Дар як сатр
» » Имзои Созишномаи ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Гомели Беларус

Имзои Созишномаи ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Гомели Беларус

11-12-2017, 07:46

Имзои Созишномаи ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Гомели Беларус


1 декабри соли 2017 дар шаҳри Мински Беларус дар миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Гомели Беларус Созишномаи ҳамкорӣ баста шуд.

Созишномаи мазкур дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ва дидору мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба тасвиб расид.

Тавре ки хадамоти матбуоти Роҳбари давлат иттилоъ медиҳад, баррасии маҷмӯи васеи масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокирот бо иштироки ҳайатҳои васеи расмии ҳарду ҷониб идома ёфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз мазмун ва сифати баланди пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Беларус изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати идомаи ҳамкориро ҷиҳати такмилу тавсеаи минбаъдаи он зарур шумориданд. Тарафҳо аҳамияти санадҳои зимни сафар баимзорасидаро, ки фарогири самтҳои васеи ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодӣ, инчунин рушди робитаҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистону Беларус мебошанд, таъкид карданд.

Роҳбарони ду давлат бо назардошти таҷрибаи мусбати робитаҳои байниминтақавӣ дар сатҳи вилояту шаҳрҳо, зарурати тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф ва бо мазмуни нав ғанӣ гардонидани онро таъкид карданд.

Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Беларус дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко 4 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки яке аз онҳо Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи вилояти Гомели Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ мебошад.

Дар зери ин санади ҳамкорӣ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси вилояти Гомел Владимир Дворник имзо гузоштанд. “Созишномаи мазкур муносиботи минтақаҳои ду кишварро боз ҳам таҳким хоҳад бахшид”, - омадааст дар хабарномаи дафтари матбуотии Кумитаи иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Гомели Беларус.

Гуфта мешавад, ки ҳаҷми гардиши молу коло дар миёни вилояти Гомели Беларус ва Тоҷикистон дар моҳҳои январ-сентябри соли 2017 беш аз 818 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод. Аз ҷониби ширкату корхонаҳои вилояти Гомел ба Тоҷикистон асосан собун, зардеворӣ, маводи кишоварзӣ ва ғайра ворид гардида, аз Тоҷикистон ба Гомел калобаи пахтагӣ содирот шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Гомели Беларус тӯли солҳои охир муносибатҳои хуби ҳамкорӣ роҳандозӣ шудаанд. Рӯзҳои 12-14 ноябри соли 2014 ҳайате аз вилояти Хатлон таҳти сарварии муовини раиси вилоят ва намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ба вилояти Гомел сафар карда, бо мақомоти расмии он минтақаи Беларус дидору мулоқот анҷом доданд. Ҳайати вилояти Хатлон инчунин бо кори ширкатҳои КСУП «Брилево» (шаҳраки кишоварзии Мичуринск дар ноҳияи Гомел), «Гомелагрокомплект», «Милкавита», «Гомселмаш» ва ғайра шинос шуданд, дар маросими таҷлили иди кишоварзони маҳал - «Дажынкi-2014» дар шаҳри Буда-Кошелев иштирок карданд.

Ҳамчунин, 21 апрели соли 2016 мушовири сафорати Беларус дар Тоҷикистон Виктор Полянин ба вилояти Хатлон сафар карда, пас аз дидору мулоқот бо муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов, бо зарфиятҳои иқтисодиву тиҷорати вилоят ошно гардид ва дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи омӯзишӣ ширкат варзид.

26 апрели соли гузашта бошад, дар доираи ҷаласаи 10-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳайати намояндагони вилояти Гомели Беларус таҳти роҳбари муовини якуми раиси Кумитаи иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Гомел А. Микалутский ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Соли 2016 ширкати истеҳсоли комбайнҳо аз вилояти Гомел ба Тоҷикистон тавассути лизинг 10 адад техникаи даравандаи ғалла пешнҳод намуд.
Бояд гуфт, ки дар мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлати Беларус Александр Лукашенко изҳор доштааст, ки ояндаи наздик бо мақсади таъсиси корхонаҳои муштарак ба Тоҷикистон роҳбарони ширкатҳои азими саноатию истеҳсолии Беларус сафар хоҳанд кард.

Ба иттилои хадамоти матбуотии Президенти кишвар, бо мақсади ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории тиҷоратию иқтисодии дуҷониба, аз ҷумла, ҷиҳати афзоиши ҳаҷми гардиши мол роҳбарони Тоҷикистону Беларус зарурати баланд бардоштани самаранокии кори Комиссияи байниҳукуматиро оид ба масоили ҳамкорӣ таъкид намуданд. Зарурати дарёфти роҳҳои ҳалли нисбатан самараноки логистикӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои иқтисодӣ, муассисаҳои муштарак ва эҷод намудани шароити мусоид барои ҳамкории мутақобилаи ниҳодҳои хоҷагидорӣ иброз гардид. Дар баробари ин маҷмӯи саноати кишоварзӣ, мошинсозӣ, нақлиёту энергетика, саноати озуқа ва сабук ба сифати арсаҳои ояндадори ҳамкории иқтисодӣ муайян гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко аз натиҷаҳои мулоқот, ки дар фазои анъанавии дӯстӣ, эътимоди комил ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Н. МАЪМУРЗОДА,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Эмомалии Раҳмон, аз туст бахти миллат!

Эмомалии Раҳмон, аз туст бахти миллат!

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Лебапи Туркм ...

Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Лебапи Туркм ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сафири ИМА дар Тоҷикистон ба Хатлон омад

Сафири ИМА дар Тоҷикистон ба Хатлон омад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА - ба хотири ояндаи дурахшон

Ҳамкории Тоҷикистону ИМА - ба хотири ояндаи дурахшон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Намояндаи БОР: Ба таҳкими ҳамкорӣ бо Хатлон алоқамандем

Намояндаи БОР: Ба таҳкими ҳамкорӣ бо Хатлон алоқамандем

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо