Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » САРЧАШМАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ


САРЧАШМАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ


Дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров - сарчашмаи худшиносии миллӣ» семинари илмӣ -амалӣ баргузор гардид. 

Ҷӯрабой Собиров, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дар оғози семинар иброз дошт, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди саҳми таърихнигорон чунин қайд кардаанд: «Олимони таърихнигор ва ҷомеашиноси мо ва умуман аҳли зиёи кишвар бояд дар омӯзиш ва тарғиби зиндагинома ва осори ҷовидонаи ин бузургмарди миллат саҳмгузор бошанд». 

Давлаталӣ Алимов, мудири кафедраи таърихи умумӣ, доктори илмҳои таърих, дар мавзӯи “Мухтасари зиндагиномаи академик Бобоҷон  Ғафуров”, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, номзади илмҳои таърих Казаков Рустам дар мавзӯи “Аз таърихи таълифи “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров»  маърӯза карданд.

Ҳамчунин, Файзиддин Наботов, мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, номзади илмҳои таърих дар мавзӯи “Бобоҷон Ғафуров дар ситоиши олимону сиёсатмадорони бузург” суханронӣ кард. Рустам Тағоймуродов, доктори илмҳои филологӣ нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро дар рушд ва нумӯи таърихшиносии миллӣ ҳалкунанда арзёбӣ намуд. Ташаккули ҷаҳонбинии таърихии Б. Ғафуровро устод Тағоймуродов марҳила ба марҳила таҳқиқ намуда, қайд кард, ки мавзӯи калидии таҳқиқоти академик Бобоҷон Ғафуровро таърихи халқи тоҷик аз замонҳои қадим то давраи муосир ташкил медиҳад. Бо фарохии мавзӯи таҳқиқотӣ, масъалагузорӣ ва ҳалли он дар заминаи маводҳои нодиру дасти аввал ва таҳқиқоти таърихшиносии ҷаҳонӣ Б. Ғафуров имрӯз низ дар таърихнигории тоҷик мақоми аввалиндараҷаро соҳиб мебошад.

Аламшо Пиров, номзади илмҳои фалсафа зикр кард, ки воқеан таҳқиқоти Бобоҷон Ғафуров, ба вижа «Тоҷикон»-и ӯ дар таърихшиносии миллӣ ҳамчун асари бунёдии ҷамъбастӣ то ба имрӯз арзиши баланди илмии худро нигоҳ медорад ва ояндаҳо нигоҳ хоҳад дошт.

 

Имрони КОМРОН

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода