хусрав 89 ҳазор сомонӣ, Ҷ. Балхӣ 59 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

- Бо мақсади кам кардани бақияпулиҳои андоз ва шумораи андозсупорандагони қарздор дар давраи ҳисоботӣ ба унвони 22 ҳазору 289 андозсупоранда огоҳиномаи қарздорӣ ба маблағи умумии 271,1 миллион сомонӣ ирсол шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет 130,9 миллион сомонӣ ворид гардид, - зикр кард Ҷ. Нурзода. – Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят нақшаи ду намуди андоз – андоз аз арзиши иловашуда ва андози иҷтимоӣ - иҷро нагардид, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб зиёда аз 50 миллион сомонӣ ба буҷет ворид нашуд. Сабабҳои асосии таъмин нагаштани иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ дар соли 2017 дар як қатор субъектҳои хоҷагидор кам шудан ё афзоиш наёфтани музди меҳнат ва кам гардидани шумораи коргарон ба ҳисоб меравад. Дар давраи ҳисоботӣ дар миқёси вилоят манбаъҳои андозбандии андози иҷтимоӣ, аз ҷумла шумораи коргарон дар маҷмӯъ 1894 нафар кам гардида, даромади дар шакли музди меҳнат ҳисобшуда ҳамагӣ 7% ва музди миёнаи моҳона 10,7% афзоиш ёфтаасту халос.

Бо вуҷуди ин ҳам, нақшаи умумии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар соли 2017 ба андозаи 102,1 фоиз таъмин шуда, ба ҷойи як миллиарду 177,8 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷет як миллиарду 202,2 миллион сомонӣ ворид гардидааст.

Ҷ. Нурзода ҳамчунин хабар дод, ки корхонаҳои «Ресанда» (19 миллион сомонӣ) ва «Трансформатор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа (3 миллион сомонӣ), идораи хоҷагии оби ноҳияи Бохтар (зиёда аз 6 миллион сомонӣ) ва хоҷагии «Авесто»-ю заводи пахтаи «Ориёно» (ҳар яке беш аз як миллион сомонӣ) дар рӯйхати қарздорони азими идораи андоз қарор доранд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Муҳлати даъвои 36,7 миллион сомонӣ «қарзҳои беэътимод» гузаштааст

Муҳлати даъвои 36,7 миллион сомонӣ «қарзҳои беэътимод» гузаштааст

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ошкорсозии 1,1 млн. сомонӣ зарар

Ошкорсозии 1,1 млн. сомонӣ зарар

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ – наздики ду миллиард сомонӣ

Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ – наздики ду миллиард сомонӣ

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нақшаи ҷамъоварии андоз - 115%

Нақшаи ҷамъоварии андоз - 115%

Хабарҳо
Афзоиши шумораи қарздорон

Афзоиши шумораи қарздорон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо