Дар як сатр
» » Дар вилояти Хатлон 25 ҳавзаи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар вилояти Хатлон 25 ҳавзаи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

11-10-2020, 14:15

   Дар вилояти Хатлон 25 ҳавзаи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии 175 нафар, аз он ҷумла 97 нафар занон (55,4%), 1097 участкаи интихоботӣ (нисбат ба интихоботи президентии соли 2013-ум 86 участка зиёдтар) бо фарогирии зиёда аз 9873 нафар аз ҳисоби шахсони таҷрибадор таъсис дода шудааст.

   Тибқи иттилои расида ба рӯзномаи "Хатлон” шумораи интихобкунандагон дар вилоят як миллиону 717 ҳазору 489 нафар ҳисоб шудааст. 31674 нафар ҷавонон бори аввал дар ин чорабинӣ ширкат варзида, мавқеи шаҳрвандии худро муайян мекунанд.

Раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳавзаҳои интихоботии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 92 хабарнигори сабтиномшуда ва наздик ба 5,5 ҳазор мушоҳидони миллӣ ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ мушоҳида карда истодаанд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода пас аз овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар участкаи интихоботии №5-и шаҳри Бохтар, бо як гурӯҳ ҷавононе, ки бори аввал дар интихобот ширкат меварзанд, суҳбат орост.

 

Зимни мулоқоти сарироҳӣ раиси вилоят ҷавононро бо ин рӯйдоди муҳими таърихӣ табрик гуфта, онҳоро ба мавқеъгирии фаъоли шаҳрвандӣ ва таҳсили хубу аъло даъват намуд.

 

Матлубаи Иброҳим, донишҷӯи соли якуми факултети математика-информатикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, бори аввал дар интихоботҳои ширкат меварзад. Вай гуфт, ки иштирок дар интихоботро масъулияти шаҳрвандии худ медонад ва эҳсос мекунад, ки тақдири ояндаи давлат, миллат ва ҳар як шаҳрванд аз раъйи ҳар як интихобкунанда вобастагӣ дорад.

- Ман номзади арзандаи худро дорам, - афзуд Матлубаи Иброҳим. – Ҳамаи ҷавононро даъват мекунам, ки дар интихобот фаъолона ширкат кунанд.

 

Раиси вилояти Хатлон ба 12 нафар ҷавононе, ки бори аввал барои овоздиҳӣ омадаанд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Гулбарг Боқиева, бонуи ҳунарманд, сокини шаҳри Бохтар, дар суҳбат бо рӯзномаи "Хатлон” гуфт:

Интихобот ояндаи сарнавишти мардуми сарбаланди Тоҷикистонро муайян мекунад. Мо ҳама аҳли оила бо рӯҳияи баланд, дарки масъулият якҷоя ба участкаҳои интихоботӣ барои овоздиҳӣ омадем.

Вақте ки ба утоқи овоздиҳӣ даромадам, пеши назарам дирӯзу имрӯзи Ватан ҷилвагар гардид. Ноумедиҳову хушрӯзгориҳо, қаҳтию серию пурӣ, ҷангу тинҷию амонӣ, нафрату саодат, парешонҳолию осудагӣ омад. Барои ояндаи фарзандонам ва ободию шукуфоии кишварам овоз додам.

Ман ифтихор мекунам, ки ҳамчун шахси комилҳуқуқ дар муайянсозии роҳи ояндаи давлати худ бетараф нестам ва овози ман барои номзади арзанда аст.

Раҳмихудо Давлатшоев, донишҷӯи соли якуми факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки бори аввал ба овоздиҳӣ омадааст, зимни суҳбат бо рӯзномаи "Хатлон” чунин гуфт:

- Иштирок дар интихобот масъулияти ҳар як шаҳрванд аст. Шаҳрвандон дар интихобот на танҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ояндаи давлату миллат ва ояндаи худу фарзандонашонро интихоб мекунанд. Мо - ҷавонон дар интихоб набояд хато кунем, интихоби дурусти мо ояндаи кишварро боз ҳам дурахшонтар мекунад.

Мусаллам аст, ки ҷавонони матиниродаи миллати сарбаланди тоҷик бо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ҳушёрию зиракӣ, баҳри ҳифзи арзишҳои волои миллӣ, пос доштани обу хоки ин сарзамини биҳиштосо бо диди нав ба фардои дурахшони кишвар иштирок дар интихоботро ҳамчун василаи ширкат дар ташаккули мақомоти давлатӣ дониста, саҳми арзандаи хешро дар раванди давлатсозию давлатдорӣ ва ба таври шаффофу одилона барпо гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ мегузоранд.

Мо – ҷавонон ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надода, барои рушди низоми соҳибихтиёриву демократии кишвар дар интихоботи президентӣ иштироки фаъол менамоем.

Донишҷӯёни дигари ҳамсчуҳбати мо низ бо хушнудӣ изҳор доштанд, ки дар интихобот фаъолона ширкат намуда, баҳри рушди босуботи Тоҷикистон овоз хоҳанд дод.

Қобили зикр аст, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 31674 нафар ҷавонон бори аввал дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, мавқеи шаҳрвандии худро муайян мекунанд.

 

 

Субҳи имрӯз, 11 октябр, ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон бо 5 адад нақлиёти хизматӣ барои иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба учаскаи интихоботи №19-и шаҳри Бохтар рафта, ба ҷонибдории номзади арзандаи худ овоз доданд.

Сокинони шаҳри Бохтар дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок мекунанд.

Тавре ки ба рӯзномаи "Хатлон” Зоиршо Холов, котиби ҳавзаи интихоботии Бохтар-44, иттилоъ дод, то соати 14:00 дар шаҳр 41 участкаи интихоботӣ айни ҳол амал карда, 34360 нафар ё 68%-и шумораи умумии интихобкунандагон дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд.

 

Мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ раванди интихоботро шаффофу демократӣ арзёбӣ мекунанд. Дар ҳавзаи интихоботии Бохтар-44 то ин лаҳза аз ҷониби мушоҳидон, намояндагони ВАО ягон шикоят ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳангомаи Исмат,

"Хатлон”

 

 

 

 

 



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Фаъолнокии ҷавонони шаҳри Бохтар дар соатҳои аввали оғози интихоботи Прекзи ...

Ҳаёти иҷтимоӣ

БА ИНТИХОБОТ ОМОДААНД

Ҳаёти иҷтимоӣ
Хатлон: Интихобот, табрики раиси вилоят ва дуои пири 98-сола

Хатлон: Интихобот, табрики раиси вилоят ва дуои пири 98-сола

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Даст кашидани се номзад аз ширкат дар интихобот

Даст кашидани се номзад аз ширкат дар интихобот

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кӯлоб. 1565 нафар бори аввал овоз медиҳанд

Кӯлоб. 1565 нафар бори аввал овоз медиҳанд

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА