Дар як сатр
» » ДЕҲАИ УТАҚАРА РУШД МЕКУНАД

ДЕҲАИ УТАҚАРА РУШД МЕКУНАД

2-10-2020, 23:49

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Қаблаи Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён корҳои созандагиву ободонӣ бо саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ ва муҳоҷирони меҳнатии бурунмарзӣ бомаром идома дорад.

Тибқи иттилои раиси маҳалла Тимур Тӯлаганов, роҳи мумфаршгардида беш аз 2 километр буда, дар ин кор ҳудуди зиёда аз як миллион сомонӣ маблағ масраф гардидааст.

-Ин роҳ солҳои зиёд таъмирталаб буду дар ҳаракати воситаи нақлиёт, алалхусус дар фасли зимистон, мушкилот эҷод мекард. Ба ҳамин хотир, мо тасмим гирифтем, ки иқдоми мазкурро дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунаҳои мардумӣ ва 29-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ба истифода диҳем, ки он солҳои тӯлонӣ барои воситаҳои нақлиёт ва худи сокинон хизмат хоҳад кард,-афзуд Тимур Тӯлаганов.

Қайд кардан ба маврид аст, ки асфалти гарм аз корхонаи асфалтбарории ноҳияи Дӯстӣ дастрас гардида, ҷиҳати босифат ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои стандарти роҳсозӣ анҷом додани ин иқдоми ободонӣ мутахассисони МДНРА ноҳияи Қубодиён, ширкати сохтмонии ҶДММ "Собирсам"-и шаҳри Бохтар ва техникаҳои муосири соҳа равона гардиданд.

Зимнан, инро ҳам бояд қайд кард, ки ин аввалин иқдомоти созандагӣ дар деҳоти Утақараи ноҳияи Қубодиён набуда, дар муддати ду соли охир, бо саҳмгузори муштараки соҳибкорони маҳаллӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ варзишгоҳи замонавӣ барои футболи хурд бо маблағи 300 ҳазор сомонӣ, 6 синфхонаи иловагӣ бо харҷи 250 ҳазор сомонӣ, нуқтаи шустушӯи нақлиётӣ, кошонаи ҳусн, нуқтаи хизматрасонии бонкӣ ва дигар иншооти барои сокинони деҳот зарурӣ бунёд гардидааст. Баробари муҳайё гардидани шароити мусоиди кору хизматрасонӣ, ҳамчунин, чандин нафар сокинони маҳал бо кори доимиву мавсимӣ таъмин шуданд.

Бояд гуфт, ки чунин як пешравии назаррас дар деҳот маҳсули сафарҳои намояндагони вилояти Хатлон ба Россия мебошад. Онҳо, аз ҷумла, моҳи феврали соли 2020 ба шаҳри Екатеринбург сафар карда буданд, ки ҳадаф аз ҷалби ҳарчи бештари соҳибкорони бурунмарзӣ, диаспорҳо барои ҳисса гузоштан дар ободонии як гӯшаи диёри ватан буд.

Дар ҷараёни баргузории вохӯриҳо, ки бо иштироки муовини раиси вилоят гузашт раисони шаҳру навоҳии Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, муовини раиси ноҳияи Қубодиёну сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Сибири Россия сухан ронданд. Мавзӯи асосии вохӯриро корҳои созандагию ободонӣ, ҷалби ҳамватанон ва сармоягузориҳо барои пешрафту тараққиёти ватани маҳбубамон ташкил медод.

Фирдавс УМАРОВ,

коромӯзи «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ОБОДКОРИҲО ДАР ДЕҲОТИ САНГТӮДА

ОБОДКОРИҲО ДАР ДЕҲОТИ САНГТӮДА

Ҳаёти иҷтимоӣ

РОҲҲО БУНЁДУ НАВСОЗӢ МЕШАВАНД

Ҳаёти иҷтимоӣ

ҲАМАДОНӢ. 196 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

Ҳаёти иҷтимоӣ

Кӯлоб: ИФТИТОҲИ ИНШООТҲО БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ

Ташаббуси соҳибкорони Кӯшониён

Хабарҳо