Дар як сатр
» » Аз фитнаҳо дур бошем

Аз фитнаҳо дур бошем

18-01-2015, 20:39

Аз фитнаҳо дур бошем


Шукр гӯӣ, неъматат афзун шавад,
В-ар нагӯӣ, аз кафат берун шавад.


Ҳодисаҳое, ки вақтҳои охир дар давлатҳои Сурия, Ироқ ва Покистон рух додаанд, аҳли башарро ба ташвиш овардааст. Мусалмон ба сари мусалмон силоҳ бардошта, ҷониби якдигар тир меандозаду бародар хуни бародар мерезад. Ин ҳама ба хотири чист? Ҳарчанд мехоҳам ба ин суоли худ посух бигӯям, вале дар ҷавобаш лол мондаю сухани тасдиқкунандаи ин қазияро намеёбам. Дар ин раванд Пайғамбарамон (с)дар ҳадиси муборакашон мефармоянд: «дашном додани мусалмон фосиқист ва қитол кардан куфр аст». Дигар ин ки «қотил ва мақтул ҳар ду дар дӯзах аст». Асҳоби Расули акрам савол карданд, ки «қотил барои куштанаш ба дӯзах меравад, мақтул барои чӣ?». Расули акрам посух дод: «Мақтул талоши куштани қотилро дорад».

Чанд рӯз аст, ки шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон наворҳоеро намоиш медиҳад, ки баъзе ҷавонони кишвари мо фирефтаи ваъдаҳои зиёди гурӯҳҳои ҷангҷӯ шуда, дар амалиётҳои ҷангии ин давлатҳо иштирок доранд. Ба ақидаашон, онҳо гӯё ба ҷиҳод рафтаанд. Оё онҳо боре наандешидаанд, ки силоҳро ба сари кӣ бардоштаю ҷониби кӣ тир меандозанд, киро ба қатл мерасонанду мақсадашон чист?

Лаҳзаҳои ҳузнангези наворҳои болозикр касро бетараф мононда наметавонду қалбҳоро реш-реш мекунад. Нолаи модар, хиҷолати падар аз кирдори ноҷои писари ягона маро ба андеша мебарад. Дар ин росто ҳадиси пайғамбар (с) ёдам омад, ки гуфта буд: «нафаре наздаш омад ва иҷозати ба ҷиҳод рафтанро кард. Расулаллоҳ аз вай савол кард: «оё падар ва модар дорӣ?». Ӯ дар ҷавоб гуфт: «оре, дорам». Расулаллоҳ бар вай гуфт: «хизмати ҳамон падар ва модари ту ҷиҳод аст» ва иҷозати рафтани ӯро ба ҷиҳод надод.

Хуб мешуд, ки ҷавонони мо имрӯз барои беҳбудии Ватани худ-Тоҷикистони азиз хизмат мекарданд. Марзи Ватанро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз менамуданд, то ягон нохалаф вориди хоки муқаддасамон нашавад. Мардумро гумроҳ накунанд, зеро мардуми Тоҷикистон як маротиба талхии нофаҳмиҳоро
чашидаю дубора намехоҳанд, ки ба сари миллат боз ҳамон нооромиҳои солҳои 1991-1992 такрор ёбад. Пайғамбар ба мо таълим дода гуфтааст, ки: «муъмин аз як сурохӣ ду бор газида намешавад».

Хушбахтона, имрӯз бо азму талоши Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани мо тинҷиву оромӣ ва сулҳ аст. Мо бояд ба қадри ин неъмати бузург бирасем. Ҳар як фарди ин сарзамин дар назди Модар-Ватан вазифаи фарзандиашро содиқона иҷро карда, масъулияти ватандӯстию худшиносӣ дошта бошад, зеро доштани ватан нишонаи имондорист. Дар ин рӯзҳо муборизаи мазҳабӣ аксари дунёро фаро гирифтааст. Ҷавонони моро мебояд, ки дар атрофи мазҳаби аҷдодии худ, яъне мазҳаби Имоми Аъзам-ҳанафӣ гирд оварем ва фирефтаи равияҳои бегона ва гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатҷӯ нашаванд. Дар ободии Ватан ҳамеша ҳиссагузор бошанд ва ба қадри тинҷиву амонӣ ва сулҳу салоҳ, ки ба меҳнат ва кӯшиши зиёд ба даст омадааст, бирасанд.

Ё худ дар лаҳзаи дигар навореро мебинем, ки шавҳар кӯдакону завҷаашро партофта ба «ҷиҳод» рафтааст. Зан бо ҷигари сӯхтаю алам шавҳарашро ба Ватан мехонад. Магар ин ҳама дуруст аст? Не, албатта! Ҳатто баъзе ҷавонони дигар аз зану фарзандон талаб кардаанд, ки ба ин давлатҳои ҷангзада барои ҷон дода, шаҳид шудан раванд.

Андешаҳои хешро бо суханони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст менамоям, ки гуфтааст: «Баъзе раванду тамоюлҳое, ки вақтҳои охир мушоҳида мешаванд, аз ҷумла ҳодисаҳои гаравидани баъзе ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи ифротӣ ва ҳатто террористӣ ва хусусан иштироки онҳо дар амалиёти ҷангии кишварҳои дигар (масалан, Сурия ва Ироқ) аз падару модарон, кормандони маориф ва умуман аҳли ҷомеа ба таври ҷиддӣ тақозо мекунанд, ки дар самти беҳтар гардонидани вазъи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ ва риояи бечунучарои қонунияту тартибот чораҳои амалӣ андешанд».

Одилхон Муъминов,
имомхатиби масҷиди ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дӯст доштани Ватан аз имон аст!

Дӯст доштани Ватан аз имон аст!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, АМОН МАҲКАМОВ
Ҷанги Сурия фитна аст, на ҷиҳод

Ҷанги Сурия фитна аст, на ҷиҳод

Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш
С. Сорбонхӯҷа: «Ҷиҳод»-и ҷавонони тоҷик дар Сурия ҷиҳоди исломӣ нест

С. Сорбонхӯҷа: «Ҷиҳод»-и ҷавонони тоҷик дар Сурия ҷиҳоди исломӣ нест

Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Ҷанг аз сагон мондааст», мо-ку инсонем!

«Ҷанг аз сагон мондааст», мо-ку инсонем!

Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ , КОМРОНИ БАХТИЁР
Ба заъфи худ ғазо кунед!

Ба заъфи худ ғазо кунед!

Ҳуқуқу амният, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ