Дар як сатр
» » Машъали ояндасозони ватан

Машъали ояндасозони ватан

17-09-2020, 23:08

Cаъдулло Бекназаров бо шунидани ин ном пеши назар симои нуронии яке аз шахсиятҳои шинохтаи Хатлонзамин, мутахассиси баландпояи соҳаи кишоварзӣ, марди дар арсаи сиёсат обутобёфтаву миёни мардум маҳбубу соҳибэҳтиром таҷассум меёбад, ки бо кору пайкори фидокоронааш дар ҷодаҳои гуногун нақши мондагор дорад.

Саъдулло Бекназаров дар ноҳияи Ёвон чашм ба олами ҳастӣ кушода, баъди хатми мактаби зодгоҳаш таҳсилро дар Донишкадаи хоҷагии қишлоқ (имрӯза Донишкадаи аграрии ба номи Шириншо Шоҳтемур) идома медиҳад. Фаъолияти меҳнатиро аз вазифаи муҳандиси калони муассисаи байнихоҷагии №7-и ноҳияи Ёвон оғоз карда, баъдан, дар зинаҳои сармуҳандиси Раёсати кишоварзӣ, сардори идораи таъминоти техникаи хоҷагии қишлоқ, ҷонишини иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Ёвон ифои вазифа намудааст. Аз соли 1988 директори хоҷагии Ёвон-5 ва аз соли 1992 то 1999 раиси ноҳияи Ёвон буд.

Маҳз дар ҳамин марҳилаи рушду такомули касбӣ аз устодону роҳбарони замони хеш таҷрибаи азму эҳсоси заҳмати содиқона ба халқу ватан, саъю талошҳо баҳри баланд бардоштани нишондиҳандаҳои корӣ, саҳмгузорӣ дар ободониву пешравиҳои ҷомеа, мубориза барои расидан ба ҳадафҳои пешгузошта ва бардошту таҳаммули мушкилиҳои рӯзгорро азбар кардааст.

Донишу малакаи ҳисобу китоби хароҷотҳои идоравӣ савияи баланди фикрии таҳлилу қиёс ва натиҷагириҳо аз вазъи иқтисодӣ-иҷтимоӣ аз зарфиятҳои вижаи Саъдулло Бекназаров аст, ки ӯро дар иҷрои вазифаҳои роҳбарӣ муваффақу сарбаланд месозад. Ӯ вақтро бузургтарин неъмати зиндагӣ дониста, фурсати умри ғаниматро самаранок истифода мебарад. Субҳи бедории ӯ пеш аз тулӯи бомдодон оғоз ёфта, шомгоҳон рӯзи паси сар намударо натиҷагирӣ мекунад, баъди тарҳрезии нақшаву вазифаҳои барои рӯзи дигар, роҳ сӯи хонаи худ мегирад.

Таҷрибаи ҳаёт собит менамояд, ки шахс дар тӯли фаъолияти роҳбарии худ дар бунёду ташаккул ва пешрафту тараққиёти ину он соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳми муносиб гузошта сазовори эщтиром мегардад. Мардумони навоҳии Ёвон, А. Ҷомӣ ва Қубодиён бар замини ин раиси Бекназаровро ҳамчунин, як шахсияти бунёдгузор мешиносанду эътироф доранд. Бунёди нахустин муҷассамаи «Дасти дуои модар» дар маркази маъмурии ноҳияи Ёвон, оғози марҳилаи навини саноатикунонии инҷо аз зумраи рӯйдоду дастовардҳои муҳимест, ки маҳз ба давраи роҳбарии ин ноҳияро ба уҳда доштани ӯ рост меоянд.

Бо дарки аҳамияти таҳкиму пурқудрат намудани дастгоҳи идеологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раиси сиёсатмадор солҳои роҳбарии навоҳии Абдураҳмони Ҷомиву Қубодиёнро ба зимма доштанаш, ба рушду эҳёи нашрияҳои маҳаллии ноҳияҳои мазкур таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошт. Аҳли эҷоди нашрияҳои «Баҳористон»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва «Тахти Қубод»-и ноҳияи Қубодиён аз саҳми беназири ӯ дар афзоиши теъдоди нашри ин рӯзномаашон беҳбудии шароити кори матбуотчиён ва тақвият бахшидани робитаи зичи ВАО бо мақомоти маҳаллӣ ва сокинони деҳот ба некӣ ёд меоранд.

-Давоми солҳои роҳбарии Саъдулло Бекназаров нашрияи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи А. Ҷомӣ «Ба пеш», номи «Баҳористон»-ро гирифта, теъдоди нашри он аз 450 ба 1300 нусха расонида шуд,- қисса мекунад Абдухолиқ Мӯсоев, сармуҳаррири рӯзномаи «Баҳористон». – Маҳз аз ҳамон давра рӯзномаи ноҳиявӣ ба минбари дархосту пешниҳодҳои созандаву арзу ниёзи мардум табдил ёфта, дар ҳаллу фасли масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа миёни сокинон ва масъулони мақомоти маҳаллӣ нақши калидӣ мебозид.

Ҳамчунин, дар он солҳо навоваривупешрафтҳои чашмрас дар дигар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи А. Ҷомӣ низ баръало мушоҳида мешуд. Таҳлили саҳеҳу масъалагузориҳои ҷадид дар самти беҳдошти вазъи мелориативии заминҳо, идомаи ислоҳоти воқеии соҳаи кишоварзӣ ва ба ихтиёри соҳибони аслии замин вогузор намудани саҳмашон маҳз дар давраи раисии ӯ амалӣ гардид.

Ҳамин тавр, аз соли аввали роҳбарии С. Бекназаров истеҳсоли пахта аз 10-15 ҳазор тоннаи солҳои пешин ба 20 ҳазор тонна ва дар солҳои минбаъд ин нишондод ба 25000 тонна расонида шуд. Бо мурури беҳдошти сатҳи иҷтимоӣ - иқтисодии аҳолӣ ва вусъат ёфтани корҳои ободонӣ дар ҳудуди ноҳияи А. Ҷомӣ якчанд иншооти бекорхобидаи маданӣ -маишӣ дубора барқарор ва ба истифода дода шуд.

Саъдулло Бекназаров дар солҳои 2003-2006 дар вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, пас аз он то соли 2013 ба ҳайси сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон фаъолият намуда, аз соли 2013 то 2015 раиси ноҳияи Қубодиён буд. Тӯли солҳои 2015-2019 роҳбари хоҷагии «Мавлуд»-и ноҳияи Ёвон ва аз моҳи марти соли 2019 то инҷониб сардори Филиали муассисаи давлатии муҳофизати рустаниҳо ва химикунонии кишоварзии вилояти Хатлон мебошад. Ба ҳайси донишманду пешвари даврони рушду тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ӯ ислоҳоти соҳаи кишоварзиро беҳтарин омили беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мешуморад.

– Дар баробари пешрафту навовариҳои муҳими соҳаи хоҷагии қишлоқ имрӯз баъзе масъалаҳои глобалиеро, ки сабаби камҳосилии заминҳо ва паст шудани истеҳсолот мешаванд, бояд дар сатҳи парлумони кишвар ба баррасӣ гузошт,- изҳор медорад С. Бекназаров. – Зеро дар идомаи ислоҳоти соҳа ва таҷдиди хоҷагиҳои бузург, масъалаи ҳатмӣ намудани киштгардони заминҳои кишоварзӣ ба инобат гирифта нашудааст. Азбаски имрӯз баъзан хоҷагидорон моҳияти кишгардонро дуруст дарк намекунанд, замин аз элементҳои лозимӣ таъмин набуда, ҳосили дилхоҳ намедиҳад.

Парвариши чигити тухмӣ низ дар вилоят ҷавобгӯи талабот нест. Ҳатто ҳамон хоҷагиҳои ба ном тухмипарварӣ чигити тухмиро аз дигар ҷо харидорӣ менамоянд. Вагарна, бо дуруст ба роҳ мондани парваришу коркарди дуруст ва таъминоти саривақтии замин бо нуриҳои минералӣ метавон аз кишти тухмиҳои ватанӣ ҳам ҳосили дилхоҳ ба даст овард. Баъдан, дар солҳои пеш як ташкилоти бо ном «Селхозхимия» арзи вуҷуд дошт, ки дар заминаи он Донишкадаи хокшиносӣ, ташхисгоҳи заҳрхимикатҳо ва маркази таҳлили тухмиҳо фаъолият намуда, ҳар кадом аз ин сохторҳо ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ будан ё набудани маводу маҳсулоти заруриро назорат мекарданд. Хушбахтона, айни замон Вазорати кишоварзии мамлакат баҳри барқарор намудани он соҳаҳои муҳими хоҷагии қишлоқ кӯшиш дорад ва умедворем, ки дар ояндаи наздик Донишкадаи хокшиносӣ ба фаъолият шурӯъ менамояд. Аммо барои таъсиси ташхисгоҳи заҳрхимикатҳо, пеш аз ҳама, омода кардани мутахассисон ва муҷаҳҳазгардонии ташхисгоҳҳо бо технологияи муосир дар мадди аввал меистад»-мегӯяд Саъдулло Бекназаров.

Аз суҳбат бо ин марди фозил маълум гардид, ки давоми фаъолияти пурсамараш дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ ва ноил шудан ба дастоварду нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ бо чандин унвону ифтихорномаҳои гуногуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Ҳанӯз дар овони ҷавонӣ, ки дар мансаби ҷонишини раиси иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Ёвон кору фаъолият менамуд, барои хизматҳои арзандааш дар рушду пешрафти соҳа ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои хоҷагиҳои пешқадами ноҳияи Ёвон ӯ бо медали "Хизмати шоиста” сарфароз гардида буд. Дар арафаи ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, Саъдулло Бекназаров сазовори медали"Корманди шоистаи Тоҷикистон”? Бекназаров «Хизмати содиқона ба халқу меҳани азизро рисолати худ дар зиндагӣ ва дар ин роҳи пуршараф пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро шиору машъали роҳнамои ояндасозони Тоҷикистони соҳибистиқлол мешуморад».

Ҷамолиддин САЙФИДДИН, «Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

САҲМГУЗОР ДАР ОБОДОНИИ ДЕҲОТ

САҲМГУЗОР ДАР ОБОДОНИИ ДЕҲОТ

Ҳаёти иҷтимоӣ
БЕҲТАРИНҲО ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

БЕҲТАРИНҲО ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии деҳқонии «Баракат»-и ҷамоати д ...

Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии деҳқонии «Баракат»-и ҷамоати д ...

Ҳокимияти давлатӣ
Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ

Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Боздошти С. Бекназаров дар Ёвон

Боздошти С. Бекназаров дар Ёвон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА