Дар як сатр
» » Пешвои миллат: «Дар симои ҳар як ҷавон соҳиби ҳақиқии мамлакатро мебинам”

Пешвои миллат: «Дар симои ҳар як ҷавон соҳиби ҳақиқии мамлакатро мебинам”

12-12-2017, 10:15

Пешвои миллат: «Дар симои ҳар як ҷавон соҳиби ҳақиқии мамлакатро мебинам”


«Ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамеша неруи пешбаранда, ворисони арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастанд ва хоҳанд буд».

Эмомалӣ РАҲМОН, Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017-ро ҷавонони вилояти Хатлон - насли озодаву ояндасози миллат бо эҳсоси баланди ифтихору шарафмандӣ истиқбол гирифтанд. Ин иқдом онҳоро ба андӯхтани илму донишҳои муосир, азхудкунии касбу ҳунарҳои замонавӣ ва саҳм гузоштан дар ободиву пешрафти бештари Ватан ҳидоят намуд.

Аз даврони ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданаш хуб медонист, ки ба психологияи ҷавонон рӯҳи тоза набахшида, ба ҷаҳонбинии онҳо инқилоби куллӣ надароварда, қадру қимати истиқлолро нафаҳмонда, дар ҷамъият корҳои бузургро ба анҷом расондан имкон надорад. ӯ барои дар амал татбиқ намудани ин нияти бузурги худ мақсад гузошт, ки бо ҷавонон вохӯрад. Дар вохӯрии ҷавонон, ки як моҳ пеш аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне моҳи майи соли 1997 доир гардида буд, доир ба сиёсати ҷавонон мавқеи худро аниқ баён кард: “Дар симои ҳар кадоми шумо, соҳиби ҳақиқии мамлакатро, олиму адиб, ҳунарманди моҳиру санъаткор, сиёсатмадору ҷамъиятшинос, тоҷиру соҳибкор, вазиру роҳбарони ояндаи давлатро дида истодаам… Зеро ҳар як насл ба насли оянда таҷриба ва дониши худро мерос мегузорад. Дар нав-бати худ насли нав ин меросро қабул намуда, кори падару бобоёни худро давом медиҳад, масъулияти миллату давлатро ба зиммаи худ мегирад”.

Ҷавонони саодатманди Хатлонзамин ҳар як сухани Пешвои миллатро сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯзаи хеш қарор дода, талош бар он доранд, ки ҷавобан ба кулли ғамхориҳои Сарвари муаззами давлат дар рушду нумӯъ ва тараққиёти мамлакатамон, дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навини лаёқатгаро, муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, тамомияти арзӣ, ҳифзи арзишҳои миллию дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва амнияту осудагии Тоҷикистони азиз саҳми бориз дошта бошанд.

Ҷавонон умеду такягоҳи давлат мебошанд. Роҳбари давлат ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи мардуми онро ба ҷавонони имрӯза вобаста медонанд. Тавре ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр шудааст: “Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъ-олияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад”.
Воқеан ҳам, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун неруи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон намудааст. Табиист, ки бидуни иштироки фаъолонаи чунин неруи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иштироки ҳамаҷонибаи ҷавонони вилоятро дар раванди ободкориву созандагии вилоят ва ватани азизамон ҳамеша дастгирӣ намуда, барои беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

Тибқи маълумоте, ки аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дастрас намудем, вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду такомули ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 26 мақоми давлатии кор бо ҷавонон ва 17 маркази ҷавонон дар шакли муассиса ва корхонаи воҳиди давлатӣ фаъолият доранд. Ин идораю муассисаҳо барои баргузории маҳфилҳои ҷавонон, таъсиси курсҳои омӯзиши забонҳо, технологияи муосир, ҳунарҳои дастӣ ва дигар чорабиниҳои вобаста ба рушди ҷавонон ташкил карда шудаанд.

Ҳамзамон, бунёди 4 маҷмаа ва 63 толори варзишӣ, 1 маркази табобатии варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ, 6 майдони теннис, 5 варзишгоҳ, 572 майдончаи варзишӣ аз рӯйи намуди футбол, баскетбол ва волейбол, ки мавриди истифода қарор доранд, имконият медиҳанд, ки тарзи ҳаёти солим ва рушди тарбияи ҷисмонӣ ташаккул ёбанд. Ба ҳолати имрӯза 29 мактаби варзишии кӯдакон ва наврасон, 1 мактаби маҳорати олии варзишӣ, 1 мактаби махсуси варзишии кӯдакон ва наврасон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, 34 варзишгоҳ, 27 ҳавзи шиноварӣ, 2949 майдончаи варзишӣ, 511 толори варзишӣ дар вилоят амал мекунанд. Ин иншоотҳо барои омода намудани варзишгарони наврас ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд. Зеро тараққӣ додани варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ маҳсуб меёбад. Наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза неруманду тавоно мегардад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид медоранд, ки мо бояд ба зиёиёни ҷавон роҳи васеъ кушода, барои онҳо имконият фароҳам орем, ки дастоварду ихтироот ва маҳсули эҷоди худро ба дигарон муаррифӣ созанд. Махсусан, ҷалби ин табақаи неруманд ба омӯзиши илм ва аз худ кардани техникаву технологияи муосир аҳамияти бағоят муҳим дорад.

Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои кор кардан дар соҳаи илм дар назди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон таъсис дода шуда, 22 нафар олимони ҷавони то 35-сола дар соҳаҳои гуногуни илм рисолаҳои худро дифоъ намудаанд. Олимони ҷавони вилоят пайваста дар конференсияҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо маърӯзаҳои илмии хеш дар самтҳои гуногун баромадҳо менамоянд. Аз ҷумла ба шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Новосибирски Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ҳиндустон сафар намуда, дар конференсияҳои байналмилалӣ маърӯзаҳои илмӣ хондаанд. Соли равон беш аз 100 мақолаи илмӣ-татқиқотӣ, илмӣ-методӣ, 5 монография, 6 дастури таълимӣ ва методӣ аз тарафи олимони ҷавони вилоят ба нашр расид.

Бо мақсади татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, таҳти №508 “Дар бораи Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ” дар вилоят 106 нафар гирандаи стипендияи президентианд. Дар ин замина дар вилоят 35 нафар гирандагони стипендияи раиси вилоят, 519 нафар гирандагони стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳо ва 92 нафар аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрак, соҳибкорон ва дигар сарпарастон мебошанд.

Таври маълум, ояндаи мамлакат дар дасти ҷавонон аст. Олимони ҷавони мамлакат дар иҷрои вазифаҳои бузург бобати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва шукуфоии минбаъдаи давлати мо дар баробари дигар қишрҳои фаъ-оли ҷомеа нақши шоиста доранд.

Яке аз нишондиҳандаҳои беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоии ҷавонони вилоят ба шуғл фаро гирифтани онҳо мебошад. Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, бо баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ дар соли 2016 ва 6 моҳи соли 2017 зиёда аз 4620 нафар ҷавонон бо ҷойҳои доимии корӣ таъмин гардида, сатҳи бекории ҷавонон сол аз сол коҳиш ёфта истодааст.

Дар соҳаи тандурустии вилоят ба ҳолати имрӯза 18815 нафар духтурон ва кормандони миёнаи тиб фаъолият менамоянд, ки 13547 нафарашон ҷавононанд. Дар вазифаҳои роҳбарикунандаи муассисаҳои тиббӣ 2168 нафар мутахассисони ҷавон таъин шудаанд. Дар соҳаи тиб 4 нафар ҷавонон рисолаи илмӣ дифоъ намуда, 15 нафар бо таҳқиқоти илмӣ машғуланд.

Имрӯз иштироки ҷавонон дар арҷ гузоштан ва пос доштани арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти Ватан, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ, дарки баланди масъулиятшиносӣ, таҳаммулпазирӣ ва инсондӯстӣ, ба шуғли муносиб, тарзи ҳаёти солим, азхудкунии касб ва илмомӯзӣ, ҳидоят сохтани насли ҷавон, қонеъ гардонидани талаботи иҷтимоии онҳо, ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳо ва мустақилияти иқтисодии ҷавонон дар ҳаёти рӯзмарра муҳим мебошад. Ҳамон гуна, ки Роҳбари мамлакат пайваста таъкид медоранд, ҷавонони мо бояд дарк намоянд, ки Ватани муқаддасамонро ба ҷуз худи мо каси дигар обод нахоҳад кард.

Ҳадафи асосии сиёсати пешгирифтаи Сарвари муаззам ҳамин аст, ки ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ, меҳнатпарастиву хирадмандӣ тарбия ёбанд ва дар оянда чун зимоми давлату давлатдориро ба даст мегиранд, ба мушкилот рӯ ба рӯ нагарданд.

Тавре ки раиси вилоятамон муҳтарам Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар яке аз баромадҳои худ таъкид кардаанд: “Насли ҷавон бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии фарроху андешаи мустақил ва бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ бояд қарзи фарзандии хешро дар назди халқу Ватан эҳсос намуда, ҷомеаи моро ба пеш – ба сӯйи ободиву пирӯзиҳои нав барад. Аз ин рӯ, масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва худшиносиву худогоҳии насли ҷавон ба яке аз самтҳои асосии рушди давлатдории миллии мо табдил ёфтааст”.

Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар пеш аз ҳама, ба зиммаи ҷавонони баору ғаюр ва далеру шуҷои Ватан вогузор шудааст, ки Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст доранд, ба қадраш расанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Ҳангомаи ИСМАТ,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Д. Гулмаҳмадзода: «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишваранд»

Д. Гулмаҳмадзода: «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишваранд»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҷавонон-неруи созанда

Ҷавонон-неруи созанда

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Ф. Абдуллоева: «Қабул гардидани соли ҷавонон боиси ифтихор аст»

Ф. Абдуллоева: «Қабул гардидани соли ҷавонон боиси ифтихор аст»

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш