Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Роҳ ба сӯи Ворух кушода шуд


Роҳ ба сӯи Ворух кушода шуд




Дар натиҷаи мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки 18 сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» баргузор гардид, роҳ ба сӯи Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.



Гуфта мешавад, ки дар мулоқот ҷонибҳо бори дигар бар зарурати бо роҳи гуфтушунид ҳал намудани масъалаҳои мавҷуда таъкид карданд.


Ҳамзамон, муҳим шуморида шуд, ки шартҳои оташбас риоя гардида, оқибатҳои даргириҳои марзӣ ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.


Гурӯҳҳои корӣ ба мувофиқа расиданд, ки роҳҳо барои рафтуомад кушода шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин гардад.


Лутфан, маълумот, аксу видео ва аудио дар бораи воқеаву ҳодисаҳо ва масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро тариқи WhatsApp,Telegram, imo, Viber бо рақамҳои (+992) 985-33-33-97 ба мо ирсол намоед!


Моро дар шабакаҳои иҷтимоии YouTube, Facebook, Instagram, OK, Telegram ва сомонаи www.khatlon-ruznoma.tj  пайгир бошед.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода