Дар як сатр
» » Бунёди иншоотҳои ҷашнии ноҳияи Панҷ

Бунёди иншоотҳои ҷашнии ноҳияи Панҷ

5-10-2020, 23:03

Дар ноҳияи Панҷ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 210 иншооти таъйиноташ гуногун пешбинӣ гардидааст.

Тавре ки Ҷамшед Латипов, мудири шуъбаи меъмории ноҳияи Панҷ иброз дошт, то 1-уми окятбри соли ҷорӣ сохтмони 126 иншооти ҷашнӣ ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла, то имрӯз бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ 2 корхонаи коркарди шир, коргоҳи истеҳсоли макарони хушсифат, корхонаи истеҳсоли хишти симинтӣ, ҳамом, китобхона ва инчунин 17 адад бунгоҳҳои тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Ба гуфтаи Ҷамшед Латипов дар моҳҳои наздик сохтмони 35 синфхонаҳои иловагӣ, биноҳои маъмурӣ, толору коргоҳҳои гуногун мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Ҳамчунин то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Панҷ сохтмони муассисаи томактабӣ, коргоҳҳои хурди истеҳсоли маҳсулоти маҳалӣ ва дар маркази маъмурии ноҳия азнавсозии боғи фарҳангӣ, бунёди Парчам ва нишони давлатӣ дар назар дошта шудааст.

Тибқи нишондод 50 дарсади иншоотҳои ҷашнии ноҳияи Панҷ ба иқдоми соҳибкорон бунёд гардида истодааст, ки аксари онҳо дар хориҷи кишвар ба тиҷорату фаъолиятҳои гуногуни соҳибкорӣ машғул буда, саҳмгузорӣ дар рушди диёри хешро масъулияти ватандории худ мешуморанд.

«Хатлон»

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

РУШДИ ДЕҲОТ ВА СОЛИМГАРДОНИИ ҶОМЕА

Тандурустӣ ва экология

ФАРХОР. АЗМИ БУНЁДУ НАВСОЗИИ 324 ИНШООТ

Хабарҳо

АЗМИ БУНЁДИ 510 ИНШООТИ ТАЪЛИМИИ ҶАШНӢ ДАР ВИЛОЯТ

Хабарҳо

ДӮСТӢ. ОМОДАГӢ БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Хабарҳо

Ташаббуси соҳибкорони Кӯшониён

Хабарҳо