Дар як сатр
» » ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

11-01-2018, 22:25

 ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

 Конференсияи илмӣ-назариявӣ

Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон конференсияи илмию назариявии вилоятӣ дар мавзӯи "Паёми Пешвои миллат-барномаи амал дар самти рушди туризм ва ҳунарҳои миллӣ” баргузор гардид.

Чорабиниро муовини раиси вилоят, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хидирзода Махфират Умар оғоз бахшида, таъкид дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиаш ба Маҷлиси Олии кишвар дар баробари сиёсати дохилию хориҷии мамлакат нисбати рушди туризм ва ҳунарҳои миллӣ махсус таъкид ба амал оварданд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва  анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

- Дар воқеъ вилояти Хатлон дорои заминаҳои васеи рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ буда, табиати нотакрору захираҳои оби мусаффо ва қуллаҳои сар ба фалаккашидаю гиёҳҳои шифобахшаш сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст,- ироа дошт ректори ДДҚ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Маҳмад Шодиев дар ҷамъомад.

Сипас Зокир Асроров, Беҳрӯз Бобоев, Аҳлиддин Саймуъминов, Шамсулло Аҳадов доир ба мавзӯҳои "Паём  дастури роҳнамунсоз дар самти рушди сайёҳӣ”, "Нақши Шӯрои байниидоравӣ дар таъмини рушди туризм дар вилояти Хатлон”, "Ҳунарҳои миллӣ- муаррифгари фарҳанги миллӣ” "Иншоотҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва рушди туризми таърихӣ дар вилояти Хатлон” маърӯза намуданд. Зимни маърӯзаҳо қайд гардид, ки барои инкишофи туризми таърихӣ, варзишии кӯҳӣ (алпинизм), экологӣ, пеш аз ҳама рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, бунёди иншооотҳои бузурги инфрасохтор, сармоягузорӣ ва пешниҳоди хатсайрҳои зиёди сайёҳӣ шарти зарурӣ ба ҳисоб меравад.  Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар ин самт фаъолияти хешро хуб ба роҳ монанд.

ВАХШОНА,

"Хатлон”


Шарҳи хонандагон +
sildenafil citrate generic drugs generic viagra http://viagraonviagra.accountant/
26 январ 2018 11:23
generic viagra pills generic viagra available generic for viagra http://viagraonviagra.accountant/#cwwsslcld
27 январ 2018 09:14
sildenafil citrate generic drugs generic viagra http://viagraonviagra.accountant/#gczkcexom
28 январ 2018 09:21
generic drugs generic viagra buy generic viagra http://viagraonviagra.accountant/#kugyyzsxh
29 январ 2018 08:23
Хитрости то какие интересные

-------

способы
20 феврал 2018 05:40

Матолиби дигар:

ҚӮРҒОНТЕППА. РОҲҲОИ 25 КӮЧА ТАЪМИРУ ТАҶДИД МЕШАВАНД

ҚӮРҒОНТЕППА. РОҲҲОИ 25 КӮЧА ТАЪМИРУ ТАҶДИД МЕШАВАНД

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ
Рўҳбаландӣ аз Паём

Рўҳбаландӣ аз Паём

---
1094 медали варзишгарони вилоят дар шаш моҳ

1094 медали варзишгарони вилоят дар шаш моҳ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Туризм, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Баррасии рушди туризм дар Кӯлоб

Баррасии рушди туризм дар Кӯлоб

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА