Дар як сатр
» » ҲУНАРМАНДӢ-ХОСИ ЗАНОНИ ТОҶИК

ҲУНАРМАНДӢ-ХОСИ ЗАНОНИ ТОҶИК

2-10-2020, 23:46

Инсоният, аз замонҳои қадим барои муҳайё кардани шароити рӯзгори худ аз тафаккур ва тахайюли хеш ҳунарҳои гуногунро эҷод намуда, ба насли оянда ба мерос гузоштаанд.

Ҳар як халқу миллат ҳунарҳои хоси худро доранд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.

Ба хотири ҳифзу арзишҳои миллӣ ва муқаддасу гиромӣ доштани ҳунару ҳунармандӣ нишонаҳои ғамхории Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат ба халқу миллат мебошад. 

Яке аз ҳунарҳои дастии занона дӯхтани гулдӯзиҳо дар матои якранг мебошад. Занҳои тоҷик бо дастони худ тоқӣ, куртаи чакан, сӯзанӣ, чодар ва бардевориҳо гулдӯзӣ мекарданд, барҳақ васф намудаанд:

Рӯи махмал риштаи зар мекашӣ,

Осмони пур зи ахтар мекашӣ.

Торҳо аз нури ховар мекашӣ,

Ваҳ чӣ дилбар мекашӣ.

Занони дӯзанда ба қаламзанон ниёз дошта, курта, чодар, болишт ва дигар ҷиҳози зиндагиро ба назди онҳо мебурданд ва баъд бо риштаҳои рангин ин нақшҳоро   зеботару зиндатар мегардониданд.

Чакандӯзӣ дар байни занон ҳунарест, ки дар тамоми мавзеи Тоҷикистони азиз бо падидаҳои хоси маҳал густариш ёфтааст.

Дар рӯи як порча матоъ нақшдӯзӣ ин рангорангии табиати зебои диёри мо  аст.

Ҳунарҳои мардумӣ аз насл ба насл идома ёфта, духтарон аз модарон ҳунарҳои зебои  халқиро меомӯхтанд ва ба кори нек шуғл меварзиданд, аз ҳунари гулдӯзӣ ва ё нақшдӯзӣ ҳунари дигари мардумӣ зардӯзӣ арзи вуҷуд кардааст 

М. Маҷидов,

Омӯзгор



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ТАСДИҚИ РАМЗИ «СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ» ЭЪЛОН ГАРДИД ...

ТАСДИҚИ РАМЗИ «СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ» ЭЪЛОН ГАРДИД ...

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ

Беҳтарин сарояндаи аллаи модар дар «фаровон - қӯрғонтеппа»

Иқтисоду тиҷорат

Нахустин форуми бонувони ҳунарманди Хатлон

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Чакандӯзӣ ваҳдатро қавӣ мегардонад

Чакандӯзӣ ваҳдатро қавӣ мегардонад

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ