Дар як сатр
» » Мароми ҷавонон - бунёдкорию созандагӣ

Мароми ҷавонон - бунёдкорию созандагӣ

11-01-2018, 23:28

 

 

Ҷавонон неруи бузурги бунёдкору созандаи кишвар ба ҳисоб мераванд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, як қатор имтиёзҳоро барои таҳсил ва касбомӯзии онҳо пешбинӣ намудаанд.

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гаштани соли 2017 Соли ҷавонон иқдоми саривақтӣ буд. Соли чавонон тадбирҳои наҷиберо рӯйи кор овард, ки дар баробари ташкили чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ, ҷалби ҷавонон ба кору фаъолият дар ниҳодҳои роҳбарӣ дар мадди назари хеш қарор додааст. Имрӯзҳо дар аксари вазифаҳои пурмасъули давлатӣ ва роҳбарӣ ҷавонони кордону донандаи чанд забони давлатӣ пайи коранд.

Мехостам аз кордонию роҳбарии як ҷавоне, ки яке аз вазифаҳои пурмасъули давлатиро бар дӯш дорад, баҳри наврасону ҷавонони имрӯза расонам, то идеали ҳамагон шавад. Ба волидайне, ки Рустами Эмомалиро ба камол расонидаву дар таълиму тарбияи ӯ саҳми арзандаи хешро гузоштаанд, ҳазорҳо офарину аҳсан мегӯям. Бо иқдоми неки Рустами Эмомалӣ дар як фурсати кӯтоҳ баҳри тарғибу ташвиқи ҳаёти солими наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар ҳар як маҳаллаи шаҳри Душанбе майдончаҳои варзишию оммавӣ, гулгашту хиёбонҳо, биноҳои хуштарҳу замонавӣ, мактабу дабистонҳо сохта ба истифода дода шуд. Аз ин иқдом кулли мардуми шаҳр меболанду мефахранд, ки дер боз инро интизор буданд. Ҳар қадаре дар бораи ободию созандагии ин ҷавони муваффақ қисса кунем, кам аст. Шиори ин ҷавони муваффақи кордон дар зиндагӣ бунёдкорию созандагӣ, сари ятимеро сила намудану ба онҳо дасти мадад дароз кардан ва ба халқу миллат сазовор будан мебошад.

Акнун моро зарур аст, ки баҳри таҳкими ҳуввияти миллӣ ва шакл гирифтани тафаккури андешаи миллӣ дар зеҳни наврасону ҷавонон, гузаштаи пуршебу фарози миллатро ёдовар шавем ва аз корномаҳои дурахшони фарзандони халқи худ ҳар чӣ бештар насли имрӯзаро огаҳ намоем. Шинохти таърих ва ҳикмату фарҳанги оламгири ниёгон ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳони миллати мо мебошад. Он дар худогоҳӣ ва ҷустуҷӯҳои таърихиву миллати тоҷикон марҳилаи комилан тозаро ба вуҷуд овардааст. Рӯ овардан ба таърих ва симоҳои барҷастаи халқамон боз ба он хотир мебошад, ки мо бояд ба ояндагон зарурати донис-тани гузаштагони худро талқин намоем ва онҳоро аз саҳифаҳои дурахшони миллатамон, ки сабақи бузурги худогоҳӣ мебошанд, огаҳ созем ва дар қалбашон меҳру муҳаббат, садоқату вафодориро бедор намуда, аз ин таърихи пуршараф ифтихор карданро омӯзонем. Зеро эътиқод ва эътимод доштан ба таърих, фарҳанг ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад.

Мо-тоҷикон фарҳанги беназир дорем ва вориси тамаддуни беш аз шашҳазорсола ҳастем. Баробари ин шахсиятҳои бузурги фарҳангию таърихие дорем, ки ҳар кадоми онҳо мавриди эҳтироми хосу ом мебошанд. Вале замони муосир моро водор месозад, ки дар арсаи зиндагии имрӯза қаҳрамонҳои корзори замонро ба камол расонем, ватанамонро боз ҳам обод гардонем, чароғи маърифатро партавафшон созем ва бо наврасону ҷавонони соҳибзавқи хеш ба дастовардҳои тоза ноил гардем, то онҳо шукуфоии миллатро таъмин намуда, кишвари моро ба як сарзамини аз ҳар ҷиҳат пешрафта табдил диҳанд.

Ҷамолиддин Файзалӣ,

шаҳри Кӯлоб


Шарҳи хонандагон +
generic for viagra viagra generic 100mg viagra generico http://viagraonviagra.accountant/
26 январ 2018 06:50
Ну что за люди
-----


аренда http://officepodklyuch.ru офиса маленькой площади
-----
Мы не хотели, но так получилось


аренда офиса в москве
-----
Как использовать пиратское ПО бесплатно


активатор windows 7 максимальная
30 январ 2018 00:15
Текст написано Очень сильно

------


устройство газона на даче цена

------

Могу поделиться этим со всеми


активация windows 10 home
1 феврал 2018 10:25
Ссылку я тебе оставлю внизу, посотри как сможешь

-------

paty
20 феврал 2018 04:48

Матолиби дигар:

Пешвои миллат: «Дар симои ҳар як ҷавон соҳиби ҳақиқии мамлакатро мебинам”

Пешвои миллат: «Дар симои ҳар як ҷавон соҳиби ҳақиқии мамлакатро мебинам”

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Пешвои миллат-ифтихори миллат

Пешвои миллат-ифтихори миллат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Номаҳои Шумо
Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Соли 2016 соли чӣ эълон шавад?

Соли 2016 соли чӣ эълон шавад?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо