Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҷавонон касби рӯзноманигориро интихоб мекунанд


Ҷавонон касби рӯзноманигориро интихоб мекунанд



1 октябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Данғара бо иштироки устодону донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ вохӯрӣ бо рӯзноманигорон доир гардид.

Бояд тазаккур дод, ки ин иқдоми нек аз ҷониби мудири кафедраи рӯзноманигорӣ Сабрина Олимиён рӯи кор омада, ба нахустин маҳфили рӯзноманигорон кормандони рӯзномаи вилоятии “Хатлон” – сармуҳаррири рӯзнома Носирҷон Маъмурзода ва собиқадори матбуот Саттор Қарахонов даъват шуданд. 

Ин иқдомро С. Олимиён чунин шарҳ дод: “Вохӯрии донишҷӯёнро нахуст аз рӯзномаи “Хатлон” шуруъ кардан ба он хотир буд, ки “Хатлон” мактаби рӯзноманигории худро дошта, яке аз беҳтарин нашрия дар миёни рӯзномаҳои даврӣ маҳсуб меёбад. Донишҷӯён дар ин вохӯрӣ аз рӯзноманигорони касбӣ ва соҳибтаҷрибаи он таассуроти неку таҷрибаи судманд бардоштанд”.

Дар ифтитоҳи “мизи мудаввар” Қурбон Самариддинов, декани факултети филологияи тоҷики ДДД, иттилоъ дод, ки ду сол қабл ихтисоси рӯзноманигорӣ таъсис ёфт ва ҳоло донишҷӯён дар чор гурӯҳ таҳсил мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки дар оянда рӯзноманигорони ҷавони касбӣ тарбия ёбанд.

Дар ҷараёни суҳбати озоди “мизи мудаввар” рӯзноманигорони оянда ба фаъолияти нашрияи “Хатлон”, истифодаи дастгоҳҳои муосири чопӣ, мактаби рӯзноманигории нашрия, ҷалби кадрҳои ҷавони журналистӣ ба фаъолияти эҷодӣ, ҳамкории рӯзнома бо аҳли ҷомеа, хабарнигорони ҷамоавӣ, шароити корӣ, бештар таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”, сараввал дар бораи таърихи 91соли нашрия, фаъолияти кунунии аҳли эҷоди рӯзнома, дастовардҳои қаламкашон маълумот дод. Ҳамзамон ба суолҳои иштирокдорон посухҳои қаноатбахш дода, донишҷӯёнро дар давраи таътил барои коромӯзӣ ба идораи рӯзномаи “Хатлон” даъват намуд. Ҳамзамон ба китобхонаи факултет китобҳои ихтисосӣ ва теъдоде аз рӯзномаи 90-саҳифагии “Хатлон”-ро, ки бахшида ба 90-солагии нашрия чоп шуда буд, тақдим намуд.

Собиқадори матбуот, котиби масъули рӯзномаи “Хатлон” Саттор Қарахонов аз таҷрибаи кории рӯзноманигории 50-солаи худ, фаъолияти рӯзнома дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, дирӯзу имрӯзи “Хатлон” қисса карда, рӯзноманигорони ояндаро барои ба касби интихобкардаашон содиқ будан, пуркорию соданависӣ, ҳақиқатбинию ҳақиқатҷӯиву ҳақиқатгӯӣ ҳидоят намуд.

Суҳбати “мизи мудаввар” шавқовару судбахш гузашт.

С. Аттор, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода