Дар як сатр
» » КОРРУПСИЯ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

КОРРУПСИЯ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

2-10-2020, 23:52

Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обурӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии  ҷомеа мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон

Яке аз масъалаҳои харобкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи масъалаҳои иқтисодӣ коррупсия ба шумор меравад. Ин бадбахтии оламшумулро дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон - илм, фарҳанг, бонкдорӣ, хариду фурӯши коғазҳои қиматнок, молия, хоҷагидорӣ ва ҳатто варзиш мушоҳида менамоем.

Имрӯз ин зуҳуроти номатлуб дар кишвари мо низ доман паҳн намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала бетараф набуда, 25 июли соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро қабул намуд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 10-уми январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар ин замина қонуну қарор ва дигар санадҳои муҳим интишор ёфтанд.

Боиси қайд аст, ки амалҳои корруп-сионӣ бештар дар байни кормандони давлатӣ ва шахсони мансабдор мушоҳида мешавад. Онҳо аз ваколатҳои хизматӣ истифода бурда, амалҳои нопоки худро иҷро менамоянд. Амалҳои коррупсиониро, ҳамчунин, амалҳои «фассод», «ришва», «пораситонӣ», «судхӯрӣ», «хушомад задан»  низ мегӯянд.

Роҳбарияти давлат дар роҳи решакан ва пурра несту нобуд кардани ин амали фассод дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ намуда, тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда истодааст.

Коррупсия дар бахши давлатӣ-кирдорҳои коррупсионӣ, шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳа, муассисаҳо, ташкилот ва корхонаҳои давлатиро дар бар мегирад.

Коррупсия дар бахши  хусусӣ аз он лиҳоз ҷой дошта метавонад, ки хизматчиёни ташкилоти тиҷоратӣ ва ҷамъиятӣ захираҳои шахсан ба онҳо тааллуқдоштаро ихтиёрдорӣ намуда, имконият дорад ин ваколатҳоро ба манфиати шахсӣ бар зарари ин ташкилотҳо истифода барад.

Аз рӯи самтҳои фаъолият коррупсия ба шаклҳои зерин ҷудо мешавад:

-дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ;

-дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

- дар сохторҳои низомӣ;

-дар соҳаҳои андоз ва гумрук, тандурустӣ, маориф, манзилӣ-коммуналӣ, кишоварзӣ ва ғайра.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки коррупсия бояд дар қонунгузории ҷиноӣ ва маъмурӣ ба таври пурра ҷой дода шуда бошад. Зеро ҳолатҳои коррупсионие дида мешавад, ки он ба ҷазои ҷиноӣ рост наомада, барои ин гуна ашхос ҷазои маъмурӣ таъйин намуда, аз вазифаи хизматӣ озод карда мешаванд. Дар самти пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои коррупсионидошта  аз иштироки васеи аҳолӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаи ахбори омма васеъ истифода намуда, оқибатҳои ин мушкилоти ҷомеаи ҷаҳониро ба шаҳрвандон фаҳмондан лозим аст.

Аз  ҳама ҷиноятҳои  хусусияти коррупсионидошта ин додани пора, гирифтани пора ва дигар амалҳое, ки ба муқобили ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизматӣ дохил мешаванд, ҳисоб меёбанд. Барои решакан намудани коррупсия мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Меҳрубони ҶумЪа,

муаллими кафедраи фанҳои

умумитахассусии коллеҷи милитсия



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДАР МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ БЕТАРАФ НАБОШЕМ

ДАР МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ БЕТАРАФ НАБОШЕМ

---
КОРРУПСИЯ - ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

КОРРУПСИЯ - ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

Муқовимат бо корупсия

МУЛОҚОТ ОИД БА ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ

Хабарҳо
Дар муборизаи зидди коррупсия бетарафӣ нашояд

Дар муборизаи зидди коррупсия бетарафӣ нашояд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Дар мубориза ба муқобили коррупсия бетараф набошем

Дар мубориза ба муқобили коррупсия бетараф набошем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо