Дар як сатр
» » Ёди нек аз Аброри Зоҳир

Ёди нек аз Аброри Зоҳир

11-12-2017, 07:30

Ёди нек аз Аброри Зоҳир

Ба шамшери забон марди суханвар,
Кунад дунё мусаххар чун Сикандар.


Оре, дар ҳар давру замон сухани воло, каломи бадеъ ва аҳли сухан соҳибмартабаву соҳибэҳтиром буданд. Таърих гувоҳ аст, ки тӯли қарнҳо садҳо коху кушкҳо валангор гардиданд, ба ҷуз сухани волои бузургон. амсоли Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, А.Ҷомӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳои дигар. Зеро “Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст”. Боиси хушнудист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди ташвишҳои зиёди роҳбарӣ ба аҳли эҷод таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ин ташаббусу иқдомҳои Роҳбари давлатро дар вилояти Хатлон низ дастгирӣ намуда, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар баробари озмунҳо миёни адибону рӯзноманигорон чорабиниҳои фарҳангӣ, шабҳои эҷодии адибонро баргузор менамояд.

Чанде қабл бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар “Кохи ватан”-и шаҳри Қӯрғонтеппа чорабинии бошукӯҳи фарҳангию адабӣ ба ифтихори гиромидошти нависанда Аброри Зоҳир баргузор гашт. Субҳи бармаҳал садои мусиқӣ танинандоз буд, гулдухтарони чаканпӯш дар даст гулҳои муаттар меҳмонони олиқадр-устодон, адибону нависандагон, рӯзноманигорони номиро аз расонаҳои гуногуни кишвар пазироӣ намуданд. Ҳозирин тавассути намоиши асарҳои Аброри Зоҳир бори дигар бо фаъолияти эҷодии ӯ ошно гардиданд.

Ёди нек аз Аброри Зоҳир

Сипас маҳфили адабию фарҳангӣ оғоз ёфт. Ҳозирин баромаду суханрониҳои аҳли зиёи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳаёту рӯзгор ва эҷодиёти нависандаи сермаҳсул Аброри Зоҳир шуниданд. Ҳамчунин ҳунармандони вилоят бо беҳтарин сурудҳои хеш хотири иштирокдорони чорабиниро шод намуданд. Дар воқеъ Аброри Зоҳир тӯли ҳаёти 50-солаи хеш тавонист ба ҳаводорони каломи бадеъ беш аз 60 повесту роман ва киносенарияҳои гуногун боқӣ гузорад. Хонандагону бинандагон асарҳои ӯро аз қабили "Шикасти зулмот", “Гирдоб”, “Муҷассамаи ишқ”, “Ибни Лодан”, “Бозгашт”, “Майдон”, “Ёри ғор”, “Охирин сайди сайёд”, “Муқовимат”, “Завол”, “Ҷилои ҷоми Ҷомӣ” ва ғайраро хонданд ва тавассути телевизион тамошо кардаанд.

Ҳангоме ки Аброри Зоҳир дар беморис-тон хуфтаву ҷарроҳӣ шуда буд, даст аз навиштан бознадошт. Ва дар охирин лаҳзаҳои умраш низ бо марг даст ба гиребон шуд ва романи “Таърихи беморӣ”- ро ба мухлисони хеш пешниҳод намуд. Ин қадар ҷасорат ҳатто лаҳзаҳои охири умр, ки аз гузашти ҳаёташ хабар дошт, аз навиштан даст накашид. Пайваста дар талош буд, гӯё ки медонист умраш хело кӯтоҳ аст. Ва тавонист тӯли ним аср беш аз 70 асар таълиф намояд. ӯ бо тахаллуси Олмуҳаммад Шариф низ чор асар навиштааст. Маҳфили фарҳангиву адабӣ , ки бо гиромидошти нависанда Аброри Зоҳир доир гашт, тӯлонӣ сурат гирифт. “Кохи ватан” моломоли ҳаводорони асарҳои Аброри Зоҳир буд. Ҳозирин гӯшу ҳуш ба суханони устодону ҳамкорони Аброри Зоҳир дода буданд. Мо низ тасмим гирифтем, ки андаке аз андешаҳои устодону меҳмононро пешкаши хонандагон гардонем.

Озар, адиб: «Аброри Зоҳир то буд, ҳамроҳи мо буд, ҳар куҷо сухан гуфт, аз ватан гуфт. Аз ваҳдати миллӣ гуфт, аз истиқлол гуфт , аз рӯзгору аз дили шоду ношоди мо гуфт. Ва имрӯз ҳақ дорем ва вазифаю рисолати мост, ки дар бораи ӯ бигӯем ва ба таълифоташ арҷ бигузорем. Аброри Зоҳир яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик ба шумор мерафт. Аз ӯ то имрӯз 25 роман, 15 қисса рӯйи чоп омадааст. Ҳамчуноне, ки ман огаҳ шудам, зиёда аз 50 романи дигараш ҳанӯз чоп нашудааст.

ӯро дӯстонаш Александр Дюмаи тоҷик мегуфтанд. Агар дурусттар назар андозем, воқеан ҳам ӯ Александр Дюмаи тоҷик аст. Аброри Зоҳир як шамъе буд, ки аз сатрҳои заррини таълифоти хеш як тоҷи ҷовидонӣ бар сараш гузошт. ӯ монои як шамъи номирост, шамъе, ки ҷовидона дар як полои нур барои худаш макон дорад».

Ёди нек аз Аброри Зоҳир

Бобоҷон Саидов, мудири шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон: “ӯ аз зумраи нигорандагонест, ки образҳои мусбаташ чун ҷамъи инсонҳои хокӣ дар баробари хислатҳои ҳамида дорои камбудию амалҳои манфианд, яъне симоҳои офаридаи ӯ ба пуррагӣ тасвир меёбанд, ки барои адабиёти миллиамон падидаи нодир ба шумор меравад. Аксари мавзӯъҳои тасвиркардааш аз ҳаёти мардуми деҳа сарчашма мегиранд ва тасвири зиндагии деҳотиён бо ҳама камию костӣ ва шебу фароз дар нигоштаҳояш ба чашм мерасад.

Эҷодиёти ӯ баёнгари онанд, ки ин нависанда бо сабку нигориши хоса дар адабиёти муосири тоҷик мавқеи устувор дошт.

Аброри Зоҳир барои адабиёти миллати тоҷик дурри бебаҳо буд ва аз байн рафтани ӯ барои адабиёт талафоти ҷуброннопазир аст.

Гарчанде, ки Аброри Зоҳир имрӯз дар миёни мо набошад ҳам, эҷодиёти ӯ бо мост ва насли имрӯзу ояндаи миллат аз он баҳра гирифта, номи ӯро абадан зинда нигоҳ хоҳанд дошт.

Иброҳим Усмон, профессор: “Аброр аз ҷумлаи нависандагони Тоҷикистони нав буд. Албатта адабиёт ҳеҷ вақт дар як ҷой қарор намегирад, мисли дарёст. Новобаста аз он ки ба ин дарё ҷӯйчаю чашмаҳои нав ҳамроҳ мешаванд ва дар гардишҳои бузург ин ҷӯйчаҳо мавқеъи баландтарро соҳиб мешаванд. Гарчанде, ки дар адабиёти мо дар замони истиқлол эҷоди адибони бузурги насрнавис ба мисли Абдулҳамид Самад, Саттор Турсун, Кароматулло Мирзо, Сорбон, Урун Кӯҳзод идома дошт, ба ҳамин ҷараёни адабӣ Аброри Зоҳир дар замони истиқлолият ворид шуд. Аз ҷониби дигар дар эҷоди Аброри Зоҳир мавзуъҳое пайдо шуданд, ки дар адабиёти пештараи мо, адабиёти шӯравӣ тақрибан ба назар намерасиданд. Аброри Зоҳир дар асарҳои хеш ба мавзуъҳои байналмилалӣ низ рӯ овардааст. Як силсилаи калони асарҳои ӯ ба ин масъалаҳо бахшида шудааст. Аброри Зоҳир дар насри мо бо як сабки нав ворид шуд. Он чи гуфтан мехост, ба ҳамин сабк гуфтан хост. Ин сабки баёни вай нисбати насри анъанавӣ андаке тафовут дорад. Ман умед менамоям, ки танқиди адабии мо моҳияти ин сабкро ҳатман хоҳад гуфт”.

Абдуқодир Абдуқаҳҳор, журналист: “Миллати ҳушманд, аҳли зиё, фарзонаи миллат ҳеҷ гоҳ фарзонагони хешро фаромӯш намекунад. Дар тамоми дунё вақте ки инсоният ҳаст мешавад ва ҳамаи ашёву атрофу акнофро ном мемонанд. Атрофи номи мард баҳс ва сухан меравад ва ба хулосае меоянд, мард ҳамчун як фард бояд намиранда бошад, марди асил. Ва ба ҳамин хотир ҳам дар радифи мард номаш мегузоранд ва ба ҳамин хотир мегӯянд:

Мард намирад ба марг,марг аз ӯ ном ҷуст.
Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост.


Аброри Зоҳир дар умри кӯтоҳ тавонист, ҳамчун як меҳанпараст, ҳамчун як адиб номи худро дар саҳифаи таърих сабт кунад.

Юнус Юсуфӣ, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон: «То рӯзе, ки мо ба китоб, адиб, ҳунарманд, эҷодкор, нависанда арҷ мегузорем, пайдост, ки ҷомеаи мо дар раванди дуруст равона аст. Дар ҷомеае,ки сухан қадр дорад, ояндаи нек дорад. Бо шарофати истиқлолият ва сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бузургон, аҳли адабу илму ҳунар дар мадди назар ҳастанд».

Муҳаммад Ғоиб, шоир: «Асарҳои Аброри Зоҳир таърихианд, роҳи тайкардаи миллатанд, зиддиятҳоянд, муборизаҳои дуру дарозанд, худшиносианд, худогоҳианд, ватандорианд. Аброри Зоҳир дар эҷодиёташ аслан ба дунёи ботинии қаҳрамонҳо ворид шуда, бо сабку салиқаи бемонанд онро рӯи саҳфа меорад. ӯ барои адабиёти миллии тоҷик дурри бебаҳо буд,аз миёни мо рафтани ӯ барои адабиёт ва миллати мо талафоти калон аст».

Убайдулло Раҷабов, собиқ раиси Кумитаи телевизиони Тоҷикистон: “Аброр, рӯҳаш шод бод, бисёр як инсони нотакрор буданд. Дар хоксорӣ заминӣ буданд. Ин қадар одилу самимӣ буданд. Ман Аброрро вақти ба телевизион омадан шинохтам. Бис-ёр баромадҳоямро Аброр менавиштанд. Як рӯз баромади маро тайёр карданд ва ман гуфтам, ки ин қадар боақлона навиштаӣ, аз ҳад зиёд матни баланд, ба дилу завқи ман мувофиқат намекунад. Дар ҷавоб гуфт, ки ёд гиред. Аброр дар ҳақиқат як шахси аҷиб буд. Бо дӯстон шӯхиҳо мекард ва ҳазлҳои ҳамаи онҳоро таҳаммул мекард. Як филмнома навишт бо номи «Муҷассамаи ишқ» ва баъд аз тасдиқ гардидани филмнома ва ҳунармандон ба наздам омад ва гуфт, ки нақши қаҳрамони асосии ҳамин филмро шумо бозед. Ман рад кардам. Вале назди коргардон рафт ва ӯ низ аз ман инро тақозо кард ва ниҳоят ман дар он филм нақши бобои Ғаффорро бозидам.

Абдулҳамид Самадов, нависанда:

Шеър гарчӣ ба хондан аст осон,
Он кас, ки бигуфт, меканад ҷон.


Заҳмати эҷодкор сангин аст. Мову шумо мехонем, лаззат мебарем. Лаззат бурдани мо дар паси пардаи эҷодкор ниҳон аст. Аброри Зоҳир бисёр як шахсияти заҳматкаш буд, ва дар ҳамон пешаи интихобкардаи худ содиқ буд ва содиқ рафт.Рӯҳашон шод бод!

Зинатулло Исмоилзода, раиси ИЖТ: “Аброр Зоҳир директори барномаи ТВ Тоҷикистон буданд ва ман муовини эшон будам. Ҳар кореро, ки Аброр Зоҳир оғоз мекард, ҳамчун аввалин нафар оғоз мекард ва ҳар кореро, ки оғоз мекард бо сари баланд оғоз мекард, бо муваффақиятҳои зиёд ва бо як ҷаҳон маънӣ пешниҳод мекард. ӯ аввалин сармуҳаррири нашрияи Кумитаи телевизион ва радиои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷаҳони паём” буд. ӯ буд, ки “Ҷаҳони паём” садою симои кишварро ба муштоқони ин паём мерасонд. ӯ буд, ки ин ҳафтаномаро ба як аҳли эҷод табдил дод. Вақте ки ба ҳайси директори барномаҳои телевизиони Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ карданд, мо аз ӯ дарс омӯхтем. Дарси инсоният, дарси садоқат, дарси муҳаббат ва пешаи интихобкарда. Дохили утоқи Аброри Зоҳир ягон лаҳза беодам набуд, ҳамеша дар атрофаш эҷодкорони асил буданд. Онҳое буданд, ки бо заҳмати худ, бо эҷоди худ мехостанд ба тамошобинон беҳтарин барномаҳоро пешниҳод намоянд.

Хайрандеш, шоир: «Аброри Зоҳир ба ҳамаи мукофотҳои давлатӣ меарзад. ӯ дар баробари сермаҳсулиаш ҳамчунин, дар масъалаи мутолиаи китобҳои адибон низ аз дигарон фарқ дошт. Дар баробари мутолиаи асарҳои адибони тоҷик асарҳои тамоми адибони лауреати мукофоти Нобелиро низ хондааст. Аз ин рӯ, асарҳои Аброри Зоҳир барои хонанда пурмазмун ва шавқовар аст. Шахсан ман агар асари Аброри Зоҳирро ба даст мегирифтам, то ба охир нахонам, хобам намебурд».

Аслиддин Имомзода, бародари Аброр Зоҳир: «Бародари мо бисёр як шахси боғайрат, заҳматкаш буданд. Ҳамеша ба мо бародарон як чиро таъкид мекарданд, ки вақтатро ба бесамарӣ қурбон накун, ки оқибати он бенишонист. Воқеан ҳам бародари мо як лаҳзаи умри худро ба бекорӣ намегузаронданд,ҳамеша аз пайи эҷод буданд».

ВАХШОНА,
”Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Истеъдоди камназири рассоми ҷавон хатлонӣ

Истеъдоди камназири рассоми ҷавон хатлонӣ

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Ҷавонон ва варзиш
Мулоқот бо нависандаи халқӣ

Мулоқот бо нависандаи халқӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ёде аз Аброр Зоҳир

Ёде аз Аброр Зоҳир

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Номаҳои Шумо
Фавти бармаҳали адиб Аброр Зоҳир

Фавти бармаҳали адиб Аброр Зоҳир

Фарҳанг ва адабиёт, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Муаллифи беш аз 70 китоб ва хаттоти машҳур даргузашт

Муаллифи беш аз 70 китоб ва хаттоти машҳур даргузашт

Маориф ва илм