Дар як сатр
» » Ғизои солим-кафили саломатии модару кӯдак

Ғизои солим-кафили саломатии модару кӯдак

11-01-2018, 23:24

Ғизои солим-кафили саломатии модару кӯдак

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ иброз намуданд, соҳаи тандурустии кишвар дар муқоиса ба солҳои пешин рӯ ба пешравӣ ниҳода, шароити кору хизматрасонӣ дар муассисаҳои тандурустӣ беҳтар гардидааст. Ҳамин аст, ки табибону ҳамшираҳои шафқат дастуру тавсияҳои дар Паём омадаро миёни аҳолӣ тарғибу ташвиқ намуда, барои тавлиду ба воя расонидани насли солим ҳидоят мекунанд.

Ба хотири ҳифзи сиҳатии генафонди миллати тоҷик ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои гуногун қабул ва роҳандозӣ гардида, сол то сол дастоварду муваффақият дар ин самт ба мушоҳида мерасад. Соли равон низ роҳбарияти олии мамлакат зимни баррасии Паёми солонаи хеш оид ба беҳсозии вазъи ғизову саломатии аҳли ҷомеа ёдовар шуда, барои пешгирии маводҳои пастсифату зиёновар ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Кормандони соҳаи тандурустӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва идоракунии ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, ки солимии ҷомеа маҳз аз насли ҷавон сарчашма мегирад, вохӯриҳои омӯзиширо дар 14 шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлобу Қӯрғонтеппа доир намуда, ба занони ҳомила ва модароне, ки кӯдаки синни то 5 сола доранд, оид ба ғизои дуруст, нигоҳубини кӯдак, омодасозии хӯрокҳои серғизо аз маҳсулоти тару тозаи ватанӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Ба ақидаи Марҷона Ғуло-мова, корманди муассисаи томактабии "Афсона”-и №20-и шаҳри Қӯрғонтеппа, яке аз омилҳои риоя нагаштани одитарин қоидаҳо ҳангоми омодасозии хӯрокҳои серғизо, тайёр набудани модарони ҷавон ба ҳаёти мустақилона мебошад. Зеро ҳастанд ҷавондухтароне, ки ҳатто баъди хонадоршавӣ тарзи нигоҳубини кӯдак, чӣ тавр тайёр кардани ғизои иловагиро намедонанд ва қариб ҳар субҳ вақти овардани кӯдакони худ ба кӯдакистон аз мағоза шириниву дигар хӯрданиҳои ба саломатии хурдсолон зиёноварро харидорӣ мекунанд ва дар натиҷа кӯдакон зуд-зуд ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд.

Дар доираи Лоиҳаи беҳтаркунии ғизодиҳӣ дар ноҳияҳои таъминнокии ғизояшон дар сатҳи ноустувор қарордоштаи вилояти Хатлон чорабиниҳои омӯзишӣ дар 3 марҳила, бо иштироки беш аз 10 ҳазор нафар модарони ҷавону рӯзгордида ташкилу гузаронида шуд. Ҳамчунин ба онҳо маводҳои иттилоотӣ ва борхалтаҳои гигиенӣ тақсим карда шуд. Ба роҳ мондани чунин маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ дар шароити имрӯза аз манфиат холӣ набуда, барои ба дунё овардану ба воя расонидани насли солим мусоидат хоҳад кард.

Пӯшида нест, ки қисми бештари модарон ё аз серкорӣ ё ба хотири осонии кори худ маблағҳои зиёде сарф намуда, хӯрокҳои сунъиро аз бозору дӯконҳои маҳаллӣ харидо-рӣ мекунанд, ки ин амали эшон ҳам ба иқтисодиёти аҳли хонадонашон таъсири манфӣ дорад ва ҳам ба саломатии кӯдакони хеш хатари ҷиддиро ворид месозад. Аз ин рӯ, дар рафти чорабиниҳои омӯзишӣ чӣ гуна аз маҳсулоти худӣ омода кардани ғизоҳои иловагиро ба иштирокчиён фаҳмонида, бо ин васила, генафонди миллати тоҷикро ҳифз карданианд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории давлати Ҷопон барои ин табақаи осебпазири ҷомеа дар баробари анҷом додани маъракаҳои омӯзишӣ, ҳамзамон тухмиҳои гуногуни кишоварзӣ ва нуриҳои минералӣ ба таври ройгон дастрас гардид. Бо ҳамин роҳу усул тасмим доранд, ҳам сатҳи зиндагии мардумро беҳтар гардонанд ва ҳам сокинонро барои ҳарчи зиёдтар аз маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ, ки аз заминҳои наздиҳавлигии худ ба даст меоранд, истифода бурдан ҳидоят намоянд.

Қурбоналӣ Қурбонов,

машваратчии маҳаллӣ оид ба кор бо ҷомеа ва ВАО дар

вилояти Хатлон


Шарҳи хонандагон +
generic drugs generic viagra buy generic viagra http://viagraonviagra.accountant/
26 январ 2018 07:02
У вы разне не думали чтотак могло быть

------


оборудование для обслуживания пруда

------

Весь текст шикарен


активация windows 10 kms 2017
31 январ 2018 16:04
Ссылку я тебе оставлю внизу, посотри как сможешь

-------

быстрая актвиация
19 феврал 2018 14:22

Матолиби дигар:

Азнавсозии 19 муассисаи тиббӣ дар Хатлон

Азнавсозии 19 муассисаи тиббӣ дар Хатлон

Тандурустӣ ва экология
14 ҳазор оила бо тухмӣ таъмин мешаванд

14 ҳазор оила бо тухмӣ таъмин мешаванд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
Сифати кори табибонро мардум баҳо медиҳад

Сифати кори табибонро мардум баҳо медиҳад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Номаҳои Шумо
Муаррифии лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар вилояти Хатлон

Муаррифии лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар вилояти Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Дар эмгузаронӣ фаъол бошед

Дар эмгузаронӣ фаъол бошед

Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА