Дар як сатр

ЗАН ВА САРҚОНУН

19-01-2015, 11:00

ЗАН ВА САРҚОНУН

«Дар байни аъзои Ҳукумат имрӯз шумораи занон ду баробар зиёд гардида, дар мақомоти олии намояндагии кишвар 11 нафар занон фаъолият доранд. Аз 18 300 нафар хизматчиёни давлатӣ, ки дар мақомоти марказиву маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳо фаъолият менамоянд, 4315 нафар ё 24 фоизро занон ташкил медиҳанд.
Дар баробари ҷалби бештари занон… ба идоракунии давлатӣ зарур аст, ки ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ ва қобилияти ташкилотчигии онҳо диққати доимӣ дода, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ ва хизмати содиқона ба халқу Ватан тарбия ва ҳидоят намоем».

Аз Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон
ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 апрели соли 2014


«МАРДОН ВА ЗАНОН БАРОБАРҲУҚУҚАНД»

Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 20 сол муқаддам дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст, ҳуқуқу озодиҳои тамоми шаҳрвандони кишварро қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк баробар дониста, таъмини ин ҳуқуқҳоро аз ҷониби давлат кафолат медиҳад. Ҳамзамон дар моддаи 17-и Қонуни асосии кишварамон таъкид шудааст, ки «Мардон ва занон баробарҳуқуқанд».

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини баробарҳуқуқии зану мард, дастгирии иҷтимоии оилаҳо ва боло бурдани мақому манзалати зан дар ҷомеа як силсила барномаҳои давлатиро қабул ва матраҳ кардааст, ки таҷрибаи камсобиқа ва қобили таҳсин мебошад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (аз 1 марти соли 2005, №89), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 № 5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мисоли равшани ин иддаост. Ин фармони Президенти кишвар бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, бартарафсозии хурофот ва урфу одатҳои иртиҷоӣ, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан ва солим гардонидани генофонди миллӣ, болоравии нақши зан дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат бароварда шудааст.

Тибқи фармони мазкур, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ занонро бо дарназардошти салоҳиятнокӣ ва сифатҳои касбию кордониашон ба ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, ҷамоатҳо, мақомоти прокуратура ва суд, таълимгоҳҳои олӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф таъин намуданд. Бо дарназардошти ин фармон, аз соли 2000 ба ин сӯ, занони ботаҷрибаву лаёқатманд ва соҳибихтисосу салоҳиятнок дар вазифаи яке аз муовинони роҳбари вазоратҳо (ба истиснои сохторҳои қудратӣ), кумитаҳои давлатӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку ҷамоатҳо, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, дигар муассисаҳои маориф, маданият ва нигаҳдории тандурустӣ таъин шудаву кор мекунанд.

Тавре ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат Эмомалӣ раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар зикр шудааст, Ҳукумати Тоҷикистон дар раванди татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон, фаъол гардонидани нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва ҷавонгардонии синну соли ҳайати кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. «Айни замон танҳо дар мансабҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ 1100 нафар занон фаъолият доранд, ки аз ин 500 нафар ба сохторҳои роҳбарикунандаи вазорату идораҳо рост меояд», омадааст дар Паём. Қобили зикр аст, ки беш аз нисфи ҷамъи кормандони соҳаи маориф дар ҷумҳуриамон занонанд. Дар муассисаҳои тиббии кишвар низ 66,5 фоизи кормандон (қариб 60 ҳазор нафар) аз занон иборат аст.

Феълан тамоми ҷомеа бояд мусоидат кунад, ки занон имконоти амалии рушд додани қобилияти зеҳнию кордонӣ ва дастрасӣ ба фаъолиятҳои сиёсию хизмати давлатиро дошта бошанд. Зеро дар ҳоле ки шумораи занҳои фаъолу шоиста дар музофотҳо ҳам кам нест, дар аксар маврид онҳо шароити кофӣ барои намо додани қудрату ҳунари худ надоранд. Аз сӯйи дигар, чунин ба назар мерасад, ки ҳоло занон дар музофот бештар моиланд роҳҳали мушкилоти иҷтимоии хонаводаи худро пайдо кунанд ва ба умури сиёсӣ рағбат нишон намедиҳанд.

Саодат Амиршоева, яке аз 12 вакилзани Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки аз ҳавзаи Қӯрғонтеппа интихоб шудааст, мегӯяд, ки шумораи ками занони роҳбар маънои онро дорад, ки тарбияи кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби занҳо дар Тоҷикистон дар сатҳи лозима қарор надорад.
Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло беш аз 20 дарсади вазифаҳои роҳбарикунанда дар вилояти Хатлонро бонувон ба дӯш дошта, ба ваҷҳи умум, ҳукумати вилоят аз фаъолияти онҳо қаноатманд будааст.

«ОИЛА АСОСИ ҶАМЪИЯТ АСТ»


«Моддаи 33. Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.
Бисёрникоҳӣ манъ аст».

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 № 5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», мақомоти прокуратура, вазорати адлия, вазорати корҳои дохилӣ дастур гирифтаанд, ки муборизаро бар зидди ҳодисаҳои таҳқир ва зӯроварӣ нисбати зан, бисёрзанӣ, маҳдуд кардани ҳуқуқи занону духтарон пурзӯр намоянд.

Мутаассифона, ҳарчанд мутобиқи моддаи 33-и Конститутсия, дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанду бисёрникоҳӣ дар Тоҷикистон манъ аст, мавридҳои зиёди нақзи ҳуқуқи занон, хушунати хонаводагӣ нисбати зан ва бисёрзанӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар моддаи 170-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон низ барои дузанагӣ ё серзанагӣ, яъне бо ду ё якчанд зан зиндагӣ кардан бо пешбарии хоҷагии умумӣ, ҷазои ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои масъулони мақомоти прокуратура, ҷиноятҳои марбут ба бисёрникоҳӣ бештар аз ҷониби соҳибкорон, муҳоҷирони кории ба ватанбаргашта ва афроди сарватманд содир карда мешавад.

Мушкили дигари мавҷуда дар ҷомеаи мо ин аст, ки як қисмати занҳо бо шавҳаронашон никоҳи расмӣ ё қонунӣ надоранд ва дар сурати вайроншавии оила, ҳуқуқашон ба моликият поймол мешавад. Дониши пасти ҳуқуқӣ, мушкилоти иқтисодӣ низ сабаби асосии хушунати оилавӣ нисбати занон мебошад. Зане, ки аз хонаи шавҳар ронда мешавад, аз дастгирӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа, аҳли байт, ҳатто пайвандонашонро бархӯрдор намешаванд, доимо мавриди тазйиқи равонӣ қарор мегиранд.

Дар китоби муқаддаси Қуръони маҷид яке аз сураҳои калонтарин, яъне Нисо, саросар дар бораи зан ва ҳуқуқҳои ӯ оят омадааст. Дар он Худованд шаъну шарафи зан ва баробарҳуқуқии зану мардро ба таври возеҳ зикр намуда, иззату эҳтиром ва дастгириву ғамхорӣ нисбат ба занонро аз ҷумлаи воҷиботи имонии ҳар як мусулмон фармудааст. Пайғамбари дини мубини ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) низ дар ҳадиси худ чунин гуфтааст: «Ҳуқуқи зан муқаддас аст, пас ҳуқуқи ононро ба худашон бисупоред».

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистон низ омадааст, ки оила асоси ҷомеа буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Зеро бе оилаи солим мавҷудияти ҷомеаи солим ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, бунёди оила масъулият ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд.

Аслан, вайроншавии оила кори номуносиб ва нангин буда, пеш аз ҳама ба тарбияи кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Ҳар сол дар вилояти Хатлон садҳо оила барҳам мехӯрад. Худ қазоват кунед, агар, фаразан, ин оилаҳои барҳамхӯрда ба ҳисоби миёна дуфарзандӣ дошта бошанд, аллакай ҳазорҳо кӯдак зиндаятим шудааст. Ин кӯдакон дар хонаи яке аз волидайн - падар ё модар зиста, тарбияи комил намегиранд. Ҳатто баъзеи ин кӯдакон умуман аз меҳру навозиш ва дастгирии моддию маънавии волидайн маҳрум гашта, бепарастор мемонанд ва оқибат даст ба ҷиноят ва корҳои ношоиста мезананд.

Бинобар ин, пеш аз хонадоршавӣ ва созмон додани оила ҷавонон бояд ба зиндагии мустақилона омода бошанд. Падару модарон вазъиятро ҳаматарафа омӯхта, сипас ба оиладор шудани ҷавонон кӯмак расонанд. Бастани шартномаи никоҳ ҳам ба хотири таъмини баробарҳуқуқӣ ва мустаҳкамии оила муҳим мебошад. Албатта дар мавриди сар задани муноқишаи ҷавонон падару модарон, пирони рӯзгордида ва кормандони мақомоти адлия низ бояд тамоми имкониятҳоро истифода намуда, оилаҳоро бо ҳам оштӣ диҳанд ва нақши худро барои пойдории ҷомеа гузоранд.

Ҳақ ба ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гуфтааст: «Оилаи солим як омили муҳими пойдории давлат аст ва маҳз фарзандони соҳибмаълумот, бомаърифат ва оқилу зирак ба қадри падару модар, миллат ва Ватани азизашон расида, номбардори сазовори давлати соҳибистиқлоли хеш мегарданд».

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷорӣ намудани дарси маърифати оиладорӣ ба нафъи кор аст

Ҷорӣ намудани дарси маърифати оиладорӣ ба нафъи кор аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Алиментсупорӣ падарро аз масъулият озод намекунад

Алиментсупорӣ падарро аз масъулият озод намекунад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният
Оила маънии хушбахтиро дорад

Оила маънии хушбахтиро дорад

Номаҳои Шумо, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
«Ҳуқуқи зан муқаддас аст…»

«Ҳуқуқи зан муқаддас аст…»

Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

Ҳаёти иҷтимоӣ