Дар як сатр
» » Энергетика рукни муҳими ҳаёт ва иқтисодиёт мебошад

Энергетика рукни муҳими ҳаёт ва иқтисодиёт мебошад

22-12-2017, 15:20

Энергетика рукни муҳими ҳаёт ва иқтисодиёт мебошад

Паёми табрикии раиси вилоят муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ба муносибати Рўзи энергетикҳо

Энергетикҳои муҳтарам!


Солгарди навбатии энергетикаи тоҷикро бароятон муборакбод гуфта, ба Шумо тани сиҳату хотири ҷамъ ва муваффақиятҳои кору ободии рўзгорро таманно менамоям. Зеро пешрафти ҷомеа, баланд шудани сатҳи зиндагии мардум ва некўаҳволии халқ маҳз ба кору фаъолияти Шумо вобастагии калон дорад.
Хуб медонем, ки энергетикаи Тоҷикистон таърихи бой дошта, сохтмони аввалин неругоҳҳои барқӣ дар мамлакат солҳои шомили Иттиҳоди Шўравӣ будани кишварамон дар ҳамкорӣ бо ҷумҳуриҳои иттифоқ, алалхусус Федератсияи Россия сурат гирифта буд.

Нахустин неругоҳи барқи обии кишвари мо - НБО-и «Варзоби боло» ба шумор меравад, ки сохтмони он соли 1931 оғоз ёфта, охири соли 1936 ба анҷом расидааст ва ба муносибати ин рўйдоди бузурги ҳамонвақта ҳар сол 22 декабр Рўзи энергетикҳои тоҷик таҷлил мегардад.

Мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обии «Сангтўда-1», «Сангтўда-2» ва идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» қадами устуворе ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар маҳсуб меёбад.

Дар ҷаҳони муосир неруи барқро ҳамчун сармоя барои рушди иқтисодиёт истифода мебаранд. Имрўз мо аз он ифтихор мекунем, ки 90 фисади неруи барқи ҷумҳурӣ дар рўдхонаҳои вилояти мо тавлид мегардад. Неруи барқи Тоҷикистон аз ҷиҳати бехатарӣ ба атрофу акнофи табиат безарар буда, аз тавоноии рўдхонаҳо манша мегирад, на аз тавоноии қувваи ҳастаӣ, газ ва ангишт. Аз ин хотир бунёди неругоҳҳои барқи обӣ аз ҷиҳати экологӣ бехатар натанҳо барои халқи Тоҷикистон, балки барои сайёраи замин басо муҳим аст.

Дар радифи ин, мардуми шарафманди вилояти Хатлон ҷиҳати амалишавии «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020» сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ, бодӣ ва офтобиро идома дода, баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар аз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, қадамҳои устувор гузошта истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон энергетикаро рукни муҳими ҳаёт ва иқтисодиёт арзёбӣ намудаанд. Бо дарки ин маънӣ, Шуморо, ки бо кори ҳамарўзаатон дар равандҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии ҷамъият саҳми назаррас мегузоред, бори дигар иди касбиатон - Рўзи энергетикаи тоҷикро самимона табрик гуфта, бароятон рўзгори ободу осуда ва меҳнати пурсамарро баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз таманно менамоям.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Иштироки Пешвои миллат дар маросими баҳрабардорӣ қарор гирифтани зеристгоҳи ...

Иштироки Пешвои миллат дар маросими баҳрабардорӣ қарор гирифтани зеристгоҳи ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9  ...

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Шиносоии Сарвазир аз корҳои таҷдиди НБО “Сарбанд”

Шиносоии Сарвазир аз корҳои таҷдиди НБО “Сарбанд”

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сарфакорӣ дар истифодаи неруи  барқ

Сарфакорӣ дар истифодаи неруи барқ

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Балҷувон. Бунёди 9 нерӯгоҳи хурд дар Сари Хосор

Балҷувон. Бунёди 9 нерӯгоҳи хурд дар Сари Хосор

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА