Дар як сатр

Кишоварзӣ

5-10-2020, 23:02

Кишоварзӣ манбаи асосии даромади хоҷагиҳо ва пешбурди рӯзгори сокинони Ҷамоати деҳоти «Қумсангир»-и ноҳияи Ҷайҳун арзёбӣ мегардад. Соли ҷорӣ новобста ба маҳдудиятҳои иқтисодию вазъи тандурустӣ, ки монеи содироти молу маҳсулоти кишоварзон ба хориҷ аз кишвар гардида бошад ҳам, аммо хоҷагидорони деҳоти «Қумсангир»-и ноҳияи Ҷайҳун беш аз 200 ҳазор тонна меваю сабзавоти истеҳсолнамудаи худро ба бозорҳои шаҳру вилоятҳои кишвар содир намудаанд.

Тавре, ки раиси Ҷамоати деҳоти мазкур Зоир Идиев дар суҳбат бо мо иброз дошт,дар баробари афзоиши истеҳсоли маҳсулоти аввалияи ниёзи мардум имсол хоҷагидорон аз тамоми навъҳои зироатҳои кишт намудаашон ҳосимли баланд гирифта истодаанд.

- То нимаи аввали моҳи сентябр нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро 35 дарсад иҷро намуда, ният дорем, ки то охири сол ҳосилноки онро ба 28 сентнерӣ мерасонем. Қобили зикр аст, ки дар ҳудуди деҳоти Қумсангир 711 адад хоҷагиҳои деҳқони фаъолият доранд, ки майдони умумии кишти пунбадона дар ин хоҷагиҳо ба 700 гектар мерасонем, - гуфт Зоир Идиев. - Даромади аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ ба сокинони деҷҳот имкон дода ситодааст, ки дар баробари беҳбудии сатҳи рӯзгори хеш инчунин дар рушди деҳу маҳаллаҳо ва ободонии диёри хеш саҳми арзандаи худро гузоранд.

Тибқи нақша ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷамоати деҳоит Қумсангир»-и ноҳияи Ҷайҳун 22 адад иншооти гуногуни хизматрасонӣ сохта ба истифода дода мешавад, ки бештари ин лоиҳаҳо бо иқдому дастгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ амалӣ шуда истодаанд.

Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ, ноҳияи Ҷайҳун



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дӯстӣ: Оғози мавсими пахтачинӣ дар хоҷагии «Эргаш Султонов.

Дӯстӣ: Оғози мавсими пахтачинӣ дар хоҷагии «Эргаш Султонов.

Арсаи кишоварзӣ
КАРТОШКА АРЗОН МЕШАВАД

КАРТОШКА АРЗОН МЕШАВАД

Арсаи кишоварзӣ

ЗАМИНРО САМАРАНОК ИСТИФОДА БАРЕМ

Ҳокимияти давлатӣ

Ҷайҳун. Азми истеҳсоли 3,5 ҳазор тонна лимӯ ва 33000 тонна сабзӣ

Арсаи кишоварзӣ

Ҷайҳун. Саҳми мардум дар корҳои бунёдкориву созандагӣ зиёд мегардад

Хабарҳо