Дар як сатр
» » 100 НАФАР СОҲИБИ ҶОЙИ КОР ШУДАНД

100 НАФАР СОҲИБИ ҶОЙИ КОР ШУДАНД

2-10-2020, 23:59

Дар мавзеи Кулчашмаи Болои ноҳияи Муъминобод бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Ҷумъахон Қиматов ду корхонаи нави саноатӣ - коркарди шир ва меваю сабзавот ба кор даромад. Дар сохтмони ин иншоотҳо қариб 3 миллион сомонӣ масраф гардид.

Дар корхонаҳои навбунёд беш аз  100 нафар бонувони ҳафт деҳаи гирду атроф кор мекунанд. Маҳсулоти аввалини корхонаҳо дар рӯзи ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Муъминобод истеҳсол гардид. Дар корхонаи коркарди шир 15 навъ ва дар корхонаи меваю сабзавот 22 номгӯи маҳсулот бароварда мешаванд. Аҳолии деҳоти ноҳия аз он шоданд, ки бо нархҳои қулай шир, дуғ, мева, сабзавот, картошкаи истеҳсолкардаашонро ба ин корхонаҳо месупоранд ва зисту зиндагиашон беҳбудӣ меёбад.

Рӯйдоди  дигари хурсандибахш он аст, ки муассисони корхонаҳо дар 1 гектар боғи интенсивӣ бунёд кардаанд, ки он се сол пас ҳосили фаровон хоҳад дод. Боз 2 гектар замини санглохро ба замини кишт омода намуда истодаанд ва дар он бодиринг, помидор, боимҷон, қаланфур, каду, лӯбиё хоҳанд корид.

Дар корхонаҳо мутахассисони маҳал-лии маълумоти олидор-технологҳо Розиямо Ҳомидзода, Иброҳим Рабиев барин 6 нафар ҷавонони болаёқат рӯи кор омадаанд, ки ин боиси  ифтихор аст. Солона дар ин ҷо ба маблағи 10-12 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат бомуваффақият иҷро шуда истодааст. Айни ҳол дар ноҳия 15 корхонаи саноатӣ фаъоланд.

 

Нурулло Ҳасанов,

рузноманигор



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ ШУҲРАТИ ПЕШИНИ САНОАТРО БАРҚАРОР КАРДАНИАНД

Арсаи кишоварзӣ

Хуросон. 1600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо нигоҳдорӣ мешавад

Арсаи кишоварзӣ
Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот д ...

Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот д ...

Хабарҳо
Истеҳсолот афзун, аммо қонеъкунанда нест

Истеҳсолот афзун, аммо қонеъкунанда нест

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Соли 2015 дар Хатлон корхонаҳои азими саноатӣ бунёд мешаванд

Соли 2015 дар Хатлон корхонаҳои азими саноатӣ бунёд мешаванд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА