Дар як сатр
» » АЗ МУОИНАИ РЕНТГЕНӢ ГУЗАШТАНД

АЗ МУОИНАИ РЕНТГЕНӢ ГУЗАШТАНД

2-10-2020, 23:56

Аз тарафи Муассисаи давлатии беморхонаи бемориҳои сил дар вилояти Хатлон тавассути нақлиёти махсуси сайёри рентгении рақамӣ 120 нафар афсарон ва сарбозони қисми ҳарбии 45989-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташхис гузаронида шуданд.

Бино ба иттилои Муродҷон Муидинов, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҲФМГ дар вилояти Хатлон, ташхисҳо нишон доданд, ки вазъи саломатии хизматчиёни қисми ҳарбӣ хуб буда, дар байни сарбозону афсарон ягон ҳолати бемории сирояти COVID-2019 ба қайд гирифта нашудааст.

Ҷиҳати фаҳмондадиҳӣ ва пешгирӣ аз вируси COVID-19 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон корҳои тарғиботиро пурзӯр намуда, дар ин замина силсилаи чорабиниҳо ба роҳ монда шудааст. Дар даромадгоҳҳо маҳлулҳои антисептикии безараргардонӣ гузошта шуда, тавассути ҳароратсанҷ таби бадани сарбозон ва афсарон санҷида мешаванд. Ҳамзамон, ба Раёсат ва қисми ҳарбӣ ворид шудан бе ниқоби муҳофизатӣ қатъиян манъ аст.

 

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҚАДРДОНИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

ҚАДРДОНИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ

Марди 54 - соларо аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Ҳуқуқу амният
Машқи махсуси тактикӣ дар КВД «Пойгоҳи боркашӣ»

Машқи махсуси тактикӣ дар КВД «Пойгоҳи боркашӣ»

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Кӯдаки 8-соларо аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Кӯдаки 8-соларо аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ
СҲФ-и ноҳияи Носири Хусрав ҳушдор медиҳад

СҲФ-и ноҳияи Носири Хусрав ҳушдор медиҳад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология