Дар як сатр
» » БИБИҲАНИФА КАСБ МЕОМӮЗОНАД

БИБИҲАНИФА КАСБ МЕОМӮЗОНАД

2-10-2020, 23:47

Ҳарчанд ки бо амри тақдир ӯ дар даврони тифлӣ аз сабаби пайдошавии беморӣ дар сутунмуҳрааш  аз роҳ рафтан маҳрум гашт, вале аз зиндагӣ дилмонда нашуд. Ҳаётро дӯст дошт. Дар хонавода дӯстдошта буд, таҳти ғамхории давлату Ҳукумат қарор дошт. Имрӯз пиру барнои деҳаи Обимукӣ аз он меболанд, ки чунин нафари боистеъдоде дар маҳалли хеш доранду фарзандонашон дар назди ин бонуи пурҳунар соҳиби касб мегарданд.

Бузургон ҳунарро қиматтар аз ганҷ донистаанд. Ҳар як ҳунарманд дар зиндагӣ соҳиби нон асту ҳам ному эҳтиром. Ба хусус дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат, ки мақоми зан дар ҷомеа аз ҷониби Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфт, бонувони  ватандӯст тавонистанд дар рушди мамлакат саҳми  хешро бештар гузоранд. Имрӯзҳо фаъолияти занон дар соҳаҳои мухталиф баръало мушоҳида мегардад.

Бибиҳанифа Бабоалиева бонуи чирадасти деҳаи Обимукии ноҳияи Ёвон буда, муддати 20 сол мешавад ба касби дӯзандагӣ машғул аст. Ӯ дар тарбия ва соҳибкасб намудани насли ҷавон саҳми хоса дошта, ҳамасола 6-7 нафар сокинон аз ӯ касби дӯзандагиро омӯхта, соҳиби ин ҳунар мегарданд.

-Шогирдон дар давоми 6-7 моҳ тамоми нозукиҳои ин ҳунарро аз худ менамоянд. Худашон мустақилона дар хонаҳои худ ба ин касб машғул мешаванд, гуфт, бонуи ҳунарманд Бибиҳанифа.

Бибиҳанифа ин ҳунари мардумиро худомӯзӣ намуда,  аз соли 2000-ум инҷониб ба ин ҳунар машғул асту аз ҳамин шуғл  нон мехӯрад. Ӯ рӯзона ба дӯхтани қуроқӣ ва либосҳои муштариён  машғул мешавад, шабҳо бошад, ба гулдӯзӣ. Бо ҳунарҳои дастиаш муштариёни худро пайдо кардааст. Аз шаҳри Душанбе харидорони зиёде пайдо кардааст ва пайваста аз ӯ хабар мегиранду либосҳои хоста-ашонро фармоиш медиҳанд. Бибиҳанифа кӯшиш мекунад то фармоишҳоро табъи дили муштариён иҷро намояд.  Сирри сермуштарӣ будани ин бонуи ҳунар аз ҷониби дигар дар хушгӯиву табиати ороми ӯст.

Зиёда аз даҳ намуди қуроқӣ медӯзад, ки мухлисони ин навъи ҳунар  низ зиёд мебошанд. Тамоми куртаҳои миллиро бо ҳар тарҳе, ки пешниҳодаш  созанд дар муддати муайян дӯхта, ба муштарӣ мерасонад. Дар дӯхти либосҳои аврупоӣ низ маҳорати зиёд дорад. Дар намоишгоҳҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ пайваста қуроқӣ ва гулдӯзиҳояш ба  намоиш гузошта мешаванд.

Бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунарҳои қадимӣ, ки наздик ба фаромӯшӣ равад, диққати махсус дода шуд. Ин ҳама аз таваҷҷуҳи ғамхориҳои Пешвои миллат даст додааст.

Бону Бибиҳанифа миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда, шукрона аз он мекунад, ки дар чунин давлати тинҷу ором умр ба сар бурда, метавонад дар хона кор кунаду зиндагиашро пеш барад.   Бибиҳанифа Бабоалиева соли 2019 бо пешниҳоди лоиҳаи «Коргоҳи дӯзандагии ҳунарҳои мардумӣ» ғолиби озмуни гранти раиси вилояти Хатлон гардида, ба гирифтани 8 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва ифтихорнома сазовор дониста шуд. Ӯ дар баробари ҳунармандиаш ба корҳои сабуки хона низ машғул мешавад.  

Бибиҳанифа мегӯяд, ҳар зан бояд соҳиби ҳунар ё касбе бошад, то ояндаи худро сохта тавонад.  Ба он занону духтароне, ки рӯзҳои худро ба бекорӣ сарф мекунанд, тавсия медиҳад, ки касб омӯзанд, ҳунар аз худ кунанд ва зиндагии ширине дош-та бошанд, то муҳтоҷи касе нагарданд.

Наҷибуллои Бегмаҳмад,

рӯзноманигор-магистрантура, бахши 1



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

УСТО УСМОН: «ШУКРОНАИ ВАҲДАТ, БА РӮЗИ НЕК РАСИДЕМ»

УСТО УСМОН: «ШУКРОНАИ ВАҲДАТ, БА РӮЗИ НЕК РАСИДЕМ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Соҳибкасбон ҳамеша соҳибиззатанд

Иқтисоду тиҷорат
Гулбӯй бо дӯхти либоси гулдӯзиаш баҳорро меорад

Гулбӯй бо дӯхти либоси гулдӯзиаш баҳорро меорад

Чеҳранигорӣ
Бонуи ҳунар

Бонуи ҳунар

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Сегоникҳои хуросонӣ чӣ рӯзгор доранд?

Сегоникҳои хуросонӣ чӣ рӯзгор доранд?

Ҳаёти иҷтимоӣ