Дар як сатр
» » Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

27-01-2018, 11:00

22   январи   соли   2018   Асосгузори   сулҳу ваҳдати  миллӣ  -  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон    рамзи    «Соли    рушди    сайёҳӣ    ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади январи   соли  2018   Асосгузори   сулҳу ваҳдати  миллӣ -  Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон    рамзи   «Соли    рушди    сайёҳӣ   ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд. Рамзи  «Соли  рушди  сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои мардумӣ»   доирашакл   буда,   атрофи   он   бо ҳалқаҳои ҳамранги Парчами давлатӣ иҳота карда шудааст, ки аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Дар гирдогирди рамз бо забонҳои тоҷикию англисӣ  матни  «2018  Соли  рушди  сайёҳӣ  ва ҳунарҳои  мардумӣ»  оро  ёфтааст,  ки  ифодакунандаи моҳияти рамз буда, истифодаи матн бо забони англисӣ барои тарғиби ташаббуси мазкур байни сайёҳон ва кишварҳои хориҷӣ мебошад.

Дар  миёни  рамз  кӯҳҳои  осмонбӯсу  сарбафалаки  Тоҷикистон  акс  ёфта,  дар  болои  яке аз қуллаҳои кӯҳ рамзи гардиши абадӣ, ки дар ҳунарҳои мардумӣ васеъ истифода мегарданд, ҳамчун хуршеди тобон нақш гирифтааст. Рамз  ҳамчунин  обҳои  софи  кишварро  дар худ  инъикос  карда,  расми  сайёҳ  ва  нусхаи офтоба, ки ҳамчун нишони ҳунарҳои мардумӣ мебошад,  бозгӯи  рушди  соҳаи  сайёҳӣ,  эҳё  ва дастгирии  ҳунарҳои  мардумӣ  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вазорату  идораҳо,  ташкилоту  муассисаҳо, мақомоти     иҷроияи     ҳокимияти     давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» васеъ истифода баранд.

www.president.tj



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Раҳгумзадагон ҳеҷ ба мақсад нарасанд

Раҳгумзадагон ҳеҷ ба мақсад нарасанд

Номаҳои Шумо
Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ амалӣ мегардад

Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ амалӣ мегардад

Иқтисоду тиҷорат
85 эътироз ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят

85 эътироз ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят

Ҳуқуқу амният
ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

Хабарҳо, Туризм
ҚӮРҒОНТЕППА. РОҲҲОИ 25 КӮЧА ТАЪМИРУ ТАҶДИД МЕШАВАНД

ҚӮРҒОНТЕППА. РОҲҲОИ 25 КӮЧА ТАЪМИРУ ТАҶДИД МЕШАВАНД

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ