Дар як сатр
» » ДАВЛАТИ МУАЛЛИМ ТАРБИЯИ ДУРУСТИ ШОГИРДОН АСТ

ДАВЛАТИ МУАЛЛИМ ТАРБИЯИ ДУРУСТИ ШОГИРДОН АСТ

2-10-2020, 23:54

Устод бузургтарин кас аст, дар ҳоле ки бо асосҳои илм мусаллаҳ бошаду тибқи он амал кунад. Омӯзгори асил, ки ҳидояткунандаи башарият ба роҳи рост аст, Худованд ӯро дӯст медораду намегузорад хор гардад. Тобиши зиндагӣ собит месозад, ки давлати муаллим тарбияи дурусти шогирдон аст.

Соли 2005 ба ҳайси омӯзгори кафедраи навтаъсиси рӯзноманигории факултети филологияи  тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба кор даъват шудам. Роҳбарии факултетро профессор Искандар Икромов ба уҳда дошт. Маро дидан замон пурсиданд: "Ба кор омадӣ? Хеле дер омадӣ, вале кори нағз кардӣ, акнун зиёд кор карданат  даркор”.

Давоми фаъолияти корӣ, рӯзе, ҳангоми дар кафедра будан, устод Икромов, ки он замон мудири кафедра буданд, гуфтанд: "Вақти он расидааст, ки мавзӯи кори илмӣ интихоб намуда, ба кори таҳқиқӣ машғул шавӣ, ман худам роҳбарӣ мекунам”. Ман барои боварӣ ба устод ташаккур баён намудам. Бо кумаки  устод нақшаи  кори  таҳқиқиро тахминан  муайян  намудем, вале барои  корро  оғоз намудан  адабиёти  заруриро дастрас   карда  натавонистем. Мавзӯи  кори таҳқиқии мо "Мақоми Абдуллоҳи Мисраъ дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” унвон дошт. Азбаски шоири камомӯхтаи Роғи Бадахшони Афғонистон буд, адабиёти мавҷудбударо низ  танҳо  аз  Афғонистон  дастрас кардан  мумкин  буд. Вазъияти ноороми  Афғонистон  ба  ҳама  маълум буд.  Бо  чандин нафар  шахсоне,  ки ба  кишвари  ҳамсоя рафтуомад  доштанд, суҳбат  намудем, вале ҳамааш  бе  натиҷа меанҷомид. Хостам мавзӯи таҳқиқиро дигар намоям ва ба устод  инро расонидам,  вале  устод: "Саросема  нашав, сабр кун, илоҷашро меёбем”, гуфтанд. Аз байн чанде нагузашта устод маро даъват намуду илоҷи корро ёфтанашро хабар дод. «Ягона  роҳ бо Шарофиддин Имомов - сафири вақти Тоҷикистон дар Афғонистон дар тамос шудан лозим аст. Боварӣ дорам, ки  танҳо ба  воситаи ин шахсияти барҷаста адабиёти лозимаро дастрас  кардан  мумкин, чунки вай ба қадри илму таҳқиқ мерасад», маслиҳат дод устод.

Баъди дастрас намудани рақами телефон  ба  Шарофиддин Имомов занг  зада, мақсади  ташвиш доданро фаҳмонида,  хоҳиш намудам илоҷе карда, девони Абдуллоҳи  Мисраъро биёранд.

Хушбахтона, дар рӯзҳои    ҷашни Наврӯз, ҳангоми ба  ватан омадан, Шарофиддин Имомов «Куллиёти девони Мисраъ»-ро   бо худ овард. Ифтихор дорам, ки бо кумаку маслиҳатҳои устоди раҳнамо, падари маънавӣ Искандар Икромов мавзӯи таҳқиқиамро ҳимоя намуда, номзади илмҳои филологӣ гардидам.

Устод муаллифи рисолаҳои "Абулфараҷи Рунӣ ва баъзе масъалаҳои сабки ироқӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик” (Душанбе, Ирфон, 1991), "Мақоми Анварӣ дар таърих ва инкишофи жанри қасида” (Душанбе, Ирфон, 1992), "Дар ҷустуҷӯи шуарои Роғ” (Душанбе, Кишоварз, 2008) ва зиёда аз 200 мақолаи илмию методианд. Соли 2012 бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Устод айни замон дар донишгоҳ ба ҳайси профессори кафедраи адабиёти тоҷики факултаи филология фаъолият дорад. Давоми фаъолияти худ шогирдони зиёдеро тарбия намуда, соҳибихтисос гардонидаанд. Пайваста ба онҳо таъкид мекунанд, ки илм одамони тасодуфиро намепарастад.

- Илм шахсро донову кордон месозад ва ҳам масъулиятшинос мекунад, зеро роҳи илм пурпечутобу пурмашаққат аст ва на ҳар кас мушкилии ин роҳро паси сар карда метавонад. Шахси илмҷӯ бояд таҳаммулпазир, пурсаб-ру тоқат ва муҳимтар аз ҳама, ҳамеша дар ҷустуҷӯву омӯзиш бошад, - мегӯяд И. Икромов.

Азбаски худи ӯ ин роҳро босаброна тай намуда, ба қуллаҳои баланди илм расидаанд, шогирдонро низ дар ҳамин рӯҳия тарбия намуда, ба омӯзишу таҳқиқоти нав ба нав ҳидоят менамояд.

 

Р. Қурбонова,

номзади илмҳои филологии ДДБ ба номи Носири Хусрав



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

АЙНӢ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

АЙНӢ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Фарҳанг ва адабиёт

Босмачӣ ва ҲНИ

Хабарҳо
Саҳме дар илми кишваршиносии адабии тоҷик

Саҳме дар илми кишваршиносии адабии тоҷик

Чеҳранигорӣ, Маориф ва илм
МАҲФИЛИ РӮДАКИХОНӢ

МАҲФИЛИ РӮДАКИХОНӢ

Фарҳанг ва адабиёт
Таҷлили 1160-солагии рӯдакӣ дар ддб

Таҷлили 1160-солагии рӯдакӣ дар ддб

Фарҳанг ва адабиёт