Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Б. Миникулова: “Аз қаҳрамонии писарам фахр мекунам”


Б. Миникулова: “Аз қаҳрамонии писарам фахр мекунам”



Аслан Миникулов, яке аз қаҳрамононе мебошад, ки барои дифои марзу буми кишвар то охирон лаҳза истодагарӣ намуда, субҳи 14уми сентябр аз тири манфури қирғиз ба ҳалокат расид.

Миникулов Аслан 8 марти соли 2003 дар шаҳри Бохтар ба дунё омадааст. Соли 2021 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Бохтарро хатм намуда, бо хоҳиши худ аз ҷониби Комиссариати ҳарбии шаҳри Бохтар, дар даъвати баҳории соли 2021 ба сафи  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда мешавад.

Дар тӯли якуним соли адои хизмати ҳарбӣ, дар дивизияи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз худ шуҷоату
мардонагӣ нишон додааст.

Дар муноқишаи мусаллаҳонаи пештараи байни афсарони Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ба вуқуъ пайваста буд, захмӣ шудааст. Қайд бояд кард, ки дар ин задухӯрд бо маҳорати баланди сарбозӣ қаҳрамонӣ нишон дода, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кумакпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва медали “Ҷасорат” қадрдонӣ карда мешавад.

“Писари ман дар ҳимояи марзу буми Ватан шуҷоату мардонагӣ нишон дода, қаҳрамонона ҳалок шуд. Ман, ҳамчун як модар имрӯз хун мегирям, вале ифтихор мекунам, ки фарзанди ман дар роҳи ҳифзи модар – Ватан қаҳрамонӣ нишон дод. Агарчи имрӯз ғам мехӯрам, ин танҳо ғами як модар аст. Агар дар муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон писари ман аз худ далерӣ нишон надода, муқобили душман намеҷангид, шояд имрӯз ҳазорҳо модар мисли ман фарзанди худро гум мекарданду ғам мехӯрданд. Ман фахр мекунам, ки писарам барои ҳимояи халқи азизаш шаҳид шуд”, - илова кард, модари Аслан – Бодомгул Миникулова. 

Аслан Миникулов дар задухӯрди байнимарзии Тоҷикистону Қирғизистон бо шуҷоату мардонагӣ аз худ қаҳрамонӣ нишон дод. Номи ин қаҳрамонписар дар саҳифаи таърихи Тоҷикистон сабт гардида, дар хотираҳо ҷовидон боқӣ мемонад.

Ҷ. ҚИЁМИДДИН, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода