Дар як сатр
» » қариб 47%-и хатмкардаҳои муассисаҳои таълимии вилоят донишҷӯ шуданд

қариб 47%-и хатмкардаҳои муассисаҳои таълимии вилоят донишҷӯ шуданд

27-01-2018, 17:09

 
 
Дохилшавии хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Хатлон тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили нав наздик ба 6% афзоиш ёфт.

Диловар Исоев, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, бо ироаи ин хабар дар нишасти матбуотиаш гуфт, ки аз 48080 нафар хатмкардаҳои таълимгоҳҳои шаҳру навоҳии вилоят 22416 нафар тавассути ММТ ба мактабҳои олӣ дохил шуданд, ки 46,6 фисади шумораи умумии хатмуттаҳсилонро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, имсол назар ба соли гузашта 3856 нафар бештар сазовори унвони донишҷӯӣ шудаанд.

- Соли таҳсили ҷорӣ 3435 нафар аз вилояти Хатлон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии хориҷи кишвар дохил гардиданд, - идома дод Д. Исоев. - Аз шумораи умумии дохилшудагон 2409 нафар хатмкардагони синфи 11-и муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят буда, дар самти бакалавр ва мутахассис таҳсил доранд.

Сардори раёсати маориф ҳамчунин аз фарогирии 90 фисади духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот хабар дода, афзуд, ки дар соли таҳсили ҷорӣ дар синфи 10-ум 51 ҳазору 116 нафар таҳсилро давом дода истодаанд, ки 24 ҳазору 231 нафарашон духтаронанд.

Тибқи маълумоти Д. Исоев, дар соли 2017 дар вилоят 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тамоми шароити корӣ ва 109 кабинети муҷаҳҳази таълимӣ барои 14 ҳазору 996 хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. "Ҳамзамон, дар ин давра дар назди 35 муассисаи таълимӣ барои 6616 хонанда дар ду баст бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта шуд”, - афзуд сардори раёсати маориф.

Дар соли 2017, тавре ки қайд шуд, 106 нафар толибилмони муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии анъанавӣ, даставӣ, номӣ ва байналмилалию фосилавӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ, аз он ҷумла 18 медали тилло ва 30 медали нуқра гардиданд.

Дар идома Диловар Исоев оид ба таълиму тарбия, сифати ғизо ва дигар мушкилоти кӯдакистонҳо, масъалаи кори китобхонаҳои мактабӣ ва таъминоти хонандаҳо бо адабиёти таълимӣ, татбиқи қонуни забон дар муассисаҳои таълимӣ, тахассуси омӯзгорон, натиҷаҳои аттестатсияи давлатӣ дар таълимгоҳҳо ва омодагии мактабҳо ба зимистон бо журналистон суҳбат орост.

 

М. Носирҷон,

"Хатлон”


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Фаъолияти 18 мактаб-интернат дар Хатлон қаноатбахш аст

Фаъолияти 18 мактаб-интернат дар Хатлон қаноатбахш аст

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
77,4% худро дар ММТ ба қайд гирифтанд

77,4% худро дар ММТ ба қайд гирифтанд

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Беш аз 50 медали толибилмони хатлонӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

Беш аз 50 медали толибилмони хатлонӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Н. Хусрав. Таҳсили 3528 хонанда дар синфҳои ӯзбекӣ

Н. Хусрав. Таҳсили 3528 хонанда дар синфҳои ӯзбекӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм
Қариб 5 млн. сомонӣ кӯмаки волидон барои таъмири мактабҳо

Қариб 5 млн. сомонӣ кӯмаки волидон барои таъмири мактабҳо

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА