Дар як сатр
» » ЗИЁИЁН ДИДАИ БЕДОРИ МИЛЛАТАНД

ЗИЁИЁН ДИДАИ БЕДОРИ МИЛЛАТАНД

2-10-2020, 23:55

Омӯзгор як умр худ меомӯзад ва дигаронро меомӯзонад. Худ дар гирди шамъи илму маърифат бо тамом месӯзаду ба дигарон илму дониш медиҳад, тарзи зиндагӣ карданро меомӯзад. Худро дар роҳи илму дониш ва мактабу маориф фидо месозаду барои дигарон чароғи маърифатро доимӣ фурӯзон нигоҳ медорад.

Омӯзгор   пайвандгари маънавии наслҳои инсонӣ буда, сиришти ҳар як шахсро аз баҳри беканори ахлоқи ҳамидаи инсонӣ пуроб намуда, илму дониш, маорифу фарҳанги миллатро ба силсилаи пешқадами тамаддуни умумибашарӣ пайваст менамояд. Омӯзгори асил касест, ки фикри миллати хешро бедор, ахлоқи ӯро поку зебо ва ақли ӯро ташаккул ва рушд медиҳад.

Аз ин рӯ, омӯзгорро ҳамчун таълимдиҳандаву тарбиятгар метавонем пойдевори бақои қавму миллат, эҷодгари арзишҳои муқаддаси заминаи устувор ва рушду пешравии кишвару миллат эътироф намоем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сифати омӯзгор фармудаанд: «Тарбия ва ташаккули хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар насли наврас, насле, ки пояи илму фарҳанг миллатро ба силсилаи пешқадами тамаддуни ҷаҳонӣ пайваст менамояд, ба устодону омӯзгорон вобаста аст».

Воқеан, омӯзгор дар навбати аввал, афрӯзандаи чароғи илму дониш аст. Мутафаккирони бузурги гузаштаи мо дар бораи меҳнати пурмашаққати устоду омӯзгор дар  тарбияи насли наврас баҳои баланд дода, гуфтаанд:

Тарбият чист? Хок зар кардан,

Қатраи обро гуҳар кардан.

Омӯзгор дар раванди тарбияи шогирдони хеш, пеш аз ҳама, худ бояд   намунаи ибрат бошад. Ӯ бояд инсони хоксору хушгуфтор, нуктасанҷ, хирадманду дурандеш, инсонпарвару ватандӯст буда, зиндагии ибратомӯз дошта бошад. Дар баробари дар қалби шогирдон афрӯхтани шуълаи илму дониш ва маърифат дар мазраи қалбашон ҳисси одаму одамгарӣ, ихлоси зиндагиомӯзӣ, меҳру муҳаббат, некиву некукорӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносиву худогоҳиро бипарварад.

Омӯзгори асил дар давоми тамоми фаъ-олияти педагогиаш ба он ҳаракат мекунад, ки илму донишро ба шогирдон на дар намуди тайёр диҳад, балки ба онҳо роҳҳо ва тарзу усули мустақилона ҷустуҷӯ намудани донишандӯзиро нишон диҳад, яъне, муаллим ҳамеша дар талоши он аст, ки шогирдони ӯ бо завқу ҳаваси баланд, озодона, мустақилона ва эҷодкорона илму дониш гиранд. Ин аст яке аз он роҳҳои дурусте, ки омӯзгор шогирдони худро ба он ҳидоят мекунад.

Муаллими асил умри азизу ширини хешро сарфи таълиму тарбияи шогирдон намуда, дар ҷавоби заҳмату ранҷҳои шабонарӯзӣ барои худ чизеро талабгор нест. Барои ӯ, тарбия намудани шогирдони ҳаматарафа ташаккулёфтаи миллат аз ҳама чиз муҳим аст.

М. Маҷидов, 

омӯзгори ФДҶТИБКСМ-и

шаҳри Бохтар



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ДАР ДДБ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ДАР ДДБ

Маориф ва илм

АЗ ОМӮЗГОРӢ ОБРӮ ЁФТАМ

Маориф ва илм

Муаллим равшангари дилҳо ва чароғи маърифат аст

Маориф ва илм
Рисолати омӯзгор

Рисолати омӯзгор

Маориф ва илм
Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан нақши арзанда дорад

Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан нақши арзанда дорад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ