Дар як сатр
» » 85 эътироз ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят

85 эътироз ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят

27-01-2018, 17:16

Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ аз ҷониби мақомоти Прокуратураи вилояти Хатлон нишон дод, ки дар вилоят вазъи ҷинояткорӣ дар соли 2017 нисбат ба соли гузашта тамоили зиёдшавӣ дошта, ҷамъан 6102 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 208 ҷиноят зиёд аст. Ошкоршавии ҷиноят дар сатҳи вилоят ба 84,71% баробар аст.

 

-Аз тарафи муфаттишони прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ин давра 1404 парвандаи ҷиноятӣ дар истеҳсолот буда, пас аз тафтишот 1294 адади онҳо ба суд фиристонида шудааст, -зикр кард Насрулло Маҳмудов, прокурори вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ. – Соли гузашта 181 ҷиноят аз тарафи ноболиғон содир карда шудааст.

Ба гуфтаи Н. Маҳмудов, дар давоми соли 2017 ба суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо 2 ҳазору 336 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 2860 нафар барои моҳиятан баррасӣ намудан ворид гаштааст.

«Иҷроиши талаботи конуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ» таҳти назорати доимии прокуророн қарор дошта, соли 2017 ба 160 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шудааст, ки ҳамаи онҳо вобаста ба қонунгузории замин буда, аз онҳо 85 эътироз ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои ҳоло дар вазифа фаъолиятдошта тааллуқ доранд», - зикр кард Насрулло Маҳмудов, прокурори вилояти Хатлон.

Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки  соли 2017  316 ҷинояти хусусияти террористию экстремистидошта ошкор ва оид ба ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.

Соли 2017 аз ҷониби шаҳрвандон ба прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо 7 ҳазору 184 адад муроҷиат ворид гаштааст, ки нисбат ба соли 2016 11,8% зиёд мебошад.

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

83%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

83%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Н. Маҳмудзода: “Муроҷиати шаҳрвандон бояд сари вақт баррасӣ шаванд”

Н. Маҳмудзода: “Муроҷиати шаҳрвандон бояд сари вақт баррасӣ шаванд”

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт

Сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
61 эътирози мардум ба  қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ

61 эътирози мардум ба қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР