Дар як сатр
» » Фаъолнокии ҷавонони шаҳри Бохтар дар соатҳои аввали оғози интихоботи Прекзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолнокии ҷавонони шаҳри Бохтар дар соатҳои аввали оғози интихоботи Прекзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

11-10-2020, 14:10

Аз соатҳои аввали оғози интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида мегардид, ки дар участкаи интихоботии №1 ҳавзаи интихоботии Бохтар 44 ҷавонон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, ба номзади арзанди худ раъй медоданд.

Бинобар иттилои Мирзои Зардов, раиси участкаи интихоботии №1 шаҳри Бохтар Дар участкаи мазкур 1544 интихобкунандагон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 105 нафар ҷавононе мебошанд, ки бори нахуст дар маъракаҳои интихогботӣ иштирок доштанд.

Фаъолонкии ҷавонон дар нимаи аввали рӯзи интихобот шаҳодат аз он медиҳад, ки насли ҷавони ҷомеа ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таваҷҷуҳи зиёд дошта, моҳияти ширкати фаъоли сокинонро дар маъракаҳои интихоботӣ саҳмгузорӣ дар рушду тараққиёти кишвар ва тақдири ояндаи халқу ВАтани хеш медонанд.

Сайидамир Малаев, як тан аз сокинони шаҳри Бохтар баъди овоздиҳи дар участкаи №1 шаҳри Бохтар изҳор дошт, ки иштироки бевосита дар маъракаҳои интихоботӣ масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокинон дар тақдири ояндаи давлати худ арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла, фаъолнокии ҷавонони шаҳри Бохтар дар  имрӯз шаҳодат аз он медиҳад, ки сол аз сол сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон  боло рафта истодааст, ки ин аз натиҷаи дуруст ба роҳ мондани маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣ- сиёсӣ аз ҷониби муассисаҳои олӣ ва дигар бахшҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон дарак медихад.

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар вилояти Хатлон 25 ҳавзаи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳур ...

Дар вилояти Хатлон 25 ҳавзаи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳур ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ

498 нафар ҷавонони шаҳри Левакант бори аввал раъй медиҳанд

Ҳаёти иҷтимоӣ

БА ИНТИХОБОТ ОМОДААНД

Ҳаёти иҷтимоӣ
ВАХШ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ

ВАХШ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ
Хатлон: Интихобот, табрики раиси вилоят ва дуои пири 98-сола

Хатлон: Интихобот, табрики раиси вилоят ва дуои пири 98-сола

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА