Дар як сатр
» » 3125 ҷавон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуд

3125 ҷавон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуд

12-12-2017, 09:59

3125 ҷавон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуд


Дар бинои Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон бо иштироки раисони комиссияҳои даъватии шаҳру навоҳӣ, комиссарҳои ҳарбӣ ва дигар шахсони масъул ҷаласаи корӣ баргузор шуд.

Дар кори ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон, раиси комиссияи даъватии вилоятӣ Раҷабалӣ Раҷабов иштирок дошта оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 15 сентябри соли 2017, №176 «Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2017, №934 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ», ҳисоботи комиссариати ҳарбии вилоят оид ба фаъолияти Комиссариат дар давраи тирамоҳии соли 2017 суханронӣ намуд.

Раҷабалӣ Раҷабов, раиси комиссияи даъватии вилоятӣ вобаста ба фаъолияти Комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳӣ аз шахсони масъул пурсиш ба амал оварда, барои ҷоннок кардани фаъолият, бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва роҳ надодан ба қонуншиканӣ дар мавсими даъвати баҳории ҷавонон супоришҳои мушаххас дод.

- Дар ин маъракаи даъват вилояти Хатлон тавонист пеш аз муҳлат ва бо сифати баланд 3125 ҷавон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шудаанд, ки 100, 4%-и нақшаро дар бар мегирад, зикр кард Л. Муҳаммадиев, муовини комиссари ҳарбии вилояти Хатлон. - Аммо дар фаъолияти Комиссияҳои даъватӣ бархе аз шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла, Қубодиён, Ёвон, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва шаҳри Кӯлоб камбудиҳои ҷиддӣ ба назар расида, онҳо бо як душворӣ дар рӯзҳои охири даъвати тирамоҳӣ аз иҷрои нақшаи худ баромаданд. Ҳатто баъзе аз ҷамоату деҳот ва шаҳракҳои минтақаҳои гуногуни шаҳру навоҳии вилоят натавонистанд аз иҷрои нақша бароянд, ки ин бевосита ба рафти даъвати ҳарбӣ дар вилоят таъсири манфии худро расонид.

Инчунин аз шахсони масъули шаҳру навоҳӣ сабабу омилҳои ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ шуданро пурсон гашта, баҳри ислоҳи камбудиҳо дар фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид карда шуд, ки бояд пеш аз ҳама шумораи воқеии ҷавонони синну соли даъватӣ муайян ва бо онҳо корбарӣ карда шуд.

Чи тавре Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилояти Хатлон, зикр дошт, дар шаҳру навоҳии алоҳидаи вилоят аз шумораи умумии даъватшавандагон фоизи бениҳоят ками ҷавонон ба хизмат ҷалб карда мешаванд, масалан Қубодиён, Вахш, Фархор ва ғайра. Аммо бо вуҷуди ин масъулини ин минтақаҳо нақшаи даъвати хешро бо як душворӣ таъмин месозанд, ин аз бемасъулиятӣ ва хунукназарии онҳо гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамзамон аз ҷой доштани ҳолати коррупсионӣ дар фаъолияти комиссияҳои шаҳри Кӯлоб, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ изҳори нигаронӣ намуда, решакансозии ин падидаи номатлубро вазифаи аввалиндараҷа арзёбӣ дошт. Комиссари ҳарбии вилоят қайд намуд, ки минбаъд баҳри ислоҳи ин камбудиҳои ҷойдошта кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

3125 ҷавон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуд

Дар ниҳоят Раҷабалӣ Раҷабов инчунин аз масъулин даъват ба амал овард, ки аз ҳозир корҳои омодагиро барои даъвати баҳорӣ оғоз бахшида, баҳри пеш аз муҳлат ва бо сифати баланд таъмин намудани нақша талош варзанд.

Сипас, Сипосномаи раиси вилоят ба раиси Комиссия ва комиссарони ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шамсиддин Шоҳин супурда шуд.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Даъвати ҳарбӣ 100% иҷро шуд

Даъвати ҳарбӣ 100% иҷро шуд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Довталабони адои хизмати аскарӣ зиёданд

Довталабони адои хизмати аскарӣ зиёданд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ноҳияи Н. Хусрав даъвати баҳориро иҷро кард

Ноҳияи Н. Хусрав даъвати баҳориро иҷро кард

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Оғози маъракаи даъвати аскарӣ

Оғози маъракаи даъвати аскарӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Носири Хусрав. Иҷрои нақша дар як рӯз

Носири Хусрав. Иҷрои нақша дар як рӯз

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА