Дар як сатр
» » ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ ФАЪОЛ МЕГАРДАД

ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ ФАЪОЛ МЕГАРДАД

2-10-2020, 23:55

Дар шаҳри Бохтар дар доираи фаъолият ҷиҳати дастгирии Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати ВКД дар вилоят Лоҳутӣ Шоназаров, роҳбари гурӯҳи кории Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати ВКД дар вилоят Ш. Баротов, ҳамоҳангсози барномаҳои ташкилоти ҷамъиятии "Фидокор” Р. Баҳриддинов, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, намояндагони Раёсати ВКД дар вилоят ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Баррасии фаъолияти аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон, роҳу усулҳои фаъолият дар шароити пандемияи бемории сироятии нави коронавирус (KOVID-19), раванди татбиқи "Стратегияи ислоҳоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” аз мавзӯъҳои меҳварии ҷамъомади мазкур ба ҳисоб мерафт.

Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон Лоҳутӣ Шоназаров зимни ифтитоҳи мизи мудаввар зикр кард, дар асоси Стратегияи ислоҳоти милитсия Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2014  Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия ва нақшаи иҷрои он тасдиқ шудаанд. Тибқи Низомнома дар бораи Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ соли 2015 ҳайати Шӯроҳои ҷамъиятии назди ВКД, инчунин назди Раёсату шуъбаҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ба фаъ-олият шурӯъ карданд. Аз ҷумла, Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  вилояти Хатлон пайваста дар ҳамбастагӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ мулоқоту вохӯриҳо доир менамоянд.

Роҳбари гурӯҳи кории Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати ВКД дар вилоят Шаҳриёр Баротов доир ба мушкилот дар фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ дар назди шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар давраи пандемия маърӯза кард. Мавсуф қайд дошт, ки бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирӣ аз пайдоиш, интиқол ва паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус, баргузории ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ, ҷамъомаду маҷлисҳо, конфронсу мизҳои мудаввар бо иштироки шумораи зиёди одамон маҳдуд шуда буд. Бинобар ин, дар ин муддат фаъолияти аъзои Шӯроҳои ҷамъиятӣ ба таври онлайн ҳамоҳанг шуда, тариқи шабакаҳои интернетӣ корҳои оммафаҳмонӣ ва тарғиботӣ пеш бурда шуд. Дар ин замина, аҳолӣ ба Шӯрои ҷамъиятӣ эътимод пайдо карда, фаъолона муроҷиат менамоянд ва  ба масъалаҳои ҳалталаби худ маслиҳатҳои муфид мегиранд.

Дар мизи мудаввар иштирокчиён доир ба саҳми аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирӣ аз гус-тариши бемории сироятии коронавирус (KOVID-19) табодули назар карданд. Қайд гардид, ки онҳо дар сатҳи маҳал бо мардум перомуни зарурати риояи ҳатмии тавсияҳои табибон, истифода аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, шустани дасту рӯй бо собун, истифода аз маҳлулҳои антисептикӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд. Аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятии "Заршедабону”, "Бонувони Панҷ” ва дигар аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ба қишрҳои ниёзманди аҳолӣ ниқобҳои бисёркарата ва маводи антисептикӣ тақсим карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, пеш аз ҳама, мусоидат намудан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба милитсия, таъмини иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҳамаи марҳилаи ислоҳоти милитсия мебошад.

Зеро маҳаки асосии ислоҳоти милитсияро   ҳамкории зичи мақомот бо ҷомеа ташкил намуда, зимни пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо он бо манфиат аст. Аз имкониятҳои аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода бурданд. 

Дар мизи мудаввари Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, инчунин, қайд гардид, ки   дар марҳалаҳои амалисозии ислоҳоти сохтори давлатӣ ислоҳоти мақомоти корҳои дохилии кишвар ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани фаъолияти онҳо   мунтазам идома дода шуда, дар баробари дигар сохторҳои низомии кишвар мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз ба мақомоти дорои нуфузу эътибори хосса ва мактаби муҳимми ба камол расонидани муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ табдил ёфтаанд.

 

Ҳангомаи ИСМАТ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ АМАЛӢ МЕГАРДАД

ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ АМАЛӢ МЕГАРДАД

Ҳуқуқу амният
Намояндагони Шӯрои ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон дар Хатлон

Намояндагони Шӯрои ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА