Дар як сатр
» » 498 нафар ҷавонони шаҳри Левакант бори аввал раъй медиҳанд

498 нафар ҷавонони шаҳри Левакант бори аввал раъй медиҳанд

5-10-2020, 23:02

Дар ҳавзаи интихоботии Левакант - 47 шаҳри Левакант 27 ҳазор 53 нафар интихобкунандагон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 498 нафар ҷавононе мебошанд, ки бори аввал дар раъйдиҳи ширкат меварзанд. Дар ин бора Дилшод Ғафуров, ҷонишини раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Левакант -47 иттилоъ дод.

Ба гуфтаи манбаъ дар ҳудуди шаҳри Левакант 17 участкаҳоии интихоботӣ фаъолият менамоянд. Дар баробари аъзоёни участкаҳои интихоботӣ ва 34 нафар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ инчунин 26 нафар ихтиёриён аз ҳисоби ҷавонони ин шаҳр бо мақсади фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон кор бурда истодаанд.

- Дар нисбат ба маъракаҳои солҳои пешин дар интихоботи қарибулфуқуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолнокии бештари бонувон мушоҳида мегардад. Аз ҷумла, дар тамоми шаҳри Левакант 57 дарсади аъзоёни участкаҳои интихоботиро занону духтарон ташкил медиҳанд. Бинобар маълумотҳои оморӣ азтеъдоди умумии интихобкунандагон дар ин шаҳр 13457 нафар бонувон мебошанд.

«Хатлон»

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БА ИНТИХОБОТ ОМОДААНД

Ҳаёти иҷтимоӣ

ЧИЛ ДАРСАДИ НОМЗАДҲО БА МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ БОНУВОНАНД

Ҳаёти иҷтимоӣ

ИНТИХОБОТРО ДАР САТҲИ БАЛАНДИ СИЁСИВУ ТАШКИЛӢ МЕГУЗАРОНЕМ

Ҳаёти иҷтимоӣ
Қурбонзода аз се рақибаш маҳрум шуд

Қурбонзода аз се рақибаш маҳрум шуд

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кӯлоб. 1565 нафар бори аввал овоз медиҳанд

Кӯлоб. 1565 нафар бори аввал овоз медиҳанд

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА