Дар як сатр
» » Чорабинӣ хотирмон гузашт

Чорабинӣ хотирмон гузашт

5-02-2018, 19:12

Чорабинӣ хотирмон гузашт

Ҳамойиши ҳунармандони шаҳру навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппа таҳти унвони "Ҳунарҳои мардумӣ-рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ”, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил ёфтааст, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ-фарҳангӣ, ки аз Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ҳунармандони асил эъҷози дастонашонро, аз қабили чакандӯзию гулдӯзӣ, адрасбофӣ, нақшу нигорпартоӣ дар гилем, наҷҷорӣ, косибӣ ва ғайра, ки аз соҳибтамаддунию бофарҳангӣ ва мероси ғанидоштаи миллати тоҷик дарак медиҳад, ба маъраз гузоштанд.

Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Абдуҷаббор Баҳодурзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Ҷамолиддин Исматуллозода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии минтақа аз намоишгоҳ дидан намуда, ба маҳсули дастони фусункори ҳунармандони моҳир баҳои сазовор  доданд.

Сипас бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кохи фарҳанги ноҳия конференсия доир гардид, ки онро бо сухани табрикӣ раиси ноҳия А. Баҳодурзода кушода, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мардуми ватандӯсту ҳунарпарвари ноҳия меҳмононро хушомадед гуфт.

Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода дар баромади пурмуҳтавои худ ҷанбаҳои воқеӣ доштан ва саривақтӣ ба ҳаёт ворид шудани соли махсус, бахшида ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро дар кишварамон арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки ин ҳама таваҷҷуҳ ва посдориҳо нисбат ба сарзамини куҳанбунёд ва шоҳкориҳои миллати  тоҷик аз сиёсати раъиятпарварона ва воқеъбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. 

Дар кори конференсия, ҳамчунин, коршиносону таърихдонон баромад намуда, аз таърихи бойю ғании тоҷикон дар самти эҷоди бемисли чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, намадбофӣ, рангофарӣ, кандакорӣ дар чӯб, кулолгарӣ, чармгарӣ ва ғайра маълумот доданд.

Конференсияро санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия бо дастагули тару тозаи консертӣ ҳусни анҷом бахшиданд, ки он барои ҳамагон хотирнишон буд. 

 

И. Ҳасанов, "Хатлон”.

Аксбардор М. Ашӯров


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
«Ҳунарҳои мардумӣ - рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ»

«Ҳунарҳои мардумӣ - рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

Хабарҳо, Туризм
Корвони маърифат

Корвони маърифат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
«Корвони маърифат» ба Хуросон омад

«Корвони маърифат» ба Хуросон омад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, КОМРОНИ БАХТИЁР