Дар як сатр
» Рўҳбаландӣ аз Паём

Рўҳбаландӣ аз Паём

25-12-2017, 15:17

Рўҳбаландӣ аз Паём

Бобохонзода РУСТАМ, муовини раиси ноҳияи Фархор

- Метавон Паёмро ҳамчун барнома барои фаъолияти минбаъда як роҳнамои воқеӣ унвон намуд. Зеро дар Паём тамоми самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар баррасӣ карда шудааст. Аз ҷумла дар самти ватандўстӣ ва хештаншиносии шаҳрвандон вобаста ба шароити имрўзаи тезутунди ҷаҳони имрўза Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намуданд, ки дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтааст. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрўз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Аз ин рў, мебояд, ки ҳушёрию зиракиро аз даст надода, баҳри ин падидаи номатлуб мубориза бурд. Нагузорем, ки ин падида ҷомеаи моро халалдор намояд. Ҳамчунин, бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сайёҳон ба кишвар ва эҳёи фарҳанги миллӣ аз тарафи Сарвари давлат соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд, ки онро ҷонибдорӣ менамоем.

Идибек СУЛТОНОВ, мудири шуъбаи иқтисодиёти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

- Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми самтҳои сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳуриро дар бар гирифт.

Дар Паёми худ Пешвои миллат ҷиҳати татбиқи барномаву стратегияҳои миллӣ, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», идома ёфтани ислоҳоти иқтисодӣ, ба кишвари саноати индустриалӣ табдил ёфтани Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ вобаста ба таҷдиду азнавсозии НБО-ҳои Норак, Сарбанд ва Қайроққум, ҳамзамон идомаи корҳои сохтмонӣ дар НБО-и “Роғун” ибрози назар намуданд.

Қайд гардид, ки дар маҷмўъ барои таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда беш аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад.

Барои бунёди неругоҳи барқи обии “Роғун” соли 2017-ум аз ҳамаи манбаъҳо 4 миллиарду 700 миллион сомонӣ харҷ гардид ва дар соли 2018 ба ин мақсад қариб 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Воқеан, бе рушди устувори иқтисодӣ пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ душвор аст.

Дар ҷаҳони муосир соҳаи сайёҳӣ замина барои муаррифии фарҳангу маданияти миллӣ, табиат, бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ ба ҳисоб рафта, яке аз сарчашмаҳои иловагии даромад ба ҳисоб меравад.
Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 аз бисёр ҷиҳат ба тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии кишвари мо, бахусус рушди ҳунарҳои мардумӣ мусоидат хоҳад намуд.

Айниддин АСЛИДДИН, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Темурмалик

- Зимни Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар иброз намуданд, ки ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кўшиш намоянд. Аз ин рў, мо-ҷавонон такя ба суханони Пешвои миллат аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда, барои ободонии, кишвари азизамон тамоми неруи хешро равона месозем.

Шаҳноза ЮСУФОВА, мураббии кўдакистони №20-и шаҳри Қўрғонтеппа

- Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат бо мароқ тамошо карда, бори дигар мутмаин шудам, ки роҳбарияти давлату Ҳукумат, хусусан Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва ба як кишвари тараққикарда табдил додани Тоҷикистони маҳбуб сахт заҳмат мекашанд. Аз муҳтавои Паём бармеояд, ки Роҳбари давлат барои ҳарчи зудтар ба ҳадафҳои стратегии мамлакат расидан барномаи мушаххаси амал доранд ва Паёми навбатӣ дастурамали хуби кор барои тамоми шохаҳои ҳокимият ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Ҳамчун корманди соҳаи маориф аз иқдомоти ҷиддии Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки дар соҳаи илму омўзиш роҳандозӣ кардаанд ва ислоҳоту навсозиро босуръат пеш бурда истодаанд, истиқбол мекунам. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид медоранд ва дар Паёми имсолаашон ҳам ишора карданд, ки бо вуҷуди дастовардҳои хубамон “бояд боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем”.

Тасмими то 15% баланд гаштани маоши кормандони мақомотҳои гуногун, аз ҷумла маорифчиён, азми таъсиси 110 ҳазор ҷойи нави корӣ, бахусус барои занону ҷавонон, эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, нақшаи бунёди кохҳои фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо, майдонҳои варзишӣ ва оммавигардонии варзиш аз ҷумлаи он тадбирҳоеанд, ки дар соли 2018 мавриди амал қарор гирифта, нишонаи ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар навбати худ, мо — кормандони соҳаи маориф, кўшиш мекунем, ки фаъолиятамонро беҳтар ба роҳ монда, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандўстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рўҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани кўдакону наврасон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Н. МАЪМУРЗОДА,
Ф. БОБОЕВ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тамошои дастаҷамъии Паём

Тамошои дастаҷамъии Паём

Хабарҳо
Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ салоҳияти мост

Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ салоҳияти мост

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Паёмро меомӯзем ва дар ҳаёт татбиқ мекунем

Паёмро меомӯзем ва дар ҳаёт татбиқ мекунем

Хабарҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо