Дар як сатр
» » 295 ҳазору 986 сомонӣ зарар рӯёнида мешавад

295 ҳазору 986 сомонӣ зарар рӯёнида мешавад

12-12-2017, 10:06

295 ҳазору 986 сомонӣ зарар рӯёнида мешавад


Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди ноҳияи Вахш парвандаи ҷиноятиро нисбати Худойбердӣ Кличев, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Хусрави Худойбердӣ»-и ноҳияи Вахш, дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 246 қисми 3 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.

Ба иддаои мақомоти тафтишотӣ судшаванда Худойбердӣ Кличев, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ленин, Ҷамоати шаҳраки “Киров”-и ноҳияи Вахш буда, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Хусрави Худойбердӣ»-и ноҳияи Вахш аст. Барои фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси қарори Шӯрои нозирони Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №1-4 В/12 аз 13 ноябри соли 2014, «Дар бораи ҷудо намудани маблағҳои қарзӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ» ва шартномаи қарзии таҳти №121214/0069 01 аз 12 декабри соли 2014, барои таъсиси корхонаи коркарди меваю сабзавот ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ кредити имтиёзнок ба муҳлати 2 сол бо меъёри 12%-и солона ба тариқи кредит бо мақсади тасарруф намудани маблағҳои имтиёзноки ин маблағро гирифтааст.

Бино ба иттилои раисикунандаи ин парванда, баъдан ӯ барои хилофи талаботи банди 4.1-и шартнома, ки мувофиқи он қарзи гирифтаашро барои таъсиси корхонаи коркарди меваю сабзавот истифода мебурд ва банди 4.3-и шартномаи мазкур, ки қарзро бояд то рӯзи 9 декабри соли 2016 пардохт намояд, рафтор намуда, аз маблағҳои тариқи кредит гирифтааш моҳи апрели соли 2015, аз шахси номаълум ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ воситаи нақлиёти тамғаи «Нексия» харидорӣ намудааст. Баъди 6 моҳи рондани ин автомашина онро дар шаҳри Душанбе ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ фурӯхта, моҳи августи соли 2015 аз шаҳрванд Зайнал Каримов барои худ боз ба маблағи 11 ҳазор сомонӣ автомашинаи тамғаи «Даэво-нексия» харидорӣ намуда, қисми маблағро бошад дар сохтмони гармхонаҳо, ки дар шартномаи қарзӣ нишон дода нашудааст, сарф намудааст.

Оид ба сарфи маблағҳояш ягон ҳуҷҷати расмӣ тартиб надода, маблағҳои имтиёзноки ба тариқи кредит додашударо тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст, ки бо ин кирдораш ба давлат ба миқдори 250 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

Худойбердӣ Кличев бо моддаи 246 қисми 3 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 сол ва адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр ба муҳлати 3 сол таъйин карда шуд.

Суд ҳукм кард, ки аризаи даъвогии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба манфиати давлат, Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» нисбати Кличев Худойбердӣ қонеъ карда шавад. Аз ҳисоби Худойбердӣ Кличев ба фонди Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба маблағи 295 ҳазору 986 сомонӣ рӯёнида шавад.

Аҳлиддин НАЗАРЗОДА,
судяи Суди ноҳияи Вахш,
Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Азхудкунии маблағи нафақагирон

Азхудкунии маблағи нафақагирон

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Ҳуқуқу амният
Боздошти ду «заминфурӯш» бо пора

Боздошти ду «заминфурӯш» бо пора

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Дилшод андеша накард

Дилшод андеша накард

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Сафаралӣ Авғонови соҳибкорро барои насупоридани андоз 3 сол аз озодӣ маҳрум ...

Сафаралӣ Авғонови соҳибкорро барои насупоридани андоз 3 сол аз озодӣ маҳрум ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Нафси бад - балои ҷон!

Нафси бад - балои ҷон!

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ