Дар як сатр
» » ҚӮРҒОНТЕППА. РОҲҲОИ 25 КӮЧА ТАЪМИРУ ТАҶДИД МЕШАВАНД

ҚӮРҒОНТЕППА. РОҲҲОИ 25 КӮЧА ТАЪМИРУ ТАҶДИД МЕШАВАНД

11-01-2018, 12:08

ҚӮРҒОНТЕППА. РОҲҲОИ 25 КӮЧА ТАЪМИРУ ТАҶДИД МЕШАВАНД

Марҳилаи сеюми азнавсозӣ


Ин нукта дар маросими ба истифодадиҳии марҳилаи дуюми таҷдид ва азнавсозии роҳҳои дохили шаҳрии Қӯрғонтеппаю Кӯлоб ва оғози марҳилаи сеюм гуфта шуд.

 

Дар ин чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Азим, раиси вилояти Хатлон   Давлатшоҳ  Гулмаҳмадзода, сафири мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой  Юе Бин, директори Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҷабалӣ Сайвализода ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.

Солҳои охир аз тарафи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳта-рам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи бунёди роҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.  Имрӯзҳо татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ оид ба таҷдиди роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа, Хуҷанд-Исфара, Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин, Темурмалик-Балҷувон-Ховалинг ва қитъаҳои дигар ба маблағи 7,7 миллиард сомонӣ идома дорад. Ҳамчуниин як қатор лоиҳаҳои муҳимми дигар дар марҳилаи омӯзиш ва лоиҳакашӣ қарор доранд, - иброз дошт  зимни баромад Иброҳим Азим, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таъкид карда шуд, ки дар доираи таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард таҷдид шуда, даҳҳо километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пул бунёд гардидаанд, ки мушкилоти ҳамлу нақли молу маҳсулот аз як минтақа ба минтақаи дигари мамлакат бамаротиб камхарҷу осон шудааст.

Дар идома Иброҳим Азим гуфт, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ин дастовардро махсусан таъкид намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки тибқи рейтенги Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар доираи нишондиҳандаи қобилияти рақобати байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳо ва рушди инфрасохтор мавқеи хуб-ро ишғол намуда, дар ин ҷода ба ҳайси кишвари пешқадам дар минтақа арзёбӣ гардидааст. «Дар баробари бунёду  азнавсозии роҳҳои аҳамияти байналмилалидошта дар самти таъмиру таҷдид ва нигоҳдории роҳҳои дохилишаҳрию байниноҳиявӣ низ бахусус солҳои охир корҳои сохтмонӣ вусъати тоза мегирад», иброз дошт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муовини Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки дар марҳилаи сеюм камбудию норасоиҳое, ки дар марҳилаҳои якуму дуюм ба миён омадаанд, бояд пурра бартараф карда шаванд.

 

ҚӮРҒОНТЕППА. РОҲҲОИ 25 КӮЧА ТАЪМИРУ ТАҶДИД МЕШАВАНД


Дар идома раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳузури меҳмононро ба вилоят шодбош гуфта, аз ҷумла зикр намуд: «Мо аз заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон сипосгузорем, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд доранд. Ҳамчунин, миннатдории сокинони вилояти Хатлонро ба  Ҷумҳурии Халқии Хитой   барои кумаки бебозгашт баён мекунам. Дар ду марҳила тавонистем, ки чанд кӯчаи шаҳрро таъмиру таҷдид намуда, ҳусни маркази маъмурии вилоятро ободу зебо гардонидем. Бо истифода аз фурсат ба нафароне, ки бо заҳмати хеш (ҳам фармоишгар ва ҳам иҷрочӣ) то имрӯз корҳои асосии таъмиру азнавсозиро дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб бо сатҳу сифати баланд ба сомон расонидаанд, сидқан ибрози сипос менамоям».

- Хело шодам, ки дар маросими ба истифодадиҳии марҳилаи дуюми таҷдид ва азнавсозии роҳҳои дохили-шаҳрии Қӯрғонтеппаю Кӯлоб иштирок мекунам, - таъкид дошт сафири Ҷумҳурии Халқии Хитой   Юе Бин.  - Корҳои сохтмонӣ ва азнавсозӣ дар зиёда аз 20 километр роҳ ба анҷом расидааст. Миннатдории самимии хешро ба сохтмончиён ва мақомотҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кумак ва дастгириашон баён менамоям. Фикр мекунам, ки лоиҳа барои беҳтару хубтар шудани муносибати дӯстонаи ду кишвар мавқеи хоса хоҳад дошт.  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой   кишварҳои ба ҳам дӯст, бародар ва ҳамсояҳои хело наздик ба ҳамдигар мебошанд.

Зикр карда шуд, ки  иҷрои Лоиҳа дар се марҳила пешбинӣ гардидааст. Дар марҳилаи якум бо ҷалби 58,4  миллион юан (баробар 9,6 миллион доллари амрикоӣ) дар шаҳри Қӯрғонтеппа 6,2  километр ва дар шаҳри Кӯлоб 5,8 километр роҳҳо таъмир гардидаанд. Ҳамчунин, дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ду пул азнавсозӣ шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Татбиқи марҳилаи дуюм бо ҷалби 59,6 миллион юан (баробар ба 9,7 миллион доллари амрикоӣ) дар шаҳри Қӯрғонтеппа  таъмири роҳҳои 9 кӯча бо дарозии 8,4 километр ва азнавсозии ду пул (бо дарозии 6-12 метр) ба анҷом расид. Лоиҳаи марҳилаи сеюм, ки 11 миллион доллари амрикоро дар бар мегирад, айни ҳол дар омӯзиш ва муҳокимаи шаҳрдории Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб қарор дорад. Дар доираи марҳилаи сеюм дар шаҳри Қӯрғонтеппа таъмиру навсозии  25 кӯча бо дарозии 19 километр ва азнавсозии пули 21-метра дар назар дошта шудааст. Дар шаҳри Кӯлоб дар доираи ин марҳила таъмири 8 кӯча бо дарозии 12,1 километр  ва азнавсозии як пули 39-метра анҷом дода мешавад.

        

Фаромӯз БОБОЕВ,

«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

МАСЪУЛИН БОЯД МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШАНД

МАСЪУЛИН БОЯД МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШАНД

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Бозсозии роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа

Бозсозии роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
29,1 млн юан барои ободонӣ

29,1 млн юан барои ободонӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР

Шумораи 22, аз 7 майи соли 2015

Нашрияи мо (PDF)
Таъмири ду км роҳҳои пиёдагарди Кӯлоб

Таъмири ду км роҳҳои пиёдагарди Кӯлоб

Хабарҳо