Дар як сатр
» » ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ-ПОЙДЕВОРИ ДАВЛАТДОРӢ

ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ-ПОЙДЕВОРИ ДАВЛАТДОРӢ

2-10-2020, 23:53

Забони давлатӣ - пойдевори  давлатдорӣ буда, барои ҳар як миллате, ки забони худро эмин нигоҳ медорад, метавонад дар байни дигар миллатҳо худро устувор намояд. Таърих гувоҳ аст, ҳар як миллате, ки давра ба давра инкишоф меёфт, ба мақсади аз парокандагӣ нигоҳ доштани миллату забони худ, бо азму талошҳои зиёд давлати худро ташкил медод. Чун анъана дар арсаи сиёсат давлате, ки ташаккул меёбад, аввал, забони давлатиро мустаҳкам менамояд. Зеро забони давлатӣ яке аз унсурҳои давлатдорӣ ва идоракунии давлатӣ буда, он бояд мустаҳкам ва ҳифз гардад.

Баъд аз ҳазор сол миллати тоҷик давлати худро аз нав бунёд намуд, ки дар он забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ эътироф гардид.

Аз нигоҳи ҳуқуқӣ забони давлатӣ (расмӣ) - забонест, ки барои он дар давлати муайян ё дар қаламрави дигари қонунан муайяншуда мақоми олии ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун нисбат ба забонҳои дигаре, ки дар ин қаламрав истифода шуда метавонанд, қонунӣ ба расмият дароварда шудааст.

Барои фаҳмидани вазифаҳои асосии забони давлатӣ, аз назарияи давлат ва ҳуқуқ се мафҳумро муайян кардан лозим аст, ки ба сохтори мантиқии давлат дохил мешаванд: миллат, ҷомеа ва қудрат. Миллат  ҷамъияти одамоне мебошад, ки таърихан дар қаламрави муайяни ҷуғрофӣ зиндагӣ мекунанд ва бо се хусусияти асосӣ аз халқҳои дигар ҷудо шудаанд: фарқиятҳои ҷисмонӣ, забон ва фарҳанг- омезиши анъанаҳо, санъат ва тарзи ҳаёт. Ҷамъияти мутамаддин иттиҳоди миллатҳои гуногун (халқҳо) мебошад, ки дар   қаламрави ягона зиндагӣ мекунанд ва ба ҳокимияти ягонаи давлатӣ тобеанд.

Забони давлатӣ ин мафҳуми ҳуқуқӣ аст. Он дар ташкили сиёсии ҳаёти ҷомеа истифода бурда мешавад. Забони давлатӣ мақоми ҳуқуқии давлатро дорад ва ё забони давлатӣ, воқеан, вазифаи асосиро дар як кишвар иҷро мекунад.

Забони давлатӣ ин забонест, ки бо он Конститутсия қабул карда шудааст.

То соли 2009 Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 амал мекард. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ба кишвари навбунёди  тоҷикон зарур омад, ки тамоми унсурҳо давлатдориро аз нав ба куллӣ тағйир дода, ба сифати навини ҷаҳонишавӣ мутобиқат кардани сиёсати кишварамон ва пойдор нигоҳ доштани забони давлатӣ қонуни нав "Дар бораи забони давлатӣ” қабул намояд. Бинобар ин, 5 октябри соли 2009  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатӣ” қабул карда шуда, дар асоси он истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатӣ, яъне  забони тоҷикӣ таъмин карда мешавад.

Тибқи Қонуни мазкур забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.

Бо дастгирии Пешвои муаззамаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи забони давлатӣ, ки дар феҳристи рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст,  ҳамасола бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. 

Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми мардуми кишвари азизамонро бо ҷашни Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, хоҳони онам, ки забони давлатӣ ҳамавақт ҳамчун рамзи давлату давлатдории тоҷикон пойдор бошад.

Рустам Мирзозода,

раиси Суди вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «ЗАБОНИ  МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ»

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ»

Хабарҳо

Қонуни забони давлатӣ риоя карда шавад

Ҳокимияти давлатӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР

Шоҳсутуни миллат забони модарист

Фарҳанг ва адабиёт
Ҳар сешанбе – Рӯзи забони тоҷикӣ

Ҳар сешанбе – Рӯзи забони тоҷикӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм
Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА