Дар як сатр
» » ДИИШ дар ниқоби дини ислом

ДИИШ дар ниқоби дини ислом

12-12-2017, 10:12

ДИИШ дар ниқоби дини ислом

Дини ислом яке аз динҳои ҷаҳонӣ буда, дар инкишофи соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии ҷамъияти инсонӣ нақши муҳим бозидааст. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори 500 мусулмони беҳтарини дунё эътироф гардидааст, дар ин бора қайд менамояд: «Имрӯз, мутаассифона, баъзе зуҳуроти номатлуб таҳти шиорҳои ислом ба амал меоянд, ки дар асл ягон муносибате ба ислом надоранд. Исломи ҳақиқӣ мардумро ба сулҳдӯстию созандагӣ ва таҳаммул даъват мекунад».

Солҳои охир баъзе сиёсатмадорон пайдоиши терроризмро танҳо хоси дини ислом медонанд, ки он комилан андешаи ғалат аст. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят менамояд. Ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Агар ба гузаштаи на он қадар дури таърихи Тоҷикистон (асри ХХ) назар кунем, маълум мегардад, ки ин сада барои миллати мо ҳам сохтану ҳам сӯхтан, ҳам пирӯзию ҳам бохт ва ҳам шикасту ҳам эҳё будааст.

Ҳар гуна таълимот, мазҳаб ё дин агар мардумро ба мухолифат даъват кунанд, оқибат ин ихтилоф боиси харобии ҷомеа мегардад. Ислом ҳамеша мардумро ба таҳаммул, эхтиром ва муҳаббат нисбат ба якдигар тарбия мекард ва мекунад. Дар байни мусулмонон дар асрҳои миёна чунин шиор буд: «Агар аз Туркистон то Сурия ба дасти мусулмоне хоре халад, ин дасти ман аст ва агар ба пойи касе санге занад, дарди ӯро ман ҳис мекунам».
Дар айни замон ҷомеаи ҷаҳониро гаравиши ҷавонон ба ҷараёнҳои террористӣ, ифротгароӣ, эктремистӣ ба ташвиш овардааст. Дар ҷангҳои мазҳабии Ироқ ва Сурия иштироки чанде аз ҳамватанони мо боиси нанг аст. Модари тоҷик ҳаргиз интизори он набуд, ки фарзандаш гумроҳ гардида, ба чунин иштибоҳи бузург даст мезанад.

Ин иштибоҳ ба сари ҳазорҳо нафар нокомӣ ва даҳшату бадбахтиҳо овард. Имрӯзҳо аксари уламои ҷаҳони исломӣ ҷанги Сурияро ҳамчун «фитна» эълон кардаанд, на ҷиҳод. Шоирони классики мо низ дар эҷодиёти худ ҳамеша ба мардум ғояҳои инсондӯстӣ, меҳру шафқат ва дарки масъулият-ро тарғиб менамуданд. На ин ки дар даст силоҳ гирифта, ба қатлу куштор ва худкафонӣ машғул шаванд. Гӯё ҷиҳод карда шаҳид мешудаанд! Дар ягон боби ҷиҳод ҳукм нашудааст, ки кӯдакон ва занон кушта шаванд. Куштори инсон аз ҷониби ифротиёни хунхор ва бераҳмии «ДИИШ» ҳамчун омили исломӣ муаррифӣ мегардад, ки ин кирдор ва андешаҳои ботили онҳо хилофи фармудаҳои Худову Расул мебошад. Барои мардуми мусулмон аҳли суннат ва ҷамоат айб аст, ки зиёда аз 500 нафар зан-модар дар шимоли Ироқ дар асорати «ДИИШ» қарор дошта бошанд. Дар баробари ин, беш аз 150 зани ҳомила ва духтарони ноболиғро бо далели он ки мухолифат бо «ҷиҳоду никоҳ» намудаанд, аз ҷониби гурӯҳҳои «ДИИШ» бо як ваҳшоният аз дами теғ гузаронидаанд. Магар ин мусулмонию ҷиҳод аст…

Ба қавле, гӯё ин ҷинояткорони ифротӣ дар роҳи дини ислом ҷиҳод мекарда бошанд. Дар китобҳои «Мухтасар-ул-виқоя» ва «Ҷиҳод» чунин иборае ҳаст: «Вақте ки мусалмонон шаҳри Куфаро тасарруф намуданд, онҳо занҳои муртади аз дини Ислом баргаштаро ҳаққи қатл кардан надоранд. Ҳамчунин, ибораи дигаре ҳаст, ки кӯдаке аз Ислом ибо кунад, ӯро ҳаққи куштан надодаанд. Муъмин он касонеро мегӯянд, ки дар ҷомеа иғво намеангезад, ақидаҳои ботил ва бегонаи хатарзоро ҳамчун таълимоти мазҳабии ҳанафӣ таблиғ намекунад. Дар куҷое бошад, муъминро ба шаҳодат намерасонад». Аллоҳ таъоло дар ояти 93-и сураи Нисо таъкид намудааст: «Ва ҳар кас фарди боимонро аз рӯйи қасд ва ғараз ба қатл бирасонад, ҷазояш дӯзах аст».

Ин гуфтаҳо бори дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ислом ҳеҷ гоҳ мардумро ба табақаҳои иҷтимоӣ, ба дорою нодор ва ба маҳаллу минтақа ҷудо намекунад. Дар радифи гуфтаҳои боло қайд кардан бамаврид аст, ки Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шаҳрвандони худро новобаста ба миллату дин, табақаи иҷтимоӣ, забон, баробарҳуқуқ эълон кардааст ва дар ин самт ҳам давлат ва ҳам дин назари ягона доранд, онҳо дар якҷоягӣ метавонанд дар амалисозии ин амал саҳми хешро гузоранд.

Имрӯз, ки мо истиқлолияти давлатӣ ба даст овардаем, бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои таҳким ва ҳифзи дастовардҳои он камари ҳиммат бандем. Ин гуфтаҳо бори дигар моро водор месозад, ки дилу нияти нек дошта бошем, фаъолияти ҳар як узви ҷомеа шаффоф бошад ва содиқона ба ватан хизмат намоем, ҳамчунин фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ нашуда, дар атрофи Роҳбари давлат ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид шуда, баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.

Ҷамолиддин ФАЙЗАЛӢ,
мутахассиси шуъба оид ба корҳои дин,
танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии
мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
дар шаҳри Кӯлоб



Шарҳи хонандагон +
generic viagra buy generic viagra generic viagra 100mg http://viagraonviagra.accountant/
26 январ 2018 01:13
generic viagra available generic for viagra viagra generic 100mg http://viagraonviagra.accountant/#dgigugnll
27 январ 2018 03:07
sildenafil citrate generic drugs generic viagra http://viagraonviagra.accountant/#coanejces
28 январ 2018 20:41
viagra generic generic viagra online generic viagra pills http://viagraonviagra.accountant/#ssdjbvsir
29 январ 2018 19:58
Я не смог полностью высказаться, поэтому...

------


дачный пруд под ключ

------

Мы дочитали до конца


http://aktivator-windows-10.info/
31 январ 2018 22:18

Матолиби дигар:

Фирефтаи бегонагон нашавем

Фирефтаи бегонагон нашавем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Ҷавонон аз хуруфоту бесаводӣ ба ДИИШ мепайванданд

Ҷавонон аз хуруфоту бесаводӣ ба ДИИШ мепайванданд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Фатвои Шӯрои уламо: Тарғиби ақидаи Салафия тарғиби терроризм аст

Фатвои Шӯрои уламо: Тарғиби ақидаи Салафия тарғиби терроризм аст

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Ҷанги Сурия фитна аст, на ҷиҳод

Ҷанги Сурия фитна аст, на ҷиҳод

Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш
Ҳимояи марзу буми Ватан аз беҳтарини ҷиҳодҳост

Ҳимояи марзу буми Ватан аз беҳтарини ҷиҳодҳост

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш