Дар як сатр
» » Рисолати омӯзгор

Рисолати омӯзгор

11-01-2018, 22:10

Рисолати омӯзгор

«Муаллим бояд дар таълиму тарбияи насли наврас ба хатоӣ роҳ надиҳад», - пайваста таъкид месозанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Зеро таълим ва тарбияи насли наврасро аз азал муаллим бар дӯш дошт ва ин рисолати ҳар омӯзгор аст, ки бояд насли наврасро тавре таълиму тарбия намояд, ки ҳақиқатан ҳам чун ворисони арзанда ба камол бирасанд ва дар бунёди ҷомеаи ҷадид нақши муассир дошта бошанд.

Ин пешаи муқаддас ва табаррук, ки мақому мартабаи олӣ дорад, бояд насиби он инсоне гардад, ки соҳиби маърифати баланд ва ахлоқи ҳамида бошад ва ин касабаи бузургонро гиромӣ дорад ва онро хор накунад. Зеро аввалин инсоне, ки дар рӯйи замин ба унвони «муаллим, омӯзгор, устод» пазируфта шуд, Ҳазрати Муҳаммад (с) буд.

Пас, чун  касби омӯзгорӣ касабаи бузургон аст, набояд онро хор кард, балки нисбати ин касби интихобкарда содиқ бояд буд ва чун пешдодиёни соҳибмаърифати хеш ҷидду ҷаҳд намуд, то наслеро тарбия намоянд дар сурати одамиву сирати раҳмонӣ. Муаллим раҳнамои башарият ба сӯйи зиндагии шоиста ва ҳидоятгари аҳли башар ба олами ростиву ҳақиқат аст ва аз бостон то ба имрӯз ин рисолатро ҷавҳари асосии ҳастии хеш мепиндорад. Ин иршодгари роҳи ҳақиқат агар нафаре дар сурати одамиро дар сирати аҳриманӣ бинад, хуни дил мехӯрад, дарун-дарун месӯзад, зеро ниҳоли бо хуни дил парвардааш самари наку ба бор наовард, ба муроди дил нарасид. Ва бо вуҷуди ин ҳам, мекӯшад ин турфа одамонро, ки доғ дар номи авлоду миллат мегузоранд, аз роҳи нодуруст интихобнамудаашон бозгардонад, зеро аз ин роҳ ба ҷуз бадбахтӣ чизи дигаре насиби кас намегардад.

Муаллим, мураббӣ, устод аст, ки инсонҳо соҳибном мегарданд, дар зиндагӣ мақому мартабаи  шоистаро соҳиб мегарданд, ба муроди дил мерасанд, пиронро дастгиру ҷавононро ҳидоятгар мешаванд. Муаллим бо хираду маърифати оламгираш чашми ҳар инсонро ба олами ҳақиқат боз мекунад, сабақи одамгарӣ, дарси инсонпарварӣ меомӯзонад, аз олами тираву тори ҷоҳилият бурун меорад ва дари олами  рӯшноӣ, дари илму маърифатро ба рӯяш во месозад. Ҳидояти омӯзгор аст, ки ҳар як инсон ба ҷаҳон бо чашми дил назар мекунад, аз баду неки ҷаҳон воқиф мегардад, дӯстро аз душман, сафедиро аз сиёҳӣ фарқ мекунад. Ва шоире низ барҳақ гуфта:

Бе мураббӣ зери гардун

муътабар натвон шудан,

Моҳи навро рафта-рафта

чарх оламгир кард.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муаллим, умуман, ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ равона карда мешавад. Сол аз сол баланд бардоштани музди маоши омӯзгорон, вохӯриҳои Пешвои миллат бо омӯзгорони пешқадам, бо унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонидани кормандони соҳаи маориф, бо заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин намудан ва дастгирии омӯзгорони ҷавон - ин ҳама аз ғамхориҳои Ҳукумату давлат нисбати омӯзгорон шаҳодат медиҳад. Пас, омӯзгорон ҳам дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳо муваззаф ҳастанд, ки пайваста дар ҷустуҷӯ бошанд, илмҳои замонаро пурра аз худ намоянд ва сифати таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ ба сатҳи баланд бардоранд, то насли нав тавонад баробар бо насли замон дар ҷомеаи мутамаддин гомҳои устувор бардоранд.

Пешвои миллатамон беҳтар кардани сифати таълим ва баланд бардоштани масъулияти устод-муаллим-омӯзгорро яке роҳҳои асосии расидан ба ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат шумурдаанд: "Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд”.

Мусаллам аст, ки фаъолияти омӯзгор асосан аз ду самт ё ҷанбаи муҳим иборат аст: таълим ва тарбия. Ин ду самт ба ҳамдигар пайванди узвӣ доранд ва якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард. Омӯзгори асил бояд ин пайвас-тагиро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид месозанд, ки рисолат ва вазифаи муҳимтарини падару модарон тарбияи хуб, ёд додани адаб ба фарзанд ва таъмини шароити мусоид барои ӯ мебошад. «Агар ин рисолат бо фаъолияти созандаи омӯзгорон омезиш ёбад, фарзандон, албатта, таълиму тарбияи дуруст мегиранд ва ба роҳи рост ҳидоят мегарданд. Азбаски омӯзгор машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ маҳсуб мешавад, ин рисолат ӯро дар ҷомеа сазовори обрӯ ва эҳтироми хоса гардонидааст. Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд.

Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад», - зикр кардааст Роҳбари мамлакат.

Дар ин раванд, мо-омӯзгорон бояд пеш аз ҳама, ба номи баланди муаллим, яъне шахси соҳибилм ва таълимдиҳандаву тарбиятгар содиқ бошем ва хуб дарк намоем, ки мо ду рисолат дорем, яъне ҳам меомӯзем ва ҳам омӯхтаҳои худро ба шогирдонамон меомӯзонем.

Моро зарур аст, ки ба насли нав-рас, яъне насли хушбахти замони соҳибихтиёрии Ватанамон таърихи истиқлолият, қадру қимати сулҳу субот ва оромиву осоиштагиро бештар фаҳмонем. Зеро танҳо тавассути шинохти дурусти таърихи халқамон мо метавонем фарзандони хешро дар рӯҳияи  ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву созандагӣ ба воя расонем.

 

Сурайё ЁРАСЕНОВА,

омӯзгори литсейи давлатии

"Ориёно”-и шаҳри Қӯрғонтеппа


Шарҳи хонандагон +
generic for viagra viagra generic 100mg viagra generico http://viagraonviagra.accountant/
25 январ 2018 21:21
generic for viagra viagra generic 100mg viagra generico http://viagraonviagra.accountant/#cjugflkgj
27 январ 2018 09:16
generic viagra 100mg viagra generic generic viagra online http://viagraonviagra.accountant/#mykzzrsor
29 январ 2018 08:27
Найди себе подходящий офис
-----


офис http://officepodklyuch.ru под ключ
-----
Этот сайт поможет вам с поиском подходящего помещения в москве и подмосковье

аренда http://www.praedium.ru/catalog/prodazha-ofisov/ офиса
-----
Пишет мне тут в кооментах


windows 7 loader extrime edition extreme
29 январ 2018 17:18
У вы разне не думали чтотак могло быть

------


недорогая живая изгородь цена

------

Весь текст шикарен


активация навсегда
1 феврал 2018 01:46

Матолиби дигар:

Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан нақши арзанда дорад

Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан нақши арзанда дорад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Аввал бур биёр, баъд дарс мехони!

Аввал бур биёр, баъд дарс мехони!

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
Дар партави Паём ва соли 2017 - «Соли ҷавонон»: «Ояндаи мамлакат аз фаъолия ...

Дар партави Паём ва соли 2017 - «Соли ҷавонон»: «Ояндаи мамлакат аз фаъолия ...

Хабарҳо, Маориф ва илм, Номаҳои Шумо
Шамъи худсӯзе, ки қалбҳоро мунаввар месозад

Шамъи худсӯзе, ки қалбҳоро мунаввар месозад

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст

Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм