Дар як сатр
» » Ашк Юсуфӣ: «Фарзандони маънавиям ҳамин китобҳоянд»

Ашк Юсуфӣ: «Фарзандони маънавиям ҳамин китобҳоянд»

18-01-2015, 19:52

Ашк Юсуфӣ: «Фарзандони маънавиям ҳамин китобҳоянд»


Дар шаҳри Сарбанд пири китобдӯсте бо маънои томаш шабу рӯз миёни китобу рӯзнома ва маҷалла истиқомат мекунад. Ӯ Ашк Юсуфии 70-сола аст, ки дар манзили хеш ҷевонҳои пур аз китоб дорад, лек чун захира ниҳоят бузург аст, боқимондаҳоро тал-тал рӯйи фарши кулли ҳуҷраҳо ботартиб радда-радда чидааст, то ҷойи пойгузорӣ ҳам мавҷуд бошад. Гирди бистари танҳоияш рӯзномаю маҷаллаҳои тозанашр «навбати хонда шудан мепоянд». Китобҳои нав ва кадом вақте мутолиагардида низ. Ва маҳз рағбати беандоза ба мутолиа ин тахассусманди риёзию физикаро водошт, ки дар зарфи камобеш 45 соли омӯзгорӣ боз садҳо таълифоташро дар аксар нашрияҳои кишвар мунташир намояд ва охируламр то ба соҳибкитобӣ бирасад, дар вилояти Хатлон ва фаротар аз он шинохта шавад.

Ба хотири посух ёфтан ба суолҳое, ки пас аз мутаваҷҷеҳи ғарибиҳои ҳаёти устод Ашк Юсуфӣ шудан хоҳ-нохоҳ дар зеҳн ба чархиш меоянд ва ҳамзамон муште аз хирвори маънавиёти арзишманду табаррукаш баҳри хонандаи ҷавони хеш баргирифтан мусоҳибае оростем бо мавсуф.


- Устоди азиз, ҳар рӯз ҷойи поймонӣ кофтан миёни тали ин қадар китобу рӯзнома ва маҷаллаҳо бароятон гарон нест?
- Солҳои мактабхонии мо китоб ниҳоят кам буд. Ҳатто муаллимамон китоб надошт. Тағое доштам, ки бисёр бофазл буд ва шогирдони зиёд ҳам дошт. «Босавод аст» гуфта одамони зиёде меҳмонаш мешуданд ва доир ба ину он масъала суол мекарданд. Ӯ бе истифодаи китоб умуман сухан намеронд. Вайро дида ба китобхонӣ рағбат пайдо кардам ва минбаъд китобхонӣ бароям талаботи маънавии ҳаррӯза гардид. Баъдан, ҳангоми синфи 5 ё 7-умиям бародарам Ширинбек Амирализода низ чи пуле меёфт, ба харидани китоб сарф мекардагӣ шуд. Аз ҷумла, говеро фурӯхта, як дона Қуръон харид. Ман низ ба бародари модарам – Тағой Шариф ва акаам тақлид карда, аз овони хурдсолӣ ба ҷамъоварии китоб шурӯъ намудам. Яъне барои ба китоб меҳр бастани камина нақши эшон хеле калон аст.

- Хоҳиш мекунам, ки посух гуфтан ба ҳамон суоли болозикрро низ фаромӯш накунед.
- Хайр, назар ба ман шумо бояд беҳтар донед, ки китоб дӯсти беминнати инсон аст. Ва ҳам теъдодашон, ки зиёд аст, онҳоро дар як хона ҷой кардан ғайриимкон аст.

- Чӣ қадар китоб доред?
Шумораи аниқашонро намедонам, аммо як ҷевонашро ҳисоб кардам, аз ҳазор адад зиёд аст. Миқдори маҷаллаву рӯзнома ва ҳафтаномаҳо - беҳудуд.

- Кӯҳнатарин рӯзномаву маҷаллаатон интишори кадом сол аст?
- Соли 1967. Чӣ нашрияе, ки дар айёми шӯравӣ паҳн мешуд, ҳамааш ҳаст.

- Ҳоло ҳам ба мутолиа машғул мешавед?
- Албатта!

- Нури чашм чӣ хел аст?
- Нури чашм назар ба солҳои пешин хеле заиф шуда буд, вале боз худи китоб сабаб гардид, то барқарор гардад. Шогирдону шиносҳо бидуни айнак китобхониамро дида, дар тааҷҷуб мемонанд, чунки баъзеашон ба синни 30-35 расида-норасида аллакай айнакгир шудаанд. Ман, ки китобҳои «Канзи шифо» ва «Хазинаи тибби қадим»-ро ҷуста, тариқи гиёҳдармонӣ биноиямро қувват бахшидаам, беташвиш ҳама хатро хонда метавонам.

- Шумо бо кадом забонҳо мутолиа мекунед?
- Банда ба 4 забон мутолиа карда метавонам. Инчунин, эҷодиётам низ ба 4 забон аст. Яъне ба ҷуз русию ӯзбекӣ, бархе аз забонҳои дигареро, ки бо ӯзбекӣ аз як оилаанд, балад ҳастам.

- Аз эҷодиётатон ёдовар шудед. Устод, то ҳол чанд китоб ба табъ расонидаед?
- Се китоб. «Китоби шавқангез» бо ташаббус ва дастгирии шоири ҷавону номдори тоҷик Хайрандеш чоп шуд. «Ҳикоёти латиф ва панду андарзҳо», ки муҳаррираш номзади илмҳои филологӣ Раҷабалӣ Худоёрзода аст ва эҷоди дастҷамъие бо номи «Нур дар ҳалқаи нур» ба дасти хонандаҳо расид. Китобҳои дигарам омодаи нашранд. Вале аз сабаби пайдо нагардидани маблағ то ҳол чопашон карда наметавонам.

- Он чопнашудаҳо ҳамагӣ чандтоянд?
- 15-20 китоб. Он пулеро, ки матбааҳо мепурсанд, ман ҳоло надорам, чунки ҳамагӣ 300 сомонӣ нафақа мегирам ва манбаи иловагии даромад надорам. Бо вуҷуди ин, дар Бонки рушди Тоҷикистон барои нашри китобҳоям суратҳисоби шахсӣ кушодаам. Қариб 1000 сомонӣ ғунд шудааст. Насиб бошад, дар соли нав ягон китобамро ҳатман чоп мекунам.

- Яъне суратҳисобатонро низ бо андак пасандозе аз нафақа ғанӣ мегардонед. Дуруст фаҳмидам, устод?
- Аз ҳар куҷое, ки ёбам, ба ин суратҳисоб мегузаронам. Масалан, баъзе шогирдон «Нафақахӯр аст» гуфта пул медиҳанд ва мегӯянд, ки «Устод, як дуо диҳед». Агар «Не» гӯям, малол мешаванд. Ҳаққи қаламе, ки аз рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «Хатлон» гирифта будам, онҳоро ҳам ба ҳамин суратҳисоб гузаронидам.

- Бузурге фармуда, ки «…Бе пир марав, то дар намонӣ»…
- Ишораатонро фаҳмидам. Ман дар кори эҷод ва китобнависӣ нахустин ва доимитарин устодам маҳз китобро мешуморам. Асарҳои Фирдавсӣ, Хоҷа Ҳофиз, Ҷомӣ, Айнӣ, Горкий, Икромӣ, Турсунзода, Лоиқ ва нависандаи маъруфи араб Ҷуброн Халил ба ман таъсири амиқ расонида, ҳамзамон ҳаёти пуртазодашон боиси ибратам гардидаанд. Эшонро доимо ҳамчун устодони хеш номбар мекунам.

- Мактаб чӣ?
- Мактаб низ таъсир мерасонад. Ман барои ин корҳоро азхуд кардан курси дусолаи мухбирии назди рӯзномаи «Коммунисти Қӯрғонтеппа»-ро солҳои 1970-1971, Университети халқии мухбирони коргару деҳқони Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро солҳои 1980-1982 хатм намуда, аз сабақҳои шоир Хайрандеш ҳам баҳравар гардидаам.

- То ҷое огоҳӣ дорем, китобхонаи шумо муҳр ҳам дорад.
- Оре. Чанд дафъа ивазаш кардам. Ҳоло дуто дорам.

- Онҳоро ба чӣ хотир сохтаед?
- Бисёр одамон аз китобхонаҳои шаҳрию вилоятӣ китоб ё рӯзномаеро пайдо карда натавониста, омада аз ман хоҳиш мекунанд, нишона гузошта, ройгон барои хондани муваққатӣ медиҳам. Миннатдорӣ баён мекунанд. Ин барои ман туҳфаи беҳтарин аст. Аммо баъзеашон то чандин дафъа напурсам, китобҳоро барнамегардонанд. Ингунаҳо 150-200 касанд, ки ному насаб, суроға, рақами телефонашонро навиштаам ва аз баъзеяшон ҳатто ҳуҷҷатҳояшон низ то ҳол бо ман аст.

- Устод, агар 5-6 нафар мебуд, ман мефаҳмидам. Аммо дар ҳоле, ки даҳҳо нафар шуморо фиребидаанд, чунин андешае ба сар наомад, ки дигар ба ҳеҷ кас китоб надиҳед?
- Дил намешавад. Аҳд мекунам, ки намедиҳам, вале чун омаданд, надода наметавонам.

- Устод аз ҳамон дилбастагие, ки ба рӯзномаву рӯзноманигор доред, шумо гоҳ-гоҳ ба хабаргирии мо ҳам меоед. Мо, албатта, аз ин бисёр миннатдор ҳастем. Аммо ҳар дафъа ҳамроҳатон ду ҷузвдони калони пур аз китобу рӯзнома бардошта мегардед. Ин ба кадом хотир аст?
- Баъзе китобу рӯзномаҳоро шиносҳо дархост мекунанд, мебарам.

- Онҳоро ройгон медиҳед ё ба ивази маблағ?
- Ройгон.
- Ба чӣ хотир?

- Саховат ҳамавақт даркор аст. Ман маблағе надорам, ки хайр кунам. Додани китоб, хондани китоб ҳам савоб аст.

- Матбуоти даврии имрӯзаро мутолиа мекунед?
- Албатта. То маблағам расидан харидорӣ мекунам.

- Агар махфӣ нест, дар як ҳафта чанд рӯзнома мехаред?
- 2 сол пеш агар ҳар ҳафта 8-9-то мехарида бошам, ҳозир аз сабаби қимат шудани нархашон як баробар кам мехарам. Нашрияҳои расмии «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Хатлон», «Ҳамрози халқ», «Новый Хатлон» ва «Дӯстлик»-ро аз идораю корхонаҳо рафта мегирам. Зиёдатӣ бошад, не намегӯянд, медиҳанд.

- Маблағеро, ки барои хариди рӯзнома зарур аст, аз нафақаатон ихтисос медиҳед?
- Бале. Ҳар ҳафта камаш 10-15 сомонӣ сарф мекунам. Агар рӯзнома нахарам, ким-чиро гум кардагӣ барин мешавам.

- Китобҳои тозанашрро ҳам харидорӣ мекунед?
- Ба китоби нав муштоқам, лекин сад афсӯс, ки дастрас карда наметавонам. Зеро теъдоди нашрашон 100-200 ё аз ин бештар аст, ки ин хеле кам буда, то ба мо намерасад. Чанде қабл рӯзномаи «Хатлон» аз нашри китоби «Фасонаҳои Хуталон»-и нависандаи маҳбуб Дарвеши Бохтарӣ (Абдурофеъ Рабиев) иттилоъ дода буд, ки мутаассифона, аз ҳеҷ куҷо наёфтамаш.

- Устод, ҳозир китобҳои электронӣ низ роиҷ шудаанд. Дар ин сурат шояд аз онҳо истифода баред?
- Ният дорам, лекин барои гирифтани китобҳои электронӣ кор бо интернетро тавонистан даркор. Ана ҳаминро аз кӣ ёд гирам, намедонам.

- Кор бо компютерро чӣ?
- Се ноутбук дорам. Гарчанде андак душворӣ пеш омад, аммо истифодаашонро дар кори мақолаю китобнависӣ ёд гирифтам. Шукри Худо, ду-се сол боз дастнависҳо дар даст пеши ҳеҷ кас гардан каҷ намекунам.

- Беҳтарин, устод. Ба баъзеҳо лаззати аз ҳама бештарро тамошои кино, ба бархе ишқу ошиқӣ, ба иддае истеъмоли хӯроки лазиз мебахшад. Шумо бештар аз чӣ роҳат мекунед?
- Ман агар аз навиштану хондан хаста шавам, ба наққошӣ, варзиш ё ба гулпарварӣ машғул мешавам.

- Мутолиа чӣ?
- Гуфтам-ку, барои ман аз ҳамаи ин корҳое, ки шумо зикр намудед, лаззати беҳтарин ва аълодараҷа хондани китоби шавқовар аст.

- Боре як номзади илм гуфта буд, ки «Китобҳое, ки ман навиштаам, ҳамагӣ беҳудаанд. Зеро дилхоҳ мавзӯъро, чи таърихӣ, чи илмӣ, чи достони қаҳрамонӣ бо пахш кардани тугмаи телевизор мешавад бо масрафи вақти кам чашму сарро хаставу хароби китобхонӣ накарда, роҳат тамошо кард». Шумо бо фикри он нафар розӣ ҳастед?
- Нодуруст гуфтааст. Китоб ба ҳеҷ кас зарар нарасонидааст ва нахоҳад расонд. Аз мутолиа, ба ҷуз лаззат бурдан, дониш андӯхтан ҳам мумкин аст. Кас ҳанӯз фурсати андеша наёфта, филм аз пеши назараш мисли хоб гузашта меравад. Вале ҳангоми мутолиа чун ихтиёри вақт дар дасти худат ҳаст, ҳар як маънии бикрро «ҷуръа-ҷуръа нӯш мекунӣ», ба андешаҳои таҳдор фурӯ меравӣ. Умуман, аз китоб ҳаёт дурахшон мешавад. Ҳайфи он умр, ки бе китоб гузарад.
Каъбаи банӣ башар китоб асту китоб,
Равзани нури саҳар китоб асту китоб.
Бе китоб кас намеёбад камол дар тӯли умр,
Махзани марди ҳунар китоб асту китоб.
(Ашк Юсуфӣ)

- Устод, шумо дар як рӯз чӣ қадар вақти худро ба мутолиа сарф мекунед?
- Азбаски ҳоло бознишастаам, гову молу мазрааи кишт надорам, ҳама рӯзу шаб ба хондану навиштан машғулам. Баъзе шабҳо хоб намекунам. Хобам намеояд.

- Магар дигар саргармии ширине дар ҳаёт вуҷуд надорад?
- Завҷаам бо сабаби беморӣ аз ин олам реҳлат карда буд.

- Маъзарат мехоҳам. Худо раҳматаш кунад. Устод, фарзандон чӣ?
- Фарзандони маънавиам ҳамин китобҳоянд. Ҳамсарам, ки бечора дардманд буд, нишона нагузошт.

- Яъне беҳтарин анис бароятон китоб аст…
- Бале. Лекин афсӯс, ки ягон шиноси наздиктаринам китобро аз таҳти дил дӯст намедорад, то ин ки баъд аз сарам ин фарзандони маънавиамро соҳибӣ кунад. Китоб гӯӣ, мӯйи сарашон рост мехезад.

- Барои пайдо кардани китоб шумо то кадом китобхонаҳои кишвар рафтаед?
- То вилояти Суғд сафар кардаам. Аммо даврони шӯравӣ рӯйхати китобҳои нав чоп мешуд. Аввал аз дӯконҳо ҷустуҷӯ мекардам. Агар намеёфтам, фармоиш медодам, ҳамаашонро оварда мерасонданд. Мутаассифона, ин кор ҳоло ғайриимкон аст.

- Фарз кардем, ки машғули мутолиаи ягон китоби ҷолиб ҳастед ва ҳамин ҳангом зарурат пайдо шуд, то хӯрок таҳия кунед. Кадомашро интихоб хоҳед кард?
- Ман аксар вақт дар хонаи пайвандонам ҳастам. Онҷо ҳамчу дар истироҳатгоҳ ба ғизо тайёр кардан ҳоҷат нест. Рӯзии ҳаррӯзаамро аз 4-5 хона меоранд. Ман фақат мутолиа мекунам ва ба кори дарстайёркунии хурдсолони оила ёрӣ мерасонам. Ба китобу рӯзномахонӣ ташвиқашон мекунам.

- Устод, китобҳои нодир доред? Яъне камёб, кӯҳнанашр ва аз ҷиҳати илмию адабӣ гаронбаҳо.
- Китоби нодири гуфтагиатон ман ҳамин «Ғиёс-ул-луғот»-ро мешуморам. Чунки аз вақти боақл шуданам солҳои тӯлонӣ онро дастрас кардан мехостам. Замоне шуд, ки ман ҳама ҷилди ин китобро дарёфт кардам, лекин дидам, ки дар байн чандин варақаш сафед аст. Ва ҷилди якуму дувумашро дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ба як шиносам додам, ки то ҳол бар нагардонидааст.

- Шумо бештар наср мутолиа мекунед ё назм?
- Ҳардуяшро. Наср бе назм намешавад.

- Аз адибони муосири тоҷик таълифоти киро бештар меписандед?
- Аз шоири ҷавонамон Хайрандеш ва ҳамихтисоси худам Муҳаммад Ғоибро. Устодро агарчи ихтисос риёзиёт аст, лек шоир ва нависандаи бисёр хуб аст. Ҳафтае пеш боз як китобашро хондам.

- Ин суолро ҳозир бисёр мешунавем: «Барои чӣ Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Хайём, Сино дигар таваллуд намешаванд?». Манзурам, бо рӯ овардан ба китоб мешавад аз ҷавонони айёми мо низ он гуна нобиғаҳо тарбият кард?
- Чаро не? Аз мушоҳидаҳо медонам, ки дар кадом оилае падар, модар ё бародар ба хондани китоб шавқ дорад, насли баъдӣ ҳатман пайравӣ мекунад. Лекин, мутаассифона, ин дар бисёр оилаҳо дида намешавад. Барои он ки наврасон ба китоб рағбат зоҳир кунанд, якчанд пешниҳод дорам: дар зодрӯзҳо, тӯйҳо, ҷашну маъракаҳо ба ҷойи туҳфаҳои қиматбаҳо ё ақаллан дар баробари онҳо як дона китоб ҳам тақдим карда шавад; дар китобхонаҳо аз рӯйи китобҳои мутолиагардида конфронсҳо баргузор гардад; вохӯрӣ бо шоиру нависандагон, рӯнамоии китобҳои нави онҳо баргузор гардад.

- Устод, аз шумо барои чунин як суҳбати ҷонфизо сипосгузорем!
- Ташаккур! Дуо мекунам, ки Худо ҳамаро китобхону китобдӯстдор гардонад.

Мусоҳиб
Зокир ҲАСАН



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар шаҳри Сарбанд пири китобдӯсте бо маънои томаш шабу рӯз миёни китобу рӯзнома ва маҷалла истиқомат мекунад. Ӯ Ашк Юсуфии 70-сола аст, ки дар манзили хеш ҷевонҳои пур аз китоб дорад, лек чун захира ниҳоят бузург аст, боқимондаҳоро тал-тал рӯйи фарши кулли ҳуҷраҳо ботартиб радда-радда чидааст, то ҷойи пойгузорӣ ҳам мавҷуд бошад. Гирди бистари танҳоияш рӯзномаю маҷаллаҳои тозанашр «навбати хонда шудан мепоянд».

-->
«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дар шаҳри Сарбанд пири китобдӯсте бо маънои томаш шабу рӯз миёни китобу рӯзнома ва маҷалла истиқомат мекунад. Ӯ Ашк Юсуфии 70-сола аст, ки дар манзили хеш ҷевонҳои пур аз китоб дорад, лек чун захира ниҳоят бузург аст, боқимондаҳоро тал-тал рӯйи фарши кулли ҳуҷраҳо ботартиб радда-радда чидааст, то ҷойи пойгузорӣ ҳам мавҷуд бошад. Гирди бистари танҳоияш рӯзномаю маҷаллаҳои тозанашр «навбати хонда шудан мепоянд».

-->
«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар шаҳри Сарбанд пири китобдӯсте бо маънои томаш шабу рӯз миёни китобу рӯзнома ва маҷалла истиқомат мекунад. Ӯ Ашк Юсуфии 70-сола аст, ки дар манзили хеш ҷевонҳои пур аз китоб дорад, лек чун захира ниҳоят бузург аст, боқимондаҳоро тал-тал рӯйи фарши кулли ҳуҷраҳо ботартиб радда-радда чидааст, то ҷойи пойгузорӣ ҳам мавҷуд бошад. Гирди бистари танҳоияш рӯзномаю маҷаллаҳои тозанашр «навбати хонда шудан мепоянд».

-->
Ҷавонон аз матбуот чӣ мехон(ҳ)анд?

Ҷавонон аз матбуот чӣ мехон(ҳ)анд?

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Дар шаҳри Сарбанд пири китобдӯсте бо маънои томаш шабу рӯз миёни китобу рӯзнома ва маҷалла истиқомат мекунад. Ӯ Ашк Юсуфии 70-сола аст, ки дар манзили хеш ҷевонҳои пур аз китоб дорад, лек чун захира ниҳоят бузург аст, боқимондаҳоро тал-тал рӯйи фарши кулли ҳуҷраҳо ботартиб радда-радда чидааст, то ҷойи пойгузорӣ ҳам мавҷуд бошад. Гирди бистари танҳоияш рӯзномаю маҷаллаҳои тозанашр «навбати хонда шудан мепоянд».

-->
Фестивали китоб то 9 апрел идома мекунад

Фестивали китоб то 9 апрел идома мекунад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар шаҳри Сарбанд пири китобдӯсте бо маънои томаш шабу рӯз миёни китобу рӯзнома ва маҷалла истиқомат мекунад. Ӯ Ашк Юсуфии 70-сола аст, ки дар манзили хеш ҷевонҳои пур аз китоб дорад, лек чун захира ниҳоят бузург аст, боқимондаҳоро тал-тал рӯйи фарши кулли ҳуҷраҳо ботартиб радда-радда чидааст, то ҷойи пойгузорӣ ҳам мавҷуд бошад. Гирди бистари танҳоияш рӯзномаю маҷаллаҳои тозанашр «навбати хонда шудан мепоянд».

-->
Тақдими китоб ба мактабҳои Ҷиликӯл

Тақдими китоб ба мактабҳои Ҷиликӯл

Хабарҳо, Маориф ва илм